Донишгоҳи давлатии Самарқанд на танҳо дар кишвар, балки байни боргоҳҳои таълими олии хориҷӣ низ нуфузу эътибори хосса дорад.
Далели фикри мо он аст, ки имрӯз ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таълими олии ҷаҳон густариш ёфта, сол то сол теъдоди довталабоне, ки дар ин донишгоҳ таҳсил гирифтан мехоҳанд, меафзояд. Дар мисоли қабули довталабон гирем, имсол ДДС аз рӯйи қабули аризаи довталабон дар кишвар ҷойи аввалро гирифт.
Мусоҳибаи мо бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Рустам Холмуродов дар арафаи тайёрӣ ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди ислоҳоти солҳои истиқлол дар сохтори таълим, бурду бохти соҳа ва вазифаҳои минбаъда сурат гирифт.
– Ба мақсади васеъ таҷлил намудани 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар, ки манбаи асосии тамоми комёбиҳои мо дар роҳи бунёди ҳаёти озод, рушди ҳамаҷонибаи мамлакат мебошад, барномаи чорабиниҳои махсусро таҳия намудем, – гуфт Рустам Иброҳимович. – Таҳти шиори «Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман!» иҷрои корҳои маънавию маърифатӣ ва иттилоотиву фаҳмондадиҳиро дар асоси Стратегияи ҳаракат доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва Барномаи давлатии «Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ» ба нақша гирифтем ва ҳоло кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки чорабиниҳоро амалӣ намоем. Аллакай дар ҳар як факултаи донишгоҳ бо иштироки устодон ва гурӯҳи шогирдон, ки таҷрибаомӯзӣ мекунанд, вохӯриҳои фарҳангӣ, шабнишиниҳои бадеиву адабӣ ва дигар чорабиниҳоро ташкил ва дар онҳо иштироки академикҳо, собиқадорони таълими халқ, адибон, шоирон, мусаввирон, санъаткорон ва дигар намояндагони илмро таъмин мекунем.
Алалхусус, бо донишҷӯёни факултаи таълими мусиқӣ барои гузаронидани озмуни «Ту ягона ва муқаддасӣ, Ватан!», ки истиқлолияти кишвари моро васф мекунад, барномаҳои махсус омода карда мешавад.
– Муҳтарам, Рустам Иброҳимович, ДДС бо кадом муассисаҳои таълими олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад?
– Соли 2017 Сарвари давлатамон ҳангоми сафар ба Хитой гуфта буд, ки аллома Конфутсий яке аз асосгузорони донишгоҳҳо дар дунёи қадим аст. Ин мутафаккир барои инкишофи маданияти маънавӣ, ҳаёти сиёсӣ, илму фарҳанг ва сохти ҷамъияти Хитой таъсири калон расондааст, ки ӯро ҳамчун «Муаллими 10 ҳазор насл» эътироф менамоянд. Бинобар ин, бо ташаббуси Президент маҳз дар шафати донишгоҳи мо хиёбони Конфутсий бунёд гардид, ки сохтмони он идома меёбад. Сарвари давлатамон ҳангоми ташриф ба Самарқанд ба ин хиёбон омада, маслиҳатҳои муфид дод.
Инчунин, дар шафати хиёбон ташкил кардани «Маркази таълими байналхалқӣ» ба нақша гирифта шудааст. Имрӯзҳо ДДС бо мактабҳои олии пешқадаму бонуфузи дунё, аз он ҷумла, донишгоҳҳои Сукуби, Нагоя (Ҷопон), Сеул, Донгук (Кореяи Ҷанубӣ), Ҷавоҳирлаъл Неҳру (Ҳиндустон), Сорбонна (Фаронса), Гранада (Испания) ва боргоҳҳои таълими олии беш аз 30 кишвари дигар ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар оянда донишҷӯёни Самарқанд метавонанд ба хориҷа рафта, таҳсили илм намоянд ва баробари ин, хориҷиён дар донишгоҳи мо соҳиби маълумоти олӣ гарданд.
– Шодравон Ботурхон Валихоҷаев ҳар гоҳ дар суҳбату вохӯриҳои фарҳангӣ бо фахр мегуфтанд, ки Донишгоҳи давлатии Самарқанд таърихи 600-сола дорад ва ба он олими машҳури Шарқ Мирзо Улуғбек асос гузоштааст...
– Ҳақ асту рост. Бинобар ин, мо ба номи Сарвазир мактуби расмӣ ирсол намуда, таклиф кардем, ки 21-уми сентябри соли 2020 дар ДДС 600-солагии таъсиси донишгоҳ таҷлил гардад. Зеро маҳз 21-уми сентябри соли 1420 набераи дӯстдоштаи соҳибқирон Амир Темур, арбоби давлатӣ ва инсони маърифатпарвар Мирзо Улуғбек дар майдони Регистон мадраса сохт ва нахустин дарси худро гузашт. Дар ҳамин мадраса олиму мутафаккирони зиёд ба камол расиданд, ки донишмандони барҷастаи давр Муҳаммади Хофӣ, Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддини Қошӣ, Алӣ Қушчӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Мавлоно Нафиси Самарқандӣ ва дигарон аз он ҷумлаанд.
Агар мадрасаи Улуғбек аз аввалин боргоҳҳои бонуфузи илмии Самарқанд бошад, соли 1927 дар ин шаҳри қадимӣ донишгоҳи нав ташкил шуд, ки бидуни шубҳа давомдиҳандаи фаъолияти мактаби Мирзо Улуғбек аст. Қобили зикр аст, ки тӯли ин солҳо дар ДДС бисёр арбобони давлатӣ, академикҳо, адибу шоирони маъруф мисли Иброҳим Муъминов, Султон Умаров, Яҳё Ғуломов, Алоуддин Баҳовуддинов, Воҳид Абдулло, Акбар Аҳтамов, Шавкат Воҳидов, Ҳамид Олимҷон, Шароф Рашидов, Ҳабиб Юсуфӣ ва дигарон таҳсил гирифтаанд.
Ҳоло дар донишгоҳ қариб бист факулта фаъолият дошта, беш аз 13 ҳазор донишҷӯ бо илмомӯзӣ машғуланд. Ба онҳо 80 нафар доктор ва 300 нафар номзади илм, ҳамагӣ 800 нафар профессор-устодон илм меомӯзанд. Дар соли хониши нав қариб 5 ҳазор нафар писарону духтарон ба бахти гирифтани номи донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мушарраф мегарданд.
– Тӯли солҳо дар сохтори таълим кор бурдед. Ҳамчун корманди собиқадори ин соҳа ба ислоҳоте, ки дар соҳаи таълими олии кишвар амалӣ мегарданд, чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Солҳои охир бобати бозсозии низоми таълими олӣ ва миёнаи махсус, рушди илм, ҷорӣ намудани шаклҳои замонавӣ ва технологияҳои таълим корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Дар давраи сипаришуда бо назардошти талаботи сектори воқеии иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар сохтори таълими олӣ як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ қабул гардиданд, ки ҳама ба беҳсозии сифати таълим нигаронида шудаанд. Чанде пеш бо мақсади ба роҳ мондани тайёркунии мутахассисони баландихтисос аз тариқи куллан такмил додани низоми таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ, минбаъд боло бардоштани самаранокии идораи давлатӣ дар соҳа фармони Президент «Дар бораи чораҳо оид ба ислоҳсозии идораи соҳаи таълими олӣ ва миёнаи махсус» қабул гардид, ки корҳои амалишавандаи ин соҳаро ба зинаи нав хоҳад баровард. Мувофиқи фармон Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус минбаъд мақомоти ваколатдори давлатӣ бобати татбиқ сохтани сиёсати ягона дар соҳаи таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ ба шумор меравад. Инчунин, ба мақсади ҷалби васеи шаҳрвандони хориҷа барои таҳсил дар муассисаҳои таълими олӣ ва касбии ҷумҳурӣ дар боргоҳҳои таълими олӣ самтҳои махсуси таълими бакалавриат, ихтисосҳои магистратура, касбҳо ва ихтисосҳо кушода мешаванд ва забони таълиму шумораи донишҷӯёнро, ки барои ташаккул додани гурӯҳҳои академӣ заруранд, мушаххас менамоянд.
– Инак, дар донишгоҳ имтиҳонгирӣ оғоз ёфт. Корҳои омодагӣ ба ин маъракаи ҷиддӣ ва пурмасъул чӣ тавр сурат мегирад?
– Воқеан, санҷишҳои эҷодӣ бо тайёрии пухта ҷараён гирифт. Масалан, дар варзишгоҳи «Динамо»-и Самарқанд довталабони факултаи тарбияи ҷисмонӣ имтиҳон месупоранд. Бояд таъкид намуд, ки дар факултаи мазкур барои якто ҷой 40 нафар талош меварзанд. Агар дигар хел гӯем, 4793 нафар ариза афтода, ҳамагӣ 130 нафар қабул хоҳад шуд. Аллакай 57 нафар чемпионҳои ҷаҳон, Осиё ва Ӯзбекистон аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш бо тавсиянома, яъне сертификати Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар асоси гранти давлатӣ қабул шуданд. Дар факултаҳои санъати тасвирӣ ва таълими мусиқӣ низ санҷиш идома меёбад.
Барои шаффофу ошкоро гузаштани имтиҳон камераҳо ва барои ҷараёнро бевосита тамошо кардани волидон мониторҳо гузошта шудааст. Назорати имтиҳонсупорӣ ба зиммаи ходимони шуъбаи вилоятии Маркази тести давлатӣ ва аъзои комиссияи махсус гузошта шудааст.
Дар дигар факултаҳо имтиҳони қабул аз 29-уми июл то 16-уми август идома меёбад. Барои дар куҷо, кай ва чӣ хел гузаштани санҷиши тест тавассути веб-сайти махсуси донишгоҳи мо, шабакаҳои интернет маълумот гирифтан мумкин аст.
– Рустам Иброҳимович, шумо ҳамчун устод барои илмомӯзони ҷавон чӣ таманно доред?
– Камина доим ин байти машҳури Абулқосим Фирдавсиро такрор мекунам:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Мақсади асосии ман соҳиби илму дониши ҳақиқӣ шудани фарзанду набераҳоямон мебошад. Агар дипломи Донишгоҳи давлатии Самарқандро дар хориҷа эътироф намоянд, шогирдони мо бо амалҳои шоёни худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кунанд, ин пеш аз ҳама, комёбии донишгоҳ аст.
Суҳбаторо
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.