РӮШОДӢ, ОШКОРБАЁНӢ ВА РАҚАМИГАРДОНӢ — МУҲИМТАРИН ОМИЛҲОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Маълум аст, ки бартараф намудани ҳар гуна монеаҳое, ки садди роҳи рушди ҷомеа мегарданд ва мубориза бурдан бо он самти устувори муҳим ба ҳисоб меравад.

Маълум аст, ки бартараф намудани ҳар гуна монеаҳое, ки  садди роҳи рушди ҷомеа мегарданд ва мубориза бурдан бо он самти устувори муҳим ба ҳисоб меравад. Эътироф бояд кард, ки бузургтарин монеа дар роҳи рушди ҷомеа коррупсия мебошад. Агар ба таърих назар афканем, решаҳои коррупсия ба таърихи дур рафта мерасад. Инсоният аз замонҳои қадим бо он мубориза бурда омадааст. Роҳи комилан халос шудан аз ин иллат ҳанӯз ёфт нашудааст.
Имрӯз, коррупсия омилест, ки барои рушди самарабахши иқтисодиётамон садди калон гардида, миқдори зарари ба ҷомеа расондаи он хеле бузург аст. Таъкиди «ба амнияти миллии ҳар як давлат таҳдид ба ҳисоб рафтани коррупсия, сатҳи коррупсия ҳар қадар баландтар бошад, давлат ҳамон дараҷа камбизоат мегардад» далел талаб намекунад.
Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагии такмил додани низоми мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул карда шуд, ки дар он усулҳои самарабахши мубориза бо ин иллат таҷассум ёфтааст. Ҳуҷҷати мазкур дар мубориза бо коррупсия яке аз қадамҳои зарурии ҳуқуқӣ гардид. Мувофиқи фармон Агентии мубориза бо коррупсия таъсис дода шуда, як қатор вазифаҳои он бобати мубориза ва пешгирии коррупсия муайян карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки 3 феврали соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021»  дар соли «Дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» қабул шуд.
Бо фармон татбиқи лоиҳаи «Е-Антикоррупсия» пешбинӣ шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур:
ташаккул додани «Феҳристи электронии муносибатҳои ба коррупсия алоқаманд» бинобар натиҷаи баррасии пешниҳоди аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба аз байн бардоштани омилҳои коррупсиогенӣ, таҳлили амиқ дар қисмати соҳаҳо ва ҷанбаҳо, ҳамчунин баргузор намудани пурсишҳои ҷамъиятӣ ворид гардида;
дар асоси «Феҳристи электронии муносибатҳо, ки ба коррупсия майл доранд», муҳокимаи васеъ дар байни коршиносон ва намояндагони институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба пешниҳодҳо оиди бартараф кардани ҳар як омили коррупсия, пеш аз ҳама, тавассути рақамисозӣ (навбатдории электронӣ, музоядаҳо ва дигар усулҳои замонавӣ) таъмин сохтани шаффофият ва  назорати ҷамъиятӣ кор карда шавад;
баҳодиҳӣ ва дар пояи омӯхтани фикру ақидаи ҷамъиятӣ эълон кардани натиҷаи чораҳои татбиқшуда ва таъсири онҳо барои аз байн бардоштани омилҳои коррупсиогенӣ.
Ҳамзамон, бо фармон дар муддати се моҳ коркарди лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст, ки механизмҳои татбиқи лоиҳаи «Е-Антикоррупсия» ва барномаи ҳамаҷонибаи чорабиниҳоро оид ба бартарафсозии муносибатҳои коррупсионӣ ба назар мегирад.
Бо ҳуҷҷати дар боло овардашудаи сарвари давлат васеъ гардондани рӯйхати маълумотҳо, ки бояд дар тӯли ду моҳ ба ҳама маълум карда шавад, аз ҷумла ҳайати комиссияҳои тендерӣ ва озмунҳо дар доираи харидҳои давлатӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ инчунин оид ба додани ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ, иштирокдорони ҷараёни хариду фурӯши активҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ, пешниҳодҳо оид ба рӯшод эълон кардани маълумот ба мисли гирандагони андоз ва имтиёзҳои дигар муайян шудааст.
Боз як ҷиҳати дигари муҳим он аст, ки якчанд банди Барномаи давлатӣ, ки бо фармон тасдиқ шудааст, ба таъмини рӯшодӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва бо ин роҳ пешгирии коррупсия нигаронда  шудааст. Аз ҷумла, банди 7-уми барномаи давлатӣ ҷорӣ намудани низоми муассир ва шаффофи интихоб кардани кадрҳо дар хидмати шаҳрвандии давлатӣ, такмили ихтисос ва баҳо додан ба фаъолияти онҳо муайян карда шуда, дар банди 13 васеъ гардондани рӯйхати маълумоте, ки бояд рӯшод эълон карда шаванд,  коркарди консепсияи шаффофияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, бинобар ҷамъбасти ҳар сол муайян кардани индекси шаффофияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки аз нав дида баромадани муддати даврияти навсозии иттилооти аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар веб-сайтҳояшон ҷойгирнамударо муайян намудааст.
Чорабиниҳои мазкур ба Барномаи давлатӣ бесабаб ворид карда нашудаанд, зеро истифодаи оқилона ва самараноки маблағҳои буҷет метавонад дар ин раванд боиси бархӯрдҳои манфиатҳо гардад, натиҷаҳои мусбат танҳо дар сурате ба даст оварда мешаванд, ки назорати доимӣ ва мунтазами ба таъмини шаффофияти муносибатҳои байни соҳиби маблағ (шахси мансабдор) ва маблағгиранда нигарондашуда, ба ин васила муносибатҳои бидуни коррупсия ташаккул дода шавад.
Дар навбати худ, мо мебинем, ки дар Фармон  ба зарурати таъмини рӯшодӣ ва шаффофияти мақомоти давлатӣ ва рақамисозии фаъолияти онҳо,  дар кишвари мо  истифода бурдан аз усулҳои нави муосири мубориза ва пешгирии коррупсия ва фароҳам овардани низоми аз таҳлилҳои амиқ асосёфта эътибори алоҳида дода шудааст. 
Дар ин раванд, мо депутатҳо дар офаридани механизмҳои зарурии ҳуқуқӣ бояд барои иҷрои бечунучарои вазифаҳои муайяншуда  ташаббускорӣ нишон диҳем ва назорати самарабахши парлумонии таъсирбахшро, ки ба таъмини иҷрои Барномаи давлатӣ нигаронда шудааст, пеш барем.
 
Ҷаҳонгир ШИРИНОВ,
раиси Кумитаи масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва суду ҳуқуқи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: