РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ АХБОРУ КОММУНИКАТСИОНӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН

Ҳоло дар мамлакатамон ба рушди технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ ба сифати омили тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ эътибори ҷудогона дода мешавад.

Бинобар супориши сарвари давлат дар ин бора маҷмӯи чорабиниҳо андешида шуд ва дар ҳамаи минтақаҳо татбиқ меёбад.
Ба қарибӣ суҳбати мо бо муовини сардори садорати бухороии Вазорати рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ Фурқат Муродов дар ин бора сурат гирифт.
– Имрӯз дар вилоят вазъи татбиқёбии технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ чӣ гуна аст?
– Соли гузашта дараҷаи ба амал татбиқкунии технологияҳои ахбору коммуникатсия мувофиқи рейтинги ҳокимияти вилоят аз 100 хол имконият ба 87,63 хол рост омад. Ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 31-то низоми иттилоотӣ ва порталҳое, ки дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ амал мекунанд, истифода мебаранд. Аз ҷумла, ба низоми ахбории «Литсензия» дар бораи 2071-то литсензияю рухсатнома маълумот, дар портали маълумоти кушоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 153 намуд маҷмӯи маводи кушод, дар реестри ягонаи захираҳои ахбори давлатӣ ва низоми иттилоотӣ ҷамъ 14-то низоми ахбор ва 8-то захираи ахбор ворид гаштааст.
Дар вилоят 6 субъекти соҳибкорӣ ба ҳайси резиденти «Маркази инноватсияи Мирзо Улуғбек» ба қайд гирифта шуданд. Бо мақсади дастгирӣ намудани соҳибкороне, ки маҳсулоти барномавӣ истеҳсол мекунанд, 25 апрели соли гузашта барои онҳо аз ҷониби садорати ҳудудӣ намоиши «Bukhara software expo» сурат гирифт.
Мувофиқи фармоиши 511-ум аз 25 июли соли 2018 Вазорати рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи давлатии Бухоро ба 100 нафар ҷавонони бекор аз ҷониби устодони соҳибмалака курсҳои таълимии «Саводнокии компутерӣ», «Устои компутер», «Графикаи компутерӣ», «Веб-дизайн» ташкил ёфт ва ба хатмкунандагон  сертификатҳои дахлдор дода шуд. Дар натиҷа бисёр ҷавонон бинобар ихтисоси технологияҳои ахбор ба корхонаҳои вилоят ба кор даромаданд ва дар ҳамин равия бобати оғози фаъолияти соҳибкорӣ ба онҳо пойдевор гузошта шуд. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 ноябри соли 2018 «Дар бораи созмон додани гурӯҳҳои корӣ оиди омӯхтани масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ» (Ф-5396) 14-16 ноябри соли гузашта дар 376-то объектҳои мероси мадании вилояти Бухоро вазъи ҷорӣ гардидани технологияи ахбору коммуникатсия омӯхта шуд. 
Бо мақсади иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 октябри соли 2018 «Дар бораи тасдиқ намудани низоми ташаккулдиҳӣ ва молиявикунонии феҳристи лоиҳаҳои ҳудудӣ оиди ҷорӣ намудан ва рушди технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ» соли 2019 дар вилоят феҳристи манзилии татбиқ ва инкишофдиҳии технологияи ахбору коммуникатсионӣ таҳия ёфт. Якҷоя бо мутахассисони маркази бехатарии ахбор ва кӯмак ба ҳифзи тартиботи ҷамоати назди Вазорати рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доираи лоиҳаи CTF.UZ моҳи ноябри соли гузашта бо талабагони муассисаҳои таълими олӣ, ки ба кибербехатарӣ шавқ доранд ва бо кормандони масъули бехатарии ахбори органҳои давлатӣ семинари таълимӣ ва дарси маҳорат гузаронида шуд. Дар натиҷа сафи ҷавононе, ки ба ин соҳа шавқманданд, зиёд шуда, малакаи мутахассисони органҳои давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо оиди бехатарии ахбор афзуд.
– Дар бораи ҳолати имрӯзаи телекоммуникатсияҳои вилоят ҳарф мезадед.
– Дар доираи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 феврали соли 2014 «Дар бораи чораю тадбирҳои ташкил кардани фаъолияти оператори миллии алоқаи мобилӣ» дар вилояти Бухоро аз ҷониби шабакаи бухороии «Ӯзмобайл»-и ШС «Ӯзбектелеком» сохтани 191-то ситодҳои базавии GSM ба нақша гирифта шуда буд. Имрӯз 126-то стансияҳои такягоҳӣ ба кор даромада, ба аҳолии вилоят хидмати сифатноки алоқаи мобилӣ ва интернетӣ расонда мешавад. Инчунин дар давоми соли 2019 бо мақсади васеътар намудани шабакаи алоқаи мобилӣ ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Unitel» дар 50 объект, ҶММ «Ucell» дар 20 корхонаи хусусӣ, «Ӯзмобайл» дар 6 нуқта ва «UMS» дар 37 ҷой ҷойгир кардани истгоҳҳои базавии худро ба нақша даровардаанд.
Муассисаи таълими томактабии рақами 54-уми шаҳри Бухоро бобати таҷрибаивазкунӣ бо муассисаи таълими томактабии пешқадами Ҷумҳурии Куриё интихоб гардида, пас аз дар масофаи 450 метр кашидани хатти нахи оптикӣ ба интернети баландсуръат васл карда шуд. Ҳамин тариқа, дар муассисаи таълими томактабии намунавии ҳар як ноҳияи вилоят ба масофаи 13,55 км хатти нахи оптикӣ кашида, барои дастрасшавии интернети баландсуръат ба онҳо имконият фароҳам оварда шуд. Ғунҷоиши таҷҳизоте, ки хидмати интернетӣ мерасонад, ба 45,524 порт расонда шуд. Ҳоло дар вилояти Бухоро 98-то истгоҳҳои телефонӣ, ки ғунҷоиши умумиашон 126804-то 100 фоиз бо рақам фаро гирифта шуда, ба 93823 нафар истифодабарандагон хидмати замонавии алоқа расонда мешавад. Соли гузашта дар вилоят дар масофаи бештар аз 124,8 км кабелҳои дорои нахҳои оптикии алоқа кашида шуд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 апрели соли 2012 «Дар бораи Барномаи давлатии гузаштан  ба техникаю технологияи телевизиони рақамнок дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз тарафи корхонаи унитарии давлатии «Маркази радиоалоқаи радиошунавонӣ ва телевизион» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят якчандто таҷҳизоти рақамноки интиқоли телевизион сохта ба кор дароварда шуд. 
– Имконияти истифодабарӣ аз порталҳои электронӣ дар вилоят чӣ гуна аст?
– Дар ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят портали ягонаи интерактиви хидматҳои давлатӣ, Портали маълумоти кушоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қабулхонаи виртуалии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қабулхонаи виртуалии Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, портали муҳокимаи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми ахбори «Литсензия», «Назорати интизоми иҷрои ягонаи байниидоравӣ», «Ҳамкории электронии байниидораи «ICT.NIS.UZ», «Кадрҳо», «УзАСБО», «Ҳудуд», «DOCENT», «Мониторинги барномаи шуғл» ва ғайра татбиқ ёфтааст.
Ба портали ягонаи интерактивии хидматҳои давлатӣ, ки ба он ҳокимиятҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо васл гаштааст, бештар аз 2500-то муроҷиати электронӣ омада расидааст.
Бо мақсади иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 августи соли 2015 «Дар бораи чораю тадбирҳои боз ҳам такмил додани портали ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шабакаи интернет бо назардошти тақдимёбии маълумоти кушод аз ҷониби ҳокимияти вилоят 153-то маҷмӯи маълумоти кушод дар порталҳои data.buxoro.uz ва data.gov.uz ҷогузин шудааст.
Бо мақсади огоҳ намудани аҳолӣ аз корҳои васеъмиқёси ҳокимиятҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳифаҳои расмии ҳокими вилоят, ҳокимони ноҳияҳои Қарокӯл, Шофиркон ва шаҳри Когон созмон ёфтааст. Бинобар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 апрели соли 2018 «Дар бораи чораю тадбирҳои такмил додани тартиби ба истифодасупории доимии қитъаҳои замин бо мақсади ба амалбарории фаъолияти соҳибкорӣ ва шаҳрсозӣ» ҳамаи ҳокимиятҳо ва ташкилотҳои ба ҷудокунии замин алоқаманди вилоят ба низоми автоматкунонидашудаи иттилоотии «YER ELEKTRON»-и Кумитаи давлатии «Eргеодезкадастр» пайваста гардиданд.
Бо мақсади таъмин кардани кушодию шаффофии фаъолияти ҳокимияти вилоят дар шабакаи интернети миллӣ дар манзили buxoro.uz веб-сайти расмии ҳокимият амал мекунад. 
Бо мақсади созгор гардондани хидматҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои тадбиркорӣ тавассути веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят 12 намуд, ба воситаи портали хидматҳои интерактиви давлатӣ 10 намуд хидматҳои электронии давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади мунтазам омӯхтани маълумоти бонкҳои тиҷоратӣ, пешгирӣ намудани такроршавии ҷойҳои нави корӣ низоми иттилоотии «Мониторинги барномаи шуғл» дар манзили www bdat.uz ба кор даромад. 
Барои такмил додани фаъолияти  роҳбарони 56-то сектори вилоят, ҳокимони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, прокуророн, роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ ва андози давлатӣ ба низоми иттилоотии «Ҳудуд» васл гардида, бо компутери замонавии планшет таъмин шуданд. Алҳол ба ин низом ворид кардани тамоми маълумот оиди фаъолияти сектор идома дорад. Дар асоси қарори муштараки ҳайати вазорати рушди технологияи иттилоот ва коммуникатсия, раёсати шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи технологияи ахбор ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон аз 12 апрели соли 2018 озмуни «Фаъолтарин барномасози ҷавон» гузаронида шуд. Дар ин озмун мудири шуъбаи рушди технологияи ахбори шуъбаи бухороии ҶС «Ӯзбекистон почтаси» Б. Наимов бо ихтирои худ – иловаи мобилии «Post Market» иштирок карда, ғолиби марҳилаи ҳудудии озмун гардид. 
Бо мақсади дар ҷараёни ба қайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии ахбору коммуникатсия 13-то маркази хизматрасонии давлатии вилоят – «Равзанаи ягона» ба низоми иттилоотии «Бо тартиби онлайн номнавис намудани субъектҳои тадбиркорӣ» васл гардид.
Имрӯз ин марказҳо қариб 100 намуди хидматҳои давлатӣ мерасонанд.

Мусоҳиб 
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: