РӮҲУ ИЛҲОМИ ТОЗА БАХШИД

Дар Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат таҳлилу муҳокима гардид.

Дар Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат таҳлилу муҳокима гардид. Сарвари давлат дар нутқи худ таъкид намуд, ки қатъи назар аз пандемияи коронавирус, ки дар қатори дигар мамлакатҳои дунё ба ҳаёти мо низ ворид гардида, ба иқтисодиёти кишварамон ва рушди бисёр соҳаҳо таъсири ногувори худро расонид, вазифаҳои банақшагирифташуда дар Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ асосан ҳалли худро ёфтанд.
– Мақсади ниҳоӣ аз ислоҳоти иқтисодӣ дар соли нав коҳиш додани сатҳи камбағалӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуҳолии аҳолӣ аст, – қайд намуд Президент. Зикр гардид, ки барои аз қайди камбағалӣ раҳоӣ ёфтан пеш аз ҳама ҳар як шахс дар назди худ мақсади аниқ гузошта, барои ба ҳадаф расидан бояд саъю кӯшиш намояд. Ш.Мирзиёев таъкид намуд, ки бо ин мақсад соли 2021 дар саросари мамлакат дар маҳаллаҳо беш аз ҳазор маркази касбу ҳунаромӯзӣ ба фаъолият оғоз менамоянд. Дар ин марказҳо ҷавонон метавонанд касбу ҳунари дилхоҳи худро аз бар намуда, фаъолияташонро пеш баранд.
Як қисмати асосии Муроҷиатнома бевосита ба масъалаи таълиму тарбия, ислоҳоте, ки дар ин самти муҳим ба нақша гирифта шудаанд, бахшида шуд, ки ҳамчун намояндаи ин соҳа ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Аз ҷониби сарвари давлатамон пешниҳод гардидани ғояи «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз таълиму тарбия сар мешавад» маъно ва аҳамияти басо амиқеро дар худ таҷассум месозад. Таъкид гардид, ки то охири соли 2021 бо таълими томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон ба 65 фоиз, то охири соли 2023 бошад, ба 75 фоиз расонида мешавад. Сохтмони мактабҳои нав, таъмир ва азнавсозии таълимгоҳҳое, ки ба он эҳтиёҷ доранд, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии онҳо дар маркази диққат қарор мегирад. Инчунин, дар бисёр ҳудудҳои кишварамон, аз ҷумла дар маркази вилоятамон – Тирмиз сохта ба истифода додани мактаби Президентӣ ва таълимгоҳҳое, ки ба амиқ омӯзонидани фанҳои ҷудогона нигаронида шудаанд, ба нақша дароварда шуд, ки албатта боиси хушнудист. Табиист, ки ҳамаи ин ба таълиму тарбияи мукаммал гирифтани насли наврас, баркамол ба воя расидани онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Президент Ш.Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ оид ба сифати китобҳои дарсӣ, ки воқеан ҳам ба талаби имрӯза ҷавоб намедиҳанд, фикри худро иброз намуда таъкид намуд, ки бояд ҳарчи зудтар барои мактабиён китобҳои дарсие офарида шаванд, ки ҳам фаҳмою дастрас бошанд, ҳам қобилияти фикрронӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро вусъат бахшанд. Гуфта шуд, ки аз соли хониши оянда дар синфҳои ибтидоӣ ба ҷои стандарти давлатии таълим дар асоси таҷрибаҳои пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ «Барномаи миллии таълим» ҷорӣ карда мешавад, ки он ба донишомӯзон сарбории зиёдатӣ намеорад.
Бо пешниҳоди сарвари давлат Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ ном гирифтани соли 2021 низ ҳамаи моро вазифадор мекунад, ки баҳри ҳамаҷониба кӯмаку дастгирӣ намудани ҷавонону наврасон, ки бешубҳа, қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд, таълиму тарбияи хуб гирифтани онҳо, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои ҷавонон ва ҳалли дигар мушкилоти мавҷудаи ин соҳа, инчунин пойдории тандурустиву саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми арзандаи худро гузорем.

Турдиқул ҲАСРАТОВ, 
директори мактаби таълими умумии рақами 29-уми 
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: