РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ӮЗБЕКИСТОНУ ПОКИСТОН

Моҳи марти соли равон байни Палатаи савдою саноати Ӯзбекистон ва Маркази тадқиқоти глобалию стратегии Покистон доир ба созмон додани Шӯрои тиҷоратӣ созишнома ба имзо расида буд.

9 июл дар Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҷлиси навбатии Шӯрои тиҷоратии ӯзбекистонию покистонӣ баргузор шуд. Дар чорабиние, ки Палатаи савдою саноат ва сафорати Покистон дар кишвари мо созмон додаанд, намояндагони вазорату идора, фирмаву ширкат, аҳли тиҷорату саноате, ки ба соҳаҳои хоҷагии обу кишоварзӣ, савдо, бофандагӣ, дорусозӣ, саноати сабуку чарм, мошинсозӣ ва озуқавории ду кишвар масъуланд, иштирок намуданд.
Ҷонишини якуми раиси Палатаи савдою саноат И.Ҷасимов, ҷонишини раиси Шӯрои тиҷоратии ӯзбекистонию покистонӣ Восиқ Алӣ Хон ва дигарон изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои байни Ӯзбекистону Покистон дар ҳамаи ҷабҳаҳо муттасил ривоҷ меёбанд.
Покистон яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Кишварҳои мо дар самтҳои хоҷагии қишлоқ, мошинсозӣ, тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ ҳамкориҳои хуб доранд. Соли 2017 дар назди сафорати Ӯзбекистон дар Исломобод фаъолияти намоишгоҳи доимоамалкунанда таҳти нишони «Дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст», алоқаи бевоситаи ҳавоии байни Тошканду Лоҳур роҳандозӣ шуда буд.
Дар соли 2017 табодули амвол байни Ӯзбекистону Покистон қариб 36,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Бояд махсус қайд кард, ки ҳиссаи зиёди табодули амволи Покистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кишвари мо рост меояд.
Маҷлиси навбатии Шӯрои тиҷоратии ӯзбекистонию покистоние, ки дар доираи ташрифи ҳайати ширкати покистонии «Star Marketing» созмон дода шудааст, ба фаъол гардидани робитаҳои бисёрҷанба, афзудани ҳаҷми маблағгузориҳое, ки ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварамон пешбинӣ шудаанд, имконият фароҳам меоварад.
Дар рафти суҳбат доир ба афзудани содироти маҳсулоти кишвари мо ба бозори Покистон, таҳким бахшидани робитаҳои дӯстонаи байниякдигарӣ дар соҳаи меваю сабзавотпарварӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва маснуоти тиббӣ, хоҷагии қишлоқ, техникаи маишӣ, сохтмон, бофандагӣ ва сайёҳӣ сухан ба миён омад.
Ҷонибҳо дар поёни чорабинӣ доир ба пурсамар истифода бурдани имкониятҳои Шӯрои тиҷоратии ӯзбекистонию покистонӣ бобати татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд.

Гӯзал САТТОРОВА, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: