Маскав исрор дорад, ки марказҳои тайёркунии муташаккили муҳоҷирони корӣ дар кишварҳое ифтитоҳ шавад, ки теъдоди бештари онҳо ба Русия фиристода мешаванд.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, зимни суханронӣ дар соати ҳукумат дар ҷаласаи умумии Думаи давлатӣ изҳор дошт.
«Ҳоло мо исрор дорем, ки бо кишварҳое, ки бахши асосии муҳоҷирони меҳнатиро таъмин мекунанд, инҳо Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд, чунин марказҳо ифтитоҳ карда шаванд ва мо бо онҳо розӣ ҳастем, ки дар ин кишварҳо марказҳои тайёркунии муҳоҷирони корӣ ташкил карда шаванд», -- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, чунин марказҳо метавонанд муҳоҷиронро оиди омӯхтани забони русӣ ва донистани қонунгузории Федератсияи Русия тайёр кунанд, хабар медиҳад ТАСС. С.Лавров қайд кард, ки вазъе, ки бо муҳоҷирон ба вуҷуд омадааст, бахусус вақте сухан дар бораи ҳодисаҳои марбут ба онҳо меравад, дар ҷомеа вокуниши эҳсосотӣ ба бор меорад. Ӯ қайд кард, ки ҳоло ба ин мушкил аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хеле ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.
«Маълум аст, ки ин равандҳо имрӯз дар ҷомеа вокунишҳои норавшанро ба вуҷуд оварда истодаанд, мо мебинем, ки чӣ гуна ҳодисаҳои мухталифи марбут ба муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳуриҳои ҳамсояи мо аз ҷиҳати эҳсосотӣ қабул карда мешаванд», -- афзуд ӯ.
Ҳамзамон, тавре раиси ВКХ Русия қайд кард, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русияро бо муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб ё Қатар кор мекунанд, муқоиса кардан мумкин нест, зеро одамоне, ки аз ИДМ меоянд, қаблан шаҳрвандони давлати ягона буданд.
«Дар ҳолати мо ин ҳодисаи таърихии хеле тоза аст, ки онро метавон бо роҳҳои гуногун арзёбӣ кард, аммо он, албатта, ба ҳаёти мардуми оддӣ, аз ҷумла онҳое, ки ба ҳаракат кардан дар кишвари бузург, ягонаи худ дар ҷустуҷӯи кор одат кардаанд, таъсири манфӣ расонд», -- гуфт дар хотима вазир.