РУШДИ ТАЪЛИМ ВА ИЛМУ ФАН – ИСТИҚБОЛИ МАМЛАКАТ

Тӯли панҷ соли охир дар Ӯзбекистон инкишоф додани соҳаи илму фан ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуд.

Тӯли панҷ соли охир дар Ӯзбекистон инкишоф додани соҳаи илму фан ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Эътибор диҳед, дар ин фурсати кӯтоҳ барои пешбурди соҳаҳои маърифат, таълим, илму фан беш аз сӣ ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Танҳо дар ду соли охир – соли гузашта ва дар нимаи якуми соли равон барои инкишоф додани таълими олӣ вобаста ба корҳои илмӣ, татбиқ сохтани инноватсияҳои нав ба ҳаёт зиёда аз 15 фармон интишор шуд, соли 2019-ум «Соли сармояҳои фаъол ва пешрафти иҷтимоӣ», соли 2020 бошад «Соли илм, маърифат ва пешбурди иқтисодиёти рақамӣ», соли 2021 «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ» эълон гардиданд, ки аз вусъати васеи ба ҳаёт татбиқ намудани нақшаҳои вобаста ба илму фан, таълим ва ғайра дарак медиҳад.
Бобати ба ҷавонон илм омӯхтан, онҳоро соҳибмаърифат кардан низоми таълими умумӣ ҳамчун давраи навбатӣ аҳамияти бузург касб менамояд. Ҳоли ҳозир дар беш аз 9970 мактабҳои таълими умумии кишвар зиёда аз 5 миллиону 500 нафар духтарону писарон таълим мегиранд.
Тӯли ду-се соли охир дар низоми таълими умумӣ низ дигаргуниҳои азим рух доданд. Барои инкишоф додани самтҳои эҷод, санъат, фарҳанг мактабҳои махсус ташкил гардиданд. Аз ҷумла, чунин мактабҳои махсус дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба номи Иброҳим Юсупов, дар Ҷиззах ба номҳои Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, дар Намангон ба номи Ибрат, дар Фарғона ба номи Эркин Воҳидов, дар Қаршӣ ба номи Абдулло Орипов, дар Хоразм ба номи Огаҳӣ, дар Сирдарё ба номи Ҳалима Худойбердиева, дар Андиҷон ба номи Муҳаммад Юсуф кушода шуданд. Ҳамчунин мактаби махсуси ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ ташкил гардид, ки дар он илмҳои оид ба технологияҳои ахбору коммуникатсия амиқ омӯзонида мешаванд.
Аз соли 2019-ум дар мамлакат 4 мактаби Президентӣ, ки куллан бо низом ва шакли нав амал мекунанд, сохта ба истифода супурда шуданд. Ҳоли ҳозир дар тамоми вилоятҳои кишвар ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон мактабҳои Президентӣ кушода мешаванд. Мактабҳои мазкур ба ягон соҳаи муайян тахассус доранд. Умуман навгонӣ ва дигаргуниҳое, ки дар низоми таълими умумӣ амалӣ мегарданд, баробари беш аз пеш беҳтар кардани сифати таълим баҳри пешрафти илму фан низ имкониятҳои нав фароҳам меоваранд.
Барои баланд бардоштани омӯзиши илму фан, навгониҳо, ба амалиёт татбиқ кардани кашфиётҳо, офаридани технологияҳои нав мавқеи мактабҳои олӣ беқиёс аст. Бинобар ҳамин ҳам дар мамлакат дар ин соҳаи таълим низ бисёр ислоҳот татбиқ карда мешаванд. Эътибор диҳед, 5-6 сол муқаддам дар мамлакати мо беш аз 30 муассисаи таълими олӣ фаъолият дошт. Ҳоло чӣ? Алҳол дар кишвар миқдори мактабҳои таълими олӣ аз 140 адад гузашт. Миқдори бахши муассисаҳои таълими олӣ дар ҳудудҳо ба 26 адад расид. Тақрибан 20 шуъбаи донишгоҳ ва донишкадаҳои хориҷӣ боз гардиданд. Дар ҷумҳурии мо ҳар сол 4-5 мактабҳои олии хориҷӣ бахшҳо ва факултаҳои худро мекушоянд. Афзудани миқдори муассисаҳои низоми таълими олӣ, мустаҳкамтар шудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълими олии хориҷӣ ба ҳаллу фасли мушкилоте, ки дар мамлакати мо дар соҳаи мазкур чандин сол боз идома дорад, имкон фароҳам меоварад. Равшан аст, ки дар ҷумҳурии мо ҳар сол 600-650 ҳазор нафар духтарону писарон мактабҳои таълими умумиро хатм мекунанд. Тӯли солҳои зиёд танҳо 60-70 ҳазор нафари ин ҷавонони мактабро хатмкарда метавонистанд таҳсилро дар мактабҳои таълими олӣ идома диҳанд. Яъне дар мамлакат бо таълими олӣ фарогирии ҷавонон ҳамагӣ 9-10 фоизро ташкил медод. Ҳол он ки дар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ин нишондиҳанда аз 60-70 фоиз зиёд аст. Бинобар ҳамин ҳам ҳукумати мо ба зиёд кардани ҳам мактабҳои таълими олӣ ва ҳам миқдори ҷойҳо эътибори махсус медиҳад. Дар натиҷаи ин дараҷаи ба мактабҳои олӣ фаро гирифтани ҷавонон соли 2021-ум ба 25 фоиз расид.
Навгонӣ, дигаргунӣ ва ислоҳоте, ки ба фаъолияти муассисаҳои таълими олӣ вобаста мебошанд, идома доранд. Дар оянда зина ба зина ба онҳо пешниҳод кардани мустақилии академӣ ва молиявӣ пешбинӣ шудааст. Ин дар навбати худ барои пурқувват шудани иқтидори илмии ҳар як муассисаи таълими олӣ, ба ҳаёт татбиқ гардидани ихтироъ ва кашфиётҳои илмӣ беҳтар кардани вазъи молиявии онҳоро тақозо менамояд.
Пас аз соли 2017-ум дар сохтори таркибии Академияи илмҳо низ дигаргуниҳо амалӣ шуданд. Пештар бахши Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва Академияи Маъмуни Хоразм дар таркиби академия фаъолият доштанд. Ҳоли ҳозир ин бахшҳо ба шуъбаи Академияи фанҳо табдил дода шуданд. Баробари ин дар вилояти Навоӣ шуъбаи нави академия ташкил карда шуд. Ин бесабаб нест. Зеро дар вилояти Навоӣ ва минтақаҳои ҳамҳудуди он корхонаҳои саноатӣ хеле зиёданд. Ҳамчунин дар ҳудуд чандин минтақаҳои нави иқтисодӣ ташкил шуданд ва сохта мешаванд. Дар ҳар як корхона ва минтақаҳои саноатии ин ҷо ҷорӣ намудани технологияҳои нав, таҷрибаҳои пешқадами илму фан ба зарурияти ҳаёт табдил меёбад. Шуъба бошад барои ба амал татбиқ кардани ин вазифаҳо хидмат хоҳад кард. Академияи илмҳои Ӯзбекистон ба муассисаи кашфиётҳои нав, офарандаи технология ва моделҳои соҳаи илму фан бадал мегардад.
Ислоҳоти азиме, ки ҳоли ҳозир дар соҳаҳои илму фан, таълим амалӣ шуданд ва татбиқ мешаванд, шаҳодати он мебошанд, ки дар мамлакат ба фардои он эътибори зиёд дода мешавад. Модоме, ки ҳаёт идома меёбад, дар ҷаҳон навгониҳо ва дигаргуниҳо ба миён меоянд, беш аз пеш беҳтар кардани эътибор ба соҳаи илму фан зарурати ҳаётӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ҳамин ҳам номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба интихоботи навбатии Президентӣ пешбарӣ мегарданд, дар Барномаҳои пешазинтихоботии худ ба беш аз пеш такмил додани илму фан, соҳаҳои таълим, инкишоф додани онҳо, ба ҳаёти халқ васеъ татбиқ намудани дастовардҳои илм барин ҷараёнҳо эътибори махсус медиҳанд. Дар бораи корҳое, ки бояд минбаъд дар соҳаи илму фан амалӣ шаванд, фикру мулоҳиза ва таклиф, самтҳои фаъолият ва мақсадҳои худро иброз медоранд.
Тӯли панҷ соли охир низоми таълими олӣ куллан тағйир ёфт. Мактабҳои таълими олӣ сол аз сол меафзоянд. Донишкада, донишгоҳҳое, ки пештар дар шаҳрҳои бузурги мо фаъолият доштанд, акнун дар ноҳияҳо, дар назди корхонаҳо низ кушода мешаванд. Мо дар солҳои аввали истиқлол фарзандони худро ба муассисаҳои бонуфузи олии хориҷӣ бо пардохти маблағҳои зиёд равона мекардем. Ҳоло бошад, он муассисаҳои бонуфузи таълими олии хориҷӣ дар мамлакати мо бахшҳо ва шуъбаҳои худро мекушоянд. Ҳамаи ин барои аз таълими олӣ васеътар ва бештар баҳравар гардидани ҷавонони мо имконият фароҳам меоварад.
Баҳром Абдуҳалимов дар барномаи пешазинтихоботии худ ба минбаъд инкишоф додани соҳаи илму фан низ эътибори махсус додааст. Зеро ба рақобати пуршиддате, ки имрӯз дар ҷаҳон мушоҳида мегардад, танҳо туфайли ба истеҳсолот васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илму фан, технологияҳои олӣ ва инноватсияҳо метавон пойдорӣ кард. Кашфиёти нав дар соҳаи илму фан ва ба ҳаёт татбиқ намудани он маблағи зиёд тақозо менамояд. Кашфиётҳои бузург нафақат ба тараққиёти кишвари мо, балки ба пешрафти ҳаёти тамоми инсоният хидмат хоҳанд кард. Барои ба даст овардани чунин кашфиётҳои илмӣ бояд нафақат олимон, балки кулли зиёиён, мутахассисон фаъол иштирок намоянд. Бинобар ҳамин ҳам номзад нафақат афзудани сафи олимон, балки зиёд кардани миқдор ва баланд бардоштани ихтисос, ҳамчунин дастгирӣ намудани ҳар як ихтироъгар ва ихтироъгарон, муҳандисон, технолог, агроном, механизатор барин мутахассисонеро, ки муҳаррики ҳақиқии иқтисодиёт мебошанд, пешниҳод мекунад. Бешубҳа, ҳоло соҳае нест, ки ба он илму фан ворид нашуда бошад. Он ҳам дар саноат ва ҳам дар тамоми шохаҳои хоҷагии қишлоқ мушоҳида мегардад. Дар соҳаи илм, бахусус саҳми илмҳои фундаменталӣ бузург аст. Бидуни илмҳои фундаменталӣ ва комёбиҳое, ки дар ин улум ба даст омаданд, пешрафти ягон кишварро наметавон тасаввур кард.
Ҳоли ҳозир дар ҳама соҳаҳои мамлакати мо вобаста ба илму фан дигаргуниҳои ҷиддӣ мушоҳида мешаванд. Табиист, ки ин дигаргуниҳо ба деҳоти мо ва аҳолие, ки дар онҳо зисту зиндагӣ мекунанд, инъикос мегарданд. Чунончи, деҳқонони чашмикордоне, ки алҳол дар деҳот бо соҳибкорӣ машғул мебошанд, низ бояд аз комёбиҳои илму фан бебаҳра намонанд. Саволе ба миён меояд, ки онро чӣ гуна метавон амалӣ кард? Баҳром Абдуҳалимов дар ин бобат «Дар агрофирма ва хоҷагиҳои давлатӣ дар пояи илмӣ ба роҳ мондани истеҳсолот, таъмин кардани ягонагии тарафайни илм ва амалиётро пешниҳод мекунад, ки дар ояндаи наздик дар соҳаи аграрии Ӯзбекистон барои амалӣ шудани имкониятҳои бузург, дар пешрафти инноватсионии иқтисодиёти деҳот, бартараф сохтани мушкилоти бошуғлфарогирӣ ва нодорӣ натиҷаҳои хуб хоҳад дод». Номзад ба Президентӣ дар барномаи пешазинтихоботии худ бобати гузаштан ба иқтисодиёти технологияҳои рақамӣ, беш аз пеш такмил додани низоми мавҷудаи таълими олӣ ва миёнаи махсус, афзудани инноватсия ва соҳибкорӣ дар иқтисодиёти рақамӣ ва идораҳои давлатӣ, бахусус фароҳам овардани низоми куллан дастгирӣ, бинобар молиякунонӣ, тарзи таъминкунии онлайн дар соҳаи бошуғлфарогирӣ барин масъалаҳоро пеш гузоштааст. Умуман номзад ба Президентӣ аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов дар Барномаи пешазинтихоботии худ бобати беҳсозии таълим, инкишоф додани илму фан ва ба ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ намудани онҳо бисёр таклиф ва нақшаҳои мушаххасро пеш гузоштааст. Ин далели он аст, ки номзад мехоҳад ба пешрафти ҳаёти иқтисодии мамлакат саҳми муносиби худро гузорад.

Камол МАТЁҚУБОВ,
журналист, фаъоли ҳизб.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: