РӮШОДГӮЙӢ ВА ОЗОДИИ СУХАН — ГАРАВИ ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТ

Инҷониб аз он ки бо сухан ва эҷод сарукор дорам, зарурат пайдо мешавад, ки гоҳо сари вожаву ибораҳои озодии сухан ва озодӣ биандешам.

Инҷониб аз он ки бо сухан ва эҷод сарукор дорам, зарурат пайдо мешавад, ки гоҳо сари вожаву ибораҳои озодии сухан ва озодӣ биандешам. Фикр мекунам, ки ҳампешагон сари ин вожаҳо бештар меандешанд. Дар ин хусус агар дар матбуоти чопии даврӣ маводе чоп шавад, бо камоли майл мехонам.
Чанде қабл Муроҷиатномаи пурмуҳтавои Президенти мамлакат ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дасти нашр расид. Дар он роҳбари давлат ба ҳамаи ҷабҳаҳои рӯзгори мо, аз ҷумла расонаҳои ахбори оммавӣ, ибрози андеша намудааст. Ин андешаҳои созанда ба Ӯзбекистони наве, ки бояд беш аз пеш озоду обод бошад, нигаронида шудаанд.
Озодӣ чист? Дасту пойи мо банде надорад. Вале оё дасту пойи фикрамон низ озод аст? Шаффофияти кору мақомоти давлатӣ оё таъмин карда шудааст? Дар назди вазорату идора ва созмонҳои давлатӣ бахши хидмати матбуот амал мекунад. Оё хидмати он ба талаби рӯз ҷавоб медиҳад?
Вожаи «озодӣ» дар фарҳангҳо раҳоӣ, халосӣ ва наҷот маънидод шудааст. Гуфтан метавон, ки мо ба истиқлолияти давлатӣ расидем. Вале, фикр мекунам, ҳанӯз истиқлолияти фикриро ба даст надаровардаем. Дар роҳи озод баён кардани фикру андеша монеаҳои зиёде вуҷуд доранд. Монеаи аввал тарсу ҳаросу бим аст, ки ҳанӯз аз ҳисори он комилан раҳо нашудаем. Монеаи дуюм каммаърифатӣ — доираи танги ҷаҳонбинии мансабдорони мост, ки панҷаҳои рӯшодгӯйӣ — озодии сухан нафаскашиашонро танг месозад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мансабдорони тангназар ба ҷони бисёр журналистон қасд кардаанд... Пас, чун ҳама дигаргуниҳои куллӣ озодии сухан низ қурбонӣ мехоҳад. Дар мо низ ҳолатҳое рух додаанд, ки мансабдорони серпул, баъди чопи мақолаҳои танқидӣ, ба журналистон ҳамла овардаанд ё ба ҳар васила онҳоро ба ҷавобгарӣ кашидаанд... Дар мо шаффофияти кору фаъолияти мақомоти давлатӣ комилан таъмин нагардидааст. Лозим меояд, ки барои гирифтани маълумот журналист ба хидмати матбуоти идора ва корхонаву созмонҳои давлатӣ бо мактуби расмӣ муроҷиат намояд. Ин аст, ки маълумоти зарурӣ сари вақт дастрас намегардад...
Дар Муроҷиатнома ин суханони роҳбари давлат: «Бояд махсус таъкид кард, ки расонаҳои ахбори оммавӣ дар баробари холисона инъикос намудани дигаргуниҳои куллие, ки дар мамлакатамон ба вуқӯъ мепайванданд, эътибори идораҳои давлатӣ, ҷамъият ва роҳбарони тамоми дараҷаҳоро ба ҳалли мушкилоти муҳим дар маҳалҳо сафарбар менамоянд... Албатта, матолиби тезутунд ва танқидӣ ба бисёр соҳибмансабон дар маҳалҳо хуш намеояд, оромӣ ва ҳаёти беғамонаи онҳоро халалдор месозад. Аммо рӯшодгӯйӣ ва озодии сухан талаби замон, талаби ислоҳот дар Ӯзбекистон мебошад», ба рӯшодгӯйиву ошкорбаёнӣ, шаффофияти кору фаъолияти мақомот ва идораҳои давлатӣ дахл доранд. Вале дар мо ҳанӯз мансабдорон барои муколамаи рӯёрӯ бо журналистон вақт надоранд, мулоқоти «зинда» ба дӯши ходимони хидмати матбуот бор карда мешавад...
Ба фикрам, ин суханони роҳбари давлат: «Минбаъд ҳар як мақомоти давлатӣ дар фаъолияти рӯзмарраи худ бояд  бо расонаҳои ахбори оммавӣ гуфтугӯйи доимӣ ва ҳамкориро роҳандозӣ намояд» ба шаффофияти кору фаъолияти мақомоти давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бояд эътироф намуд, ки дар се-чор соли охир дар кишварамон фазои рӯшодгӯйӣ ва озодии сухан бозтар гардидааст. Дар ин кори созанда журналистони фидоӣ ва блогерҳои дилу гурдадор ва беғараз саҳм мегузоранд. Вале ба қавли сарвари мамлакат «... мо ба оҳистагӣ дар муҳити рӯшодгӯйӣ ва озодии сухан кор ва зиндагӣ карданро меомӯзем».
Ин гуфтаҳои Муроҷиатнома: «Соли оянда (яъне ҳамин сол) асосҳои ҳуқуқии таъмини озодии сухан, рушди ҳамаҷонибаи расонаҳои ахбори оммавӣ, фаъолияти озодонаи журналист ва блогерҳо боз ҳам мустаҳкамтар мегардад», ба дилҳо умед мебахшад.
Дар матбуот доир ба аз худ кардани таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон сухан бисёр гуфта мешавад. Мо дар пайравӣ ба онҳо давлати миллӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд месозем. Ба фикрам, кишварҳои рушдкарда ба туфайли шаффофияти кору фаъолияти мақомоти давлатӣ, ошкорбаёнӣ ва озодии сухан по ба зинаҳои тараққиёт ниҳодаанд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: