РУШДИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ

Боиси зикр аст, ки солҳои охир аз ҷониби Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев ба рушду равнақи таълими томактабӣ, ки дар низоми тарбияи авлоди наврас зинаи аввал ва муҳим ба ҳисоб меравад, эътибори алоҳида дода мешавад.

Қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми таълими томактабӣ барои солҳои 2017-2021» аз 29 декабри соли 2016 барои амалӣ сохтани корҳое, ки дар низоми муассисаҳои таълими томактабӣ татбиқ мешаванд, ҳуҷҷати муҳим гардид. Мувофиқи қарори мазкур дар мамлакатамон ба боз ҳам беҳтар кардани сифати таълими томактабӣ, бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар ҷойҳо бунёд кардани муассисаҳои нави замонавӣ, таъмиру тармими биноҳои мавҷуда ва бозсозии пурраи муассисаҳои таълими томактабӣ пешбинӣ шудааст. Имрӯз мувофиқи қарору фармонҳои Президенти мамлакат дар саросари кишвар бо ташаббуси Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ вазифаҳои навбатӣ таҳия шуда, корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Суҳбати мо бо роҳбари Садорати муассисаҳои таълими томактабии вилояти Тошканд Нодира ДАЛАБОЕВА дар ҳамин мавзӯъ буд. 
– Воқеан, таҳти роҳбарии Президент бобати ҳаматарафа комил тарбия намудани насли наврас, зиёд кардани салоҳияти зеҳнии онҳо, ҳамчунин рушди таълими томактабии кишвар дар сатҳи сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад, – гуфт дар оғози суҳбат Нодира Юлдошевна. – Тавре ки Сарвари давлат дар як баромади худ қайд карда буд: «Мо бояд дар соҳаи таълими томактабӣ аз ҳар ҷиҳат низоми замонавӣ фароҳам оварем. Тӯли 3-4 соли оянда бояд тамоми бачаҳои 5-6 сола пурра ба таълими томактабӣ фаро гирифта шаванд. Ин масъалаест, ки фардои моро таъин мекунад ва мо инро, албатта, амалӣ менамоем». Алҳол бобати такмил додани фаъолияти муассисаҳои таълими томактабӣ эътибор афзудааст ва инро метавон дар мисоли вилояти мо мушоҳида кард. 
Ҳоло дар вилоят ҷамъ 671 муассисаи таълими томактабӣ мавҷуд аст, ки 455-тои онҳо давлатӣ, 190 тоашон ғайридавлатӣ ва 26 адади дигар муассисаҳои таълими томактабии тобеи ташкилотҳо мебошанд. Дар онҳо беш аз 74 ҳазор нафар бачагон ҷалб гардидаанд, ки ин 37,3 фоизи кӯдакони аз 3 то 7-солаи вилоятро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба беш аз 91 ҳазору 860 нафар расонида хоҳад шуд. Алъон дар муассисаҳои мазкур беш аз 6 ҳазору 200 нафар омӯзгор ва мураббиён бо корҳои таълиму тарбия машғуланд. 
Бояд бигӯям, ки мувофиқи қарор ва фармонҳои роҳбари давлат ва ҳукумат нақшаи чораю тадбирҳо андешида шуда, ҳайати гурӯҳи кории батанзимдарории иҷрои Барнома оид ба ташаккул додани низоми таълими томактабӣ барои солҳои 2017-2021 тасдиқ гардид ва мувофиқи он корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.  
Корҳо бобати аз нав сохтан ва таъмир кардани 26, аз ҷумла, 4 муассисаи нави таълими томактабӣ дар ноҳия ва шаҳри Оҳангарон, ноҳияҳои Бӯстонлиқ ва Чинози вилоят амалӣ гардид. 22-то чунин муассисаи шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят бошад, дар соли 2018 аз таъмиру таҷдид бароварда шуд. Бояд гуфт, ки барои сохтмони муассисаҳои нав беш аз 21 миллиарду 900 миллион сӯм ва таъмири муассисаҳои мавҷуда зиёда аз 70 миллиарду 300 миллион сӯм маблағ ҷудо гардидааст. 
Соли 2018-ум 37 шуъбаи муассисаҳои таълими томактабии ҳудуди вилоят соҳиби мақоми ҳуқуқӣ гардида, ба муассисаҳои таълими томактабии мустақил табдил дода шуданд. 
Дар миқёси вилоят бобати васеъ намудани соҳаи муассисаҳои таълими томактабии ғайридавлатӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ низ корҳои зиёд татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, дар асоси қарори Девони Вазирон аз 18 декабри соли 2017 ва қарори ҳокими вилоят дар ҳар як ноҳия ва шаҳр камаш аз шаш то даҳ, аз ҷумла ташкил кардани 180 муассисаи таълими томактабии ғайридавлатӣ ва 48 адад дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.   
Нодира Далабоева изҳор дошт, ки дар байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таълими томактабии вилоят чун ҳамеша,  мусобиқаҳои варзишии «Соғломҷон-Полвонҷон», «Шоҳмот» ва озмуни «Жажжи зумрадойлар» таҳти шиори «Ман духтари хушбахти кишвари обод» давра ба давра гузаронида мешаванд.  
Ба мақсади дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар байни тарбиятгарони ин муассисаҳо муайян намудани пешсафон, фидоиёни соҳа, паҳн кардани таҷриба ва инкишоф додани фаъолияти эҷодии онҳо моҳҳои апрел ва майи соли 2018 давраҳои ноҳиявӣ ва вилоятии озмун-азназаргузаронии «Беҳтарин тарбиятгар ва ҷавони фаъоли сол» баргузор шуд. Ҳамчунин, ба мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои муайянгардидаи фармоиши Вазорати таълими томактабӣ аз 28 апрели соли 2018 қарори садорати таълими томактабӣ қабул шуд, ки мувофиқи он мизони баҳогузорӣ, яъне сохтори рейтингии ходимони педагогии миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят бино ба анҷоми соли хониши 2017/2018 коркард гардид ва дар асоси иловаҳои муайяншуда мониторинг гузаронда шуд. Мувофиқи натиҷаи мониторинг салоҳияти дониши педагогҳо, ки дар муассисаҳои таълими томактабии вилоят фаъолият доранд, 67 фоизро ташкил дод. 
Дар давоми сол бинобар фармоиши Садорати таълими томактабии вилояти Тошканд ба мақсади таъмин кардани иҷрои қарори Президент «Дар бораи чораҳои ба амал баровардани қоидаҳои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 2 феврали соли 2017, нақшаи назоратии мубориза бар зидди тамаъгарӣ тасдиқ шуд. Мувофиқи он бобати пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба коррупсия, муайян ва бартараф кардани он ва ғайра корҳои зиёд амалӣ мешаванд. 
Мо бобати тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018/2019 низ корҳои васеъмиқёсро амалӣ намудем. Корҳои вобаста ба таъмиру тармим дар аксар ноҳияҳои вилоят иҷро шуданд. Ба салоҳияти кадрҳо низ эътибори махсус дода мешавад. Аз ҷониби Садорат барои соли хониши 2018/2019 вазифаҳои асосӣ муайян шудаанд ва онҳо дар тӯли сол ва минбаъд низ давра ба давра татбиқ мегарданд.  

Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: