РУШДИ НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ

Дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси Вазорати таълими томактабӣ дар мавзӯи «Консепсияи рушди низоми таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030» нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Дар он вазири таълими томактабӣ Агриппина Шин, ҷонишинҳои вазир ва роҳбарони садоратҳои вазорат ширкат варзиданд. 
8 майи соли 2019 бинобар қарори Президент «Консепсияи рушди низоми таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030» ва «Харитаи роҳ» барои соли 2019 тасдиқ гардида буд. Чунонки дар ҳуҷҷат нишон дода шудааст, соли 2030 то 80,8 фоиз бардоштани фарогирии бачагон ба таълими томактабӣ пешбинӣ шудааст, ки айни замон ин нишондод 38,1 фоизро ташкил медиҳад.
Бинобар таъкиди А. Шин: «Консепсияи рушди низоми таълими томактабӣ дар ҳар як шаҳр ва ноҳия нахустин ҳуҷҷате мебошад, ки нишондодҳои дақиқро бинобар миқдори низоми таълими томактабӣ (НТТ) ва бо таълими томактабӣ фаро гирифтани бачагон муайян мекунад. Қадами мазкур шаффофият ва объективӣ будани фаъолияти моро таъмин месозад. Мо бинобар зиёд кардани миқдори педагогҳо, ҳамчунин, саракунӣ, омодасозӣ ва баланд бардоштани малакаи ходимон барои татбиқ кардани муносибатҳои нав корҳоямонро идома медиҳем. Намояндагони вазорат имкони ҳар дақиқа назорат кардани фаъолияти ходимони масъулро надоранд. Барои ҳамин дар ҷойҳо кор кардани инсонҳои соҳибмалакаву бовиҷдон барои мо муҳим аст».
Таъкид гардид, ки дар низоми таълими томактабӣ бисёр ҳолатҳои ришваситонӣ бо масоили хӯрокворӣ вобаста мегарданд. Бинобар аз байн бардоштани ҳолати мазкур корҳои низомнок бурда мешаванд.
Ба сабаби он ки Воситаҳои санитарӣ-гигиенӣ аз ҳисоби буҷети давлат марказонида ва расонда мешаванд. Бинобар ин, дар муассисаҳои томактабӣ аз падару модарон маблағ талаб карда намешавад. Касоне, ки бо ин ҳол дучор мешаванд, метавонанд ба вазорат  тамос гиранд ва ин муамморо дар якҷоягӣ ҳал кунанд.
Дар нишаст зикр шуд, ки вобаста ба камбудиҳое, ки дар НТТ ба назар мерасанд, ходимони ВАО бо вазорат тамос гирифта, масъалаҳои мавҷударо дар ҳамкорӣ омӯхта, ҳаллу фасл намоянд. 
Таъмини кӯдакон бо ғизо нисбат ба вилоятҳо дар шаҳри Тошканд беҳтар буданаш аз ҷониби иштирокдорони тадбир зикр гардид, масъулони вазорат бинобар ин масъала ибрози ақида карданд ва пешниҳод шуд, ки таҳти назорат гирифтани хӯроки бачагон аз ҳар ҷиҳат амре зарурист.
Маълум шуд, ки дар соҳа камбудиҳо ба назар мерасанд, барои зина ба зина баланд бардоштани тарбияи кӯдакон нақшаҳои низомнок андешида мешаванд, то он ки низоми таълими томактабӣ ба соҳаи пешрафта табдил ёбад. Зеро хишти аввали ояндаи дурахшони бачагон дар мактаб не, балки  дар кӯдакистонҳо гузошта мешавад. 
Рӯзноманигорон ба саволҳои худ аз ҷониби роҳбарон ва мутахассисони соҳа ҷавоб гирифтанд. 

Х. ҲАМИДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: