РӮҲАНГЕЗИ СОҲИБИСТЕЪДОД

Рӯҳангез Мардонова — зодаи маҳаллаи Мӯлиёни шаҳри Самарқанд ҳоло 17-сола аст.

Рӯҳангез Мардонова  — зодаи  маҳаллаи Мӯлиёни  шаҳри Самарқанд ҳоло 17-сола аст. Бо амри тақдир ҳоло бо аҳли оила даҳ сол аст, ки дар Амрико истиқомат дорад. Мо ӯро дар ҷараёни таҳияи  “Тазкираи  эҷодкорони муҳоҷир” тавассути бобояш Аҳмадҷон Аҳрорӣ, ки аз маърифатпарварони Самарқанд аст ва ҳоло  ҳамчун  бархе аз ҳамдиёрони мо бо хонаводааш дар Амрико зиндагӣ дорад, дарёб кардем. Соҳиби истеъдоди хоса будани ин духтараки самарқандиро аз ҳолномааш, ки онро худаш нақл кард, ба хубӣ донистан  мумкин аст.
«...Ҳанӯз, ҳангоми шашсолагӣ, дар деворҳо расм мекашидам. Ман аз синфи панҷум ба мактаби дигар  гузаштам. Нахуст дар ин мактаб дӯстони навро пайдо кардан душвор шуд.
Чун бори аввал ба китобхонаи он даромадам, ба ман хеле маъқул шуд. Зеро дар он ҷо курсиҳои мулоим ва  болинчаҳои мувофиқ барои нишаста  китоб хондан мавҷуд буданд. Рафҳо пур аз китоб. Агар шумо китоби зарурро пайдо карда натавонед, муаллим дасти  ёрӣ дароз мекард. Китобҳо дӯстони ман буданд. Ба туфайли китоб боз бисёр дӯстони китобхон пайдо кардам.  
Дар синфи шашум маро ба  гурӯҳи нақшакашӣ пайвастанд. Дар ин ҷо ман донистам, ки  барои мусаввир  чиҳо лозиманд ва чӣ гуна рангҳои махсуси тасвирӣ мавҷуданд. Муаллима маро баъди дарс ба маҳфили мусаввирӣ даъват кард, бо ҷону дил розӣ шудам  ва бештарин вақти худро дар ин маҳфил мегузаронидам. Зеро мо – иштироккунандагони маҳфил хеле аҳлу тифоқ будем ва асосан барои сураткашӣ ҷамъ мешудем. Барои мо ҳамаи шароит – ранг, қаламу ашёи расмкашӣ муҳайё буд. 
Дар синфи ҳафтум дар мактабамон клуби рақс ташкил шуд ва ман ба машғулотҳои он низ иштирок мекардам. Ин давр лаҳзаҳои хуштарин ҳаёти ман буд. 
Хонаи рақс оинакорӣ буд ва маро лозим меомад, ки ба саҳна ҳам бароям. Муаллима рақси маро дида, маслиҳат дод, ки баъди дарс монда бештар машқ кунам. Ман розӣ шудам ва  ҳар ҳафта рӯзи сешанбе баъди дарс таҳти оҳанг мерақсидам. 
Дар тадбирҳое, ки дар мактаб ташкил мешуданд, рақс мекардам  ва ин ба ҳама маъқул буд. 
Ман хушбахтам, ки дар намоиши Бруклин  бо мусаввараи  “Дили кишвар”  иштирок карда, сазовори мукофоти баланд гардидам.
Ҳамзамон ман ба Мактаби олии санъати Ла-Гуардия дохил шудам. Ҳеҷ гумон надоштам, ки ба ин мактаб дохил мешавам. Ла-Гуардия мактабест, ки дар он раққосаҳои касбӣ, актёрҳо ва фарзандони ҳунарпешаҳои  машҳур таҳсил мекунанд. Ҳоло дар бахши сеюм (синфи  ёздаҳум) бо баҳои аъло таҳсил мекунам.  
Дар Ла-Гуардия аз рӯйи ихтисосҳои  санъати тасвирӣ, рақс, драма ва асбобҳои мусиқӣ таълим дода мешавад. Китобхонааш бо компутери замонавӣ, ҳама гуна адабиёти дарсӣ ва илмӣ, дигар ҳама маводи барои таҳсил зарурӣ ва кори илмӣ таъмин аст. Муаллимон, агар душвории шуморо бобати аз худ намудани ягон ҷиҳати таълим мушоҳида кунанд, фавран кӯмак мерасонанд. Лекин ман кӯшиш менамоям, ки ба чунин ҳолат наафтам.
Дар хурдсолиам модаркалонам мегуфт, ки “Ту маликаи мо ҳастӣ”. Ман калонтар шуда, ин муҳаббатро боз бештар эҳсос менамоям. Яъне тамоми хонавода ба ман пушту паноҳ ҳастанд. 
Мақсади ягонаи ман бештар хондан ва омӯхтан».
Рӯҳангез дар санъати рақс ва мусаввирӣ пайваста ба муваффақиятҳо ноил мегардад. Дар жанру намудҳои гуногуни санъати тасвирӣ қувваозмоӣ намуда, ҳунари худро сайқал медиҳад. Пайваста бо ин орзу дорад, ки ба мактаби олии духтурӣ дохил шуда, дар табобат низ муваффақ шавад.
Ногуфта намонад, ки  Рӯҳангез забони  модарии худ – тоҷикиро дӯст медорад ва дар фурсатҳои муносиб ба додаронаш  низ ин забонро меомӯзонад. 

Умеда ҚАМАРОВА.
Ню-Йорк. ИМА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: