РУСТАНИИ ШИФОБАХШ – ДАР ОҲАЛИК

Аз асарҳои аллома Ибни Сино ва дигар табибони машҳур маълум аст, ки ҳосили дарахти бисёрсолаи ангат (облепиха) барои бисёр бемориҳо шифобахш мебошад.

Равғани онро табибони мардумии Самарқанд низ барои табобат истифода мебаранд. Ин рустанӣ дар соҳилҳои дарёи Зарафшон нашъунамо меёбад.
Аъзои гурӯҳи ташаббускори «Самарқандро ҳифз мекунем!», ки роҳбараш журналист Анастасия Павленко мебошад, боз ба як кори хайру савоб даст заданд. Онҳо ниҳолҳои ангатро аз соҳили дарёи Зарафшон барои парвариш ба Шаҳнондараи деҳаи Оҳалик кӯчонданд.
«—Барномаи сарвари давлат «Макони сабз» имконият дод, ки дар кӯҳистон «Боғи дӯстӣ» барпо намоем, – гуфт Анастасия Владимировна. – Чанде пеш қариб 200 бех ниҳоли дарахти пистаро бо кӯмаки беғаразонаи донишҷӯёни Донишгоҳи байналхалқии «Роҳи бузурги абрешим»-и Самарқанд шинонда будем. Қабл аз парвариши ниҳолҳо тарзи сабзонидани онро аз мутахассисони соҳаи боғу ҷангал фаҳмидем.
Дар ҳашари ободонию сабзгардонӣ журналистони «Овози тоҷик», ҷанговарони байналмилал, дӯстдорони табиат ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд.
Ният дорем, ки дар оянда ниҳолҳои бодом, чормағз, тути балхӣ, инчунин арча ва ғайраро низ парвариш намоем.

Баҳодури ЗОҲИР,
узви созмони 
«Самарқандро ҳифз мекунем!».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: