РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ БА МАНФИАТИ ОДАМОН АСТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли равон барои рушду равнақи сайёҳӣ ду фармоиш интишор кард.

Аввалӣ «Дар бораи чораҳои иловагии ташкилӣ доир ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва сонӣ «Дар бораи чораҳои оҷилан ба роҳ мондани сайёҳии дохилӣ» буданд. Албатта, интишори ин ҳуҷҷатҳои муҳим бесабаб нест. Маълум аст, ки як қатор мамлакатҳои Аврупо ва Осиё аз ҳисоби инкишоф додани ин соҳа тараққӣ мекунанд. Кишвари офтобрӯяи мо аз табиати афсункору ёдгориҳои таърихӣ ғанӣ аст. Бинобар ин, шаҳрвандони бисёр кишварҳои ҷаҳон саёҳатро ба диёри мо орзу мекунанд.
Воҳаи Сурхон низ бо табиати мӯъҷизавӣ, кӯҳҳои сарбаланд, ёдгориҳои дидании худ боиси диққату эътибори аҳли ҷаҳон гардидааст. Дар кишварамон барои равнақи сайёҳии экологӣ (экотуризм) ва умуман сайёҳӣ имкониятҳои зиёде мавҷуданд. Вале, мутаассифона, мо то ҳанӯз аз ин имкониятҳо истифода накардаем. Бино бар маълумоти расмии оморшиносони вилоят дар Сурхондарё 375 иншооти таърихиву маданӣ, маҷмӯъи ёдгориҳои нотакрори бостонӣ ҳастанд. Сайёҳон ба воҳаи мо асосан барои тамошои ёдгориҳои таърихӣ меоянд. Шубҳае нест, ки сайёҳони хориҷиро ин ёдгориҳо ва табиати зебову афсонавии он хоҳу нохоҳ ба ҳайрат меоранд, вале онҳо аз ин имкониятҳо бо айби мо маҳруманд. Дар минтақаи шимолии вилоят кӯҳистони зебоманзари Кӯҳитанг ва Бойсун, ки давоми силсилакӯҳҳои Ҳисор мебошанд, бо арчазори сабзу зебо, ҳайвоноту набототи нодир ҷолибанд. Дар қисмати шарқу шимолӣ бошад, Хоҷааспбон, Хондиза, Киштут, Пуштиварақ, Кузак, Шоҳтут, Маланд, Чош, Ҳурватан барин мавзеъҳо бағоят тамошобоб ҳастанд.
Шаршараҳои деҳаи Сангардак ва табиати зебоманзари Деҳиболо, Алочапон, Назар, Қӯрғонча, Хӯҷаипок, кӯҳистони Боботоғи бемисл ба дидану баҳравар шудан меарзанд. Оби шифобахши Хӯҷаипок нӯшокии нодир ба ҳисоб меравад. Табибон онро барои табобати бисёр касалиҳои дарунӣ тавсия мекунанд. Солҳои пеш ба ин ҷо барои табобату истироҳат аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳуриамон одамони зиёде меомаданд.
Ҳокимияти ноҳия ободии ин масканро ба зиммаи соҳибкоре гузошта буд. Аммо ӯ танҳо соле сарам-дилам кор карду сохтмонро нимкора гузошту рафт. Ҳоло сайёҳон аз ҳоли зори ин маскан ба риққат омада, ба мутасаддиён норозигӣ баён мекунанд. Ин сохтмон кай ба охир мерасад, касе намедонад. Умуман, дар вилоят имкониятҳои пешбурд ва инкишоф додани сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, зиёданд. Фақат саъю ғайрат ва ташаббускориву ҳимматбаландӣ мебояд. Умед аст, ки фармоишҳои дар боло зикршудаи Раисҷумҳур дар ин бобат такони тоза мебахшад.

Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: