Ҳақ аст маънии ин гавҳари манзуми Шамси Табрезӣ. Ҳеч кас дар оғӯши гаҳвора ба дараҷаи имрӯзааш набуд.
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳақ аст маънии ин гавҳари манзуми Шамси Табрезӣ. Ҳеч кас дар оғӯши гаҳвора ба дараҷаи имрӯзааш набуд. Вайро баъдтар таҷрибаи рӯзгор, панди омӯзгор, расонаҳои рӯзномаву моҳнома ва солномаҳо ба қофилаи бузургон ҳидоят намуд. Хосса, рӯзномаи «Овози тоҷик» ба чакидаҳои аввалини чун ман ҳаводори шеъру шоирӣ, иншо кардан бетараф набуд. Дар пухта шудани иншо ва расидани меваҳои нахли манзуму мансур аз ҳиммати волои кормандони рӯзнома, махсусан, Абдулло Субҳон миннатпазирем.
Дар соҳилнишин гаштани муштариёни шеъру шоирӣ, рушду камоли забони тоҷикӣ ва осори қаламкашон ҷидду ҷаҳди мавҷҳои наҳри дамони баёни рӯзнома хотирмон аст.
Онҳое, ки ба аспи такаббур саворанду нисбат ба ҳусни баёни забони модариашон бетарафанд, аз гузари маданияти суханварӣ нагузаштаанд, дар ҳавои ба забони модарӣ хидмати беминнати фарзандона кардан нестанд, аз олами илму адаб дуранд, аз ҷалоли тарбия бебаҳра мондаанд, бо панду андарзҳои рӯзнома ба худ меоянд.
Ҳеч ҳеч аст, аз хоку оби мусоид рустанӣ мерӯяд. Банда аз саҳифаҳои ин рӯзнома аз он сабаб сипосгузорам, ки вай Малики мутағайрро Малики Кабир кард, олимам, шоирам, нависандаи муътақидам кард.
Илоҳо, умри «Овози тоҷик» солиёни сол, асрҳои аср поянда бошад, аз ҳусни баёнаш рӯҳи муассиси он – устод Садриддин Айнӣ болида гардад!
Малик КАБИРОВ,
ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.