Дар нишасти матбуотие, ки дар Маркази матбуоти миллӣ баргузор шуд, масъулони Агентии рушди хидмати давлатии назди Президент, рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеа иштирок карданд.
Дар чорабинӣ доир ба корҳое, ки дар самти рушди хидмати давлатӣ тайи солҳои охир анҷом дода шудаанд, навоварӣ ва нақшаҳои оянда маълумот дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир заминаи ҳуқуқии система ташаккул ёфта, 678 лоиҳаи танзими хидмати шаҳрвандии давлатӣ аз ҷониби мақомоту ташкилотҳои давлатӣ баррасӣ гардид. Аз ҷумла, 53 қонун, 216 қарори Президент, 270 қарору фармоиши Девони Вазирон ва 5 санади идоравӣ. Илова бар ин, дар маҷмӯъ 49 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ба рушди хидмати давлатӣ нигаронида шудаанд, таҳия гардид.
Дар хидмати давлатӣ тамоюли меритократӣ ҷорӣ карда шуд. Аз ҷониби Агентии рушди хидмати шаҳрвандии давлатӣ фаъолияти портали ягонаи кушоди ҷойҳои холӣ – vacan–cy.argos.uz ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа дар раванди қабул ба хидмати давлатӣ ошкорбаёнӣ ва шаффофият таъмин гардид. Дар давраи гузашта барои вазифаҳои холӣ зиёда аз 190 ҳазор озмун баргузор гардид. Беш аз 3 млн. номзад дар озмунҳо ширкат варзиданд, ки 25 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳад. Дар натиҷаи интихобот 72 ҳазор кадри ихтисоснок қабул карда шуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки низоми мутобиқгардонии фаъолияти кадрҳо дар мақомоти давлатӣ ва созмонҳо ба вуҷуд омадааст.
Аз ҷумла, то имрӯз ба платформаи hrm.argos.uz 70 сохтори давлатӣ пайваста, фаъолияти қариб 3 ҳазор сохтори таркибӣ пурра рақамӣ гардида, шумораи ҳуҷҷатҳои дар платформа сабтшуда аз 130 ҳазор гузаштааст ва модули «Сафари хидматӣ» ба кор андохта мешавад.
Захираи кадрҳои миллӣ ташкил шуда, беш аз 2 ҳазор номзад ба вазифаи ҳокимҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва 206 ноҳияву шаҳри Тошканд омӯхта шуданд. Ба захираи кадрҳои миллӣ 1167 номзад интихоб карда шуда, 634 нафари онҳо дар асоси барномаи махсуси таълимӣ таҳсил гирифтанд.
Ба захираи кадрҳои салоҳиятдор 1000 нафар номзадҳо, ки дар байни ёварони ҳокими ноҳияҳо, пешвоёни ҷавонон ва занони фаъол натиҷа додаанд, интихоб карда шуданд.
197 нафари онҳо Академияи идоракунии давлатиро хатм карданд.
Механизми ҳифзи ҳуқуқи хидматчиёни давлатӣ такмил ёфт. Бо ин мақсад 13 тадқиқоти комплексӣ ва 1290 мониторинг гузаронида шуд. Дар натиҷа ҳуқуқҳои поймолшудаи 534 нафар кормандон барқарор шуда, дар 70 маврид бо сабаби вайрон кардани қонун рафти интихоб қатъ гардид.
Дар ташаккули захираҳои инсонӣ ва салоҳияти кадрӣ технологияи муосир истифода мешавад. Бо мақсади ташаккул додани донишу малакаи муосири хидматчиёни давлатӣ зиёда аз 500 курси анъанавӣ ва фосилавии такмили ихтисос ташкил карда шуд.
Дар онҳо зиёда аз 165 ҳазор хидматчиёни давлатӣ иштирок карданд. Курси «Мактаби занони роҳбар» барои 120 нафар занони фаъол ба роҳ монда шуд. 155 барномаи «Соати маърифатӣ-сиёсӣ» намоиш дода шуд.
Хидмати шаҳрвандии давлатӣ рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ таъмин карда шуд. Инчунин дар хидмати давлатӣ низоми интихоб таъсис ёфт.
Фаъолияти фонди «Эл-юрт умиди» мувофиқ гардонида шуд. 7 озмуни стипендия гузаронида, 682 нафар довталаб соҳиби стипендияи фонд гардид.
Бояд гуфт, ки самти ҳамкории байналхалқӣ дар сохтор ба зинаи нав баромад. Агентӣ бо зиёда аз 20 вазорату идора, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои кишварҳо, аз қабили Бритониёи Кабир, Олмон, Фаронса, Латвия, АМА, Туркия, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамкориҳоро ба роҳ монд. Бо дастгирии коршиносони хориҷӣ дар зиёда аз 60 кишвар таҷрибаомӯзӣ бо кумаки экспертҳои хориҷӣ қариб 50 семинар ва тренинг дар шакли онлайн ва офлайн баргузор гардид.
Бо созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Комиссияи байналмилалии хидмати давлатӣ, СММ, USAID ва Созмони давлатҳои туркӣ ҳамкориҳо ба даст омад.
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин доир ба самтҳои афзалиятноки дар сохтор муқарраргардида маълумот дода шуд.
М. МАМАҶОНОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».