РУШДИ САНОАТИ МЕБЕЛСОЗӢ

Солҳои охир дар вилояти Қашқадарё ба соҳаи мебелсозӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба ин навъи маҳсулот соҳибкорони маҳаллиро водор кардааст, ки тарҳҳои наверо рӯйи даст гиранд ва ба номгӯйи маҳсулоти мебелӣ афзоянд. 
Назар ба маълумоти оморӣ, имрӯз дар вилоят зиёда аз 292 коргоҳи хурду миёна фаъолият мекунанд, ки самти кори онҳо маҳз ба истеҳсолу коркарди мебел равона шудааст. Аз ҷониби ин коргоҳҳо дар соли 2022 ба маблағи беш аз 100 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсолу пешкаши харидорон гаштааст, ки ин нишондод дар соли 2021 58 миллиард сӯмро ташкил мекард. Муқоисаи ин арқом нишон медиҳад, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда сол аз сол меафзояд.
Дар нақша ҳаст, ки соли равон низ даҳҳо лоиҳаи нав дар соҳаи мебелсозӣ ба амал татбиқ гарданд. Интизор меравад, ки агар ин тарҳҳо амалӣ шаванд, 185 ҷойи кори нав ба вуҷуд хоҳад омад.
Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба  Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон аз ҳокимони шаҳру ноҳияҳо хоҳиш намуд, ки дар ҳудуди худ инвеститсияи хориҷиро ҷалб намуда, ба соҳибкорони маҳаллӣ шароит муҳайё созанд ва ба сохтмони коргоҳҳои хурду бузург азм карда, қишри бекори аҳолии таҳҷоиро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Дар вилояти Қашқадарё ислоҳоти иқтисодии мавриди таваҷҷуҳи роҳбари давлатро ҳанӯз пештар оғоз кардаву таҷрибаи хубе андӯхтаанд. Ин аст, ки дар назди халқу давлат эҳсоси масъулият карда, барои соҳибкорони хориҷиву ватанӣ шароити мусоид фароҳам месозанд.
Яке аз чунин корхонаҳои мебелсозӣ дар ноҳияи Шаҳрисабз ҷой гирифтааст, ки тарҳи сохтани онро корхонаи “Ҳисорак гидроқурулиш” роҳандозӣ намудааст. Барои татбиқи ин тарҳ 4 миллион доллар маблағ сарф шуда, ҳоло ба истеҳсоли мебелҳои хушсифат оғоз бахшидаанд. Корхонаи мазкур дастгоҳҳои мебелсозиро аз Олмон ва Фаронса харидаву насб кардааст, ки имрӯз ба афзоиши сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Агар дар истеҳсоли маҳсулот кори дастӣ бештар истифода гардад, табиист, ки нарх ба маротиб боло хоҳад рафт. Аммо дар коргоҳи мебелсозии мазкур ҳоло 80 дарсади корҳо ба таври автоматӣ иҷро мешаванд. Ин амал мусоидат мекунад, ки арзиши маҳсулоти истеҳсолӣ ба таври эҳсосшаванда поин равад. Ҳамин тавр, дар амал татбиқ гардидани ин тарҳ 160 ҷойи нави корро ба вуҷуд овардааст.
Дигаре аз коргоҳҳои пешқадами мебелсозӣ дар шаҳри Қаршӣ ҷой гирифта,  ҶММ “Қаршимебел” ба ҳисоб меравад. Роҳбарии онро Саломат Комилова дар ӯҳда дорад. 
Ҳоло корхона муваффақ гаштааст, ки номгӯи маҳсулоти худро ба 350 адад расонад, – гуфт С. Комилова. – Як вақтҳо аз хориҷи кишвар харидани дастгоҳҳои замонавӣ як кори дандоншикан буд, зеро нархи боҷи давлатӣ хеле гарон ва на ҳар соҳибкор ҷуръат мекард, ки аз хориҷ чизе бихарад. 
Сарвари давлат ин садҳоро бартараф сохтанд ва ба соҳибкорон роҳи васеъ кушоданд. Боз 12 дарсад поин овардани қимати изофаи андоз мо — соҳибкоронро дилгарм кард. Ин ислоҳот ба рушди коргоҳҳои хурду миёна мусоидат карда, истеҳсоли ҳаҷми умумии маҳсулотро боло ва нархи онро поин овард.
Дар корхонаи “Қаршимебел” аз Хитой, Туркия ва Олмон дастгоҳҳои мебелсозии замонавӣ харида овардаву насб кардаанд. Ҳоло дар сехҳои рангубору пардоз ва пайвандгарӣ 115 ҷойи кор ташкил шуда, ҷавонон машғули корҳои рӯзмарра ҳастанд. Танҳо муқоисаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ду соли охир нишон медиҳад, ки “Қаршимебел” чӣ қадар рушд кардааст. Соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда 5 миллиарду 400 миллион сӯм буд. Дар соли 2022 ин нишондод ба 18 миллиард сӯм афзуд.
Саломат Комилова қайд кард, ки минбаъд маҳсулоти истеҳсолкардаи “Қаршимебел”, ки харидоронаш аслан аҳолии кишвар аст, ба хориҷ низ содир хоҳанд кард. Барои иҷрои ин кор тарҳҳои ҷолибе андешидаанд.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: