РУШДИ ПОЙДОР — НАТИҶАИ ХИРАДМАНДИИ ХАЛҚ

Баъзе мулоҳизаҳои таҳлилӣ ва хулосаҳо дар хусуси ислоҳоти пайвастае, ки бо ташаббуси номзад аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон — Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев ба амал бароварда мешаванд.

Баъзе мулоҳизаҳои таҳлилӣ ва хулосаҳо дар хусуси ислоҳоти пайвастае, ки бо ташаббуси номзад аз Ҷунбиши соҳибкорон ва  корчаллонон — Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев  ба амал бароварда мешаванд.
Роҳи пешрафти Ӯзбекистони Нав бевосита воқеияти реалиест, ки аз тафаккури инсон, ҷаҳонбинии шаҳрвандон ва сиёсати ислоҳоти бунёдкорона асос ёфтааст. Навовариҳои ҷиддӣ ва дастовардҳои таърихиро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ метавон натиҷаи амалии хиради мардум, нерӯи созанда, зиндагии осоишта, устувор, хушбахтона, боварии қавӣ ба ояндаи бузург таҳти бевоситаи давлат номид.
Ӯзбекистони Нав – макони ислоҳот
     
Якум, тамаддунҳое, ки инсоният аз сар гузаронидааст, нишон медиҳад, ки муштарак будани нуқтаи назар, мақсад ва саъю кӯшишҳои давлат ва мардум боиси тағйироти бузург, навсозии инқилобӣ гардида, ба як падидаи беҳамтои Эҳё табдил ёфтааст. Панҷ соли гузашта ба таърихи чандинҳазорсолаи Ӯзбекистон ҳамчун падидаи комилан нав, мутамаддини чунин дигаргуниҳо ва рушд ворид шуд.
Дуюм, дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ симои замонавии Ӯзбекистони Нав ташаккул ёфт. Мо инро дар як қатор соҳаҳо равшан дида метавонем. Аз ҷумла, ҳодисаи озодгардонии идоракунии давлатӣ, амиқгардонии тамоюли ҳокимияти халқӣ рух дод. Тамоюли конститутсионии «На халқ ба давлат, балки давлат бояд ба халқ хидмат кунад» ба воқеияти ҳаётӣ табдил ёфт. Гуфтан мумкин аст, ки кушода шудани қабулхонаҳои халқӣ дар ин бобат механизми кории босамар гардид. Низоми хидматрасонии давлатӣ, «Равзанаи ягона», хусусан тағйироти инқилобии низоми маҳалла натиҷаҳои воқеии худро дар ҳама сатҳҳо, аз поён то боло нишон медиҳад.
Муроҷиати Президент ба парлумон — паёми мустақими сарвари давлат ба тамоми шаҳрвандон тавассути намояндагони мардум аст, ки ба воситаи муассиртарин ва боэътимоди муколамаи ошкоро табдил ёфтааст. Ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми парлумонӣ ва судӣ имкон медиҳад, ки волоияти Конститутсия ва қонун дар ҷомеа таъмин гардида, принсипҳои адолати иҷтимоӣ амиқтар карда шаванд.
Сеюм, дар ҳокимияти иҷроия дигаргуниҳои ба худ хоси таркибӣ ба амал омад. Барои баланд бардоштани самаранокии ислоҳот ва тақвияти масъулияти ҳар як соҳа вазоратҳо ва кумитаҳои нав таъсис дода шудаанд. Дар системаи ҳокимияти маҳаллӣ тағйироти куллӣ ба амал омада, самтҳои нав ҷорӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, ваколатҳои ҳокимон васеъ карда шуданд. Мустақилии фаъолият таъмин карда шуд.
Чорум, Ӯзбекистон аз лиҳози иқтисодӣ тавонотар мешавад. Боз гардидани конвертатсия, ки солҳои тӯлонӣ мушкил буд, бо ибораи хос ифода намоем,  «завлонаро боз кард». Усул ва шаклҳои нави рушди тиҷорат ба вуҷуд омаданд. Ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо васеъ карда шуданд. Имтиёзҳои гуногуни молиявӣ дода шуданд. Ба вуруди технологияҳои муосиртарини инноватсионии кишварҳои пешрафта роҳи васеъ кушода шуд. Заводу фабрикаҳои нав, ки  маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ серхаридор, содиротбоби рақобатпазир истеҳсол менамояд, сохта мешаванд. Якчанд ҳазор километр роҳҳои автомобилгард сохта ва таҷдид карда шуданд. Сохтмони хатҳои нави метрои Тошканд ҳам аз ҷиҳати меъморию муҳандисӣ ва ҳам аз ҷиҳати ташкили нақлиёти мусофиркашон барои аҳолии пойтахт як ҳодисаи беҳамтои ба худ хос гардид.
Дар соҳаи энергетика дигаргуниҳои калон ба амал омаданд. Сохтмони нерӯгоҳҳои нав дар вилоятҳои Намангон, Бухоро ва Тошканд ва нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ оғоз ёфт. Корхонаҳои мавҷуда реконструкция карда, самаранокии энергия чандин баробар зиёд карда шуд. Тасодуфӣ нест, ки Шавкат Мирзиёев дар мулоқотҳояш бо интихобкунандагони як қатор минтақаҳои кишвар борҳо таъкид кардааст, ки ба сохтмони нерӯгоҳҳои аз лиҳози экологӣ тоза, арзон ва самараноки офтобӣ ва бодӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин ба марҳилаи нави рушди саноати маъдани кӯҳӣ қадам гузошта шуд.
Панҷум, дар соҳаи иҷтимоӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар натиҷаи ислоҳоти ҷиддӣ дар системаи таҳсилоти давомдор тамоюли баланд бардоштани саводнокии умумии ҷомеа самаранок ҷорӣ карда мешавад. Дар панҷ соли охир квотаҳо барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ чор маротиба афзуд. Ихтисосҳои нав, замонавии барои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ӯзбекистон ногузир ҷорӣ карда шуданд. Барои баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини рушди илм чораҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, худи давлат ба татбиқи тадқиқоти бунёдӣ бинобар фанҳои риёзиёт, физика, химия, биология, дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва дастовардҳо ба истеҳсолот ҷорӣ намудани электроника сарпарастӣ мекунад.
Шашум, шахси аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим, аз ҷиҳати маънавӣ баркамол, аз ҷиҳати ақлӣ қавӣ ба ҳама гуна навсозиҳо қодир хоҳад буд. Таъмини саломатии аҳолӣ дар ҷомеа боиси беҳтар шудани рӯҳия, муносибати онҳо ба зиндагӣ мегардад. Бовариашро ба оянда афзун мегардонад. Хоҳиши бо орзуҳои бузург ва ҳадафҳои олӣ зиндагӣ кардан меафзояд. Дар ҷомеа чунин рӯҳияи баланд, кайфияти умуммиллӣ баландтар бошад, тараққиёт суръат пайдо мекунад. Сафарбарии умумӣ ва майли созандагии мардум пурзӯр мегардад.
Соли гузаштаро ба ёд меорем: бо ташаббуси сарвари давлат, дар замоне, ки пандемия барои тамоми башарият хатари бузург дошт, ҳатто кишварҳои пешрафтаро ба иштибоҳ андохт, дар Ӯзбекистон барои мубориза бо ин офати ҷаҳонӣ ва таъмин кардани барқарории қудрати ҷисмонӣ, маънавӣ ва рӯҳии ҷомеа чораҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Чораҳои таъмини кори мураттаби системаи тиббӣ ва сафарбаркунии кадрҳо андешида шуданд. Дар асл, иродаи матин, боварӣ ба давлат, салоҳияти мустаҳками ахлоқиву зеҳнии халқ аз пандемия бартарӣ дошт.

Оила — Ватани кӯчак, маънавияти оила
     
Сарпаноҳ доштан ҳуқуқи табиии ҳар як инсон аст. Аз ин рӯ, механизми комилан нави замонавии сохтмони манзил ва ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камбизоат ҷорӣ карда шуд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои шаҳрвандон манзилҳои арзон сохта шуданд. Дар натиҷа, дар муддати кӯтоҳ чандсад ҳазор оилаҳои камбизоат сарпаноҳдор шуданд. Бо мақсади ҳалли мушкилоти зиндагӣ ва беҳтар кардани шароити зисти онҳо дар маҳалҳо системаи кори «маҳаллабай» офарида шуд. Охир, мушкилоти  сулҳ, субот ва зиндагии фаровон маҳз дар маҳалла ҳал хоҳанд шуд. Ҳар як маҳалла мушкилоташро худаш ҳал кунад, мақомоти маҳаллӣ ба онҳо кӯмак кунанд, тарзи ҳаёти хушбахтона таъмин карда мешавад.
Ҳар як оила — давлат. Давлат оилаи калон аст, ба ибораи дигар, як давлати хурд дар дохили як давлати хурд. Он дорои муҳити маънавии худ, фазои иқтисодӣ, аҳамияти иҷтимоӣ мебошад. Он қонунҳо ва талаботи худро дорад. Ин муҳити оилавӣ гаҳвора ё сарчашмаи ташаккули инсон, камолоти маънавӣ ва руҳӣ мебошад. Ҳар як кӯдаки таваллудшуда аввал дар муҳити оила тарбия меёбад. Вақте ки аз остона ба кӯча мебарояд, вай ба ҳамсолони худ ҳамроҳ шуда, оҳиста-оҳиста ҷаҳонро дарк мекунад. Вай зери таъсири аввалин маълумот ва таассуроте, ки дар кӯча мегирад, зиндагӣ мекунад ва моҳияти иҷтимоӣ пайдо карда, ба Шахс табдил меёбад.
Ӯзбекистони Нав дар раванди тағйироти ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои барномаи беназири таҷдиди иҷтимоиву сиёсӣ ва маънавӣ мақоми хоса касб кард. Бояд қайд кард, ки корҳои фавқулоддаи васеъмиқёс бо тамаддуни муосири ҷаҳонӣ муштараканд.
Дар Ӯзбекистон консепсияи покшавии маънавию руҳӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, тарбияи авлоди ба анъанаҳои ворисӣ содиқ ва дар амал ҷорӣ намудан коркард шуд. Ғояи комилан нави илҳомбахши миллӣ ташаккул ёфт, ки кишвари моро ба ҷомеаи озод ва шукуфон табдил медиҳад ва рушди маънавии Ватанро таъмин мекунад.

Шаҳрванди маданиятноки Ӯзбекистони Нав
     
Торафт моҳияти инсонӣ касб намудани мундариҷаи шуури иҷтимоӣ, барқарор шудани ҳуқуқҳои шахс, пурзӯр гардидани меҳру шафқат, таҳаммулпазирӣ, майли умумбашарии доир ба инсон дар арсаи байналмилалӣ бевосита бо раванди амалӣ гардондани дигаргуниҳо маънавияти ҷамъият, ҷамоа ва фард алоқаманд аст. 
Яке аз масъалаҳои марказии ин равандҳо вазифаи ба инсон, манфиатҳои воқеии ӯ, солимии равонӣ ва зеҳнӣ, тарбияи маънавию рӯҳӣ нигаронда шудани тамоми саъю кӯшишҳо мебошад. Номзад аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳияти навсозии оммавӣ ва дигаргуниҳои куллиро дар ҳамон омилҳо кашф карда,  назарияи маҳз ба воситаи инсон татбиқ намудани самти ислоҳотро асоснок кард. 
Воқеан, ҳар пешрафт натиҷаи хирадмандии мардум аст. Давлат стратегияи рушди кишварро таҳия мекунад. Барои иҷрои он қарорҳо, фармонҳо ва қонунҳо қабул карда мешаванд. Халқ бошад, ин корро тавассути нерӯи созанда, қобилияти эҷодӣ ва потенсиали зеҳнии худ анҷом медиҳад.
Тавре ки Шавкат Мирзиёев қайд кард, мафҳуми «Ӯзбекистони Нав» ба воқеият табдил ёфт. Дар давоми панҷ сол Ӯзбекистони Нав ташкил ёфт. Инро, албатта, дар тағйироти куллии симои шаҳру деҳоти мо, ислоҳоти куллии бахши истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосиртарин дар рушди соҳаи иҷтимоӣ дидан мумкин аст. Аммо симои Ӯзбекистони Нав танҳо аз ин иборат нест. Моҳияти куллии он бо куллан тағйир ёфтани арзиши иҷтимоӣ, тафаккури инсон арзёбӣ мегардад. Шаҳрванди имрӯза шаҳрванди панҷ соли пеш нест. Вай аз нуқтаи назари тафаккури нав, шахси замонавӣ, олами рӯҳонии тозашудаистодаи маънавию рӯҳӣ ба инсони комилан нав табдил ёфт. Дарвоқеъ, тамоми моҳияти ислоҳоти гуногунҷабҳа дар ин ҷо ошкор мешавад. Ҳамин тавр, шаҳрванди нави маданиятноки Ӯзбекистони Нав ташаккул ёфт!
Дар мардум  ҳавасмандии ботинӣ, муносибати эҷодӣ дар доираи соҳаи худ, муносибатҳои нав қарор меёбанд. Раванди фарҳангию маърифатӣ торафт амиқ гардида, маънои ҳаётро боз ҳам тағйир медиҳад. Онро ба  натиҷаҳои мусбат ноил мегардонад. 
Аз таърихи башарият маълум аст, ки вақте ки дар ҷамъият худшиносии умумӣ баланд мегардад, ҳар як инсон ба таври инфиродӣ моҳияти инсонии худро дарк карда, эҳтиёҷи ба қадрият табдил доданро эҳсос мекунад, марҳилаи комилан нав, замонавӣ оғоз меёбад. Охир, ҳама гуна рушд маҳсули шуур ва тафаккур аст. Ҳар як рушд ба ахлоқи баланд, донишҳои муосир, тафаккури васеъ асос меёбад. Душманони бераҳмонаи арзишҳои башарӣ, ба мисли ҷаҳолат, гумроҳӣ ва бадкорӣ, несту нобуд карда мешаванд. Дар натиҷа, тавре ки дар боло ишора кардем, давраи нави рушди куллӣ оғоз мешавад. Ин бошад, худ аз худ  муқаддима ё остонаи Эҳёи нав аст.
     
Оқил САЛИМОВ,
академик.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: