«РӮЗАТОН БА ХАЙР!»

Яке аз рӯзҳои наврӯзии соли 1978 дар хонадони сокини деҳаи Алиёри маҳаллаи Навоии ноҳияи Пешкӯ Раҳимбой Тӯхсанов хушнудӣ рух дод.

Фарзанди ёздаҳум Дилнавоз ба олами ҳастӣ чашм кушод. Бояд таъкид намуд, ки вай фарзанди охирини хонадон нест, балки хоҳаре дорад.
Ҳамин тариқ  Дилнавоз дар оилае ба воя расид, ки он ҷо чор писару ҳашт духтар дар муҳити меҳнатдӯстию ростӣ нашъунамо ёфтаанд. Сарвари хонадон азбаски раиси хоҷагӣ буду масъулияти зиёдро дар ӯҳда дошт, бо масъалаи тарбияи фарзандон бештар модари мушфиқ Норҷон Норова машғул мешуд. Масъулиятшиносию таҳсили аъло дар мактаб қариб барои ҳамаи бародарону хоҳарон  хос буд. Якчанд нафар бародарону хоҳарон соҳаи омӯзгориро пеша намуданд. Яке аз онҳо Қаҳрамон Тӯхсанов ба дараҷаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент  расид.
Дилнавози наврас низ ба касби бародараш дил баст. Баъди хатми мактаби миёнаи ҳамон вақт тоҷикии рақами 10 ба номи Садриддин Айнӣ ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бухоро супурд. Бахташ хандиду аз имтиҳонҳои қабул бо муваффақият гузашт  ва бахти донишҷӯӣ насибаш гашт.
Дилнавоз, вақте ки дар курси охирин таҳсил мегирифт, воқеае рух дод, ки ба маҷрои зиндагии вай таъсири амиқ гузошт.
Аниқтараш барои барномаҳои тоҷикии «оинаи нилгун»-и шуъбаи телевизион ва радиошунавонии вилоят баранда, ровӣ лозим шуду мутасаддиёни кор барои пайдо намудани кадри муносиб ба факултаи филологияи ӯзбеку тоҷики ҳамонвақтаи Донишгоҳи давлатии Бухоро муроҷиат карданд. Ниҳоят, баъди озмуни пешбинишуда масъала ҳалли худро ёфт. Дилнавоз  бобати  ровигӣ нисбати дигарон волотар будани худро дар амал исбот кард. Ҳамин тариқ, вай  соли 1999 фаъолияти меҳнатии худро дар Ширкати телевизион ва радиошунавонии вилоят  оғоз намуд. Дилнавози ширинсухан ҳамчун тарғибгари забони модарӣ ҳамдиёронро ҷалб кард.
Чанде пас ӯро ба шуъбаи тоҷикии омӯзишгоҳи кооперативии Бухоро ба кор даъват карданд. Ба вай лозим омад, ки бо 36 нафар донишомӯзони гурӯҳи тоҷикӣ машғулият гузаронад. Вале меҳри суханпардозию ровигӣ дар шуъбаи тоҷикии Ширкати телевизион ва радиошунавонии вилоят дар дилаш маъво гирифта буд. Аз ин рӯ, Дилнавоз бо амри дил ин ҷабҳаро ба ҷавлонгоҳи доимии рӯзгори худ табдил дод. Солҳои зиёд аст, ки вай ҳамчун ровӣ ва муҳаррири шуъбаи тоҷикии радиои вилоят фаъолият дорад.
Мухлисонаш хуб медонанд, ки ҳар рӯз барномаҳои тоҷикии радиои вилоятӣ тавассути шабакаи ҒМ-102 аз соати 13.15 то 13.30 пахш мегардад ва чун одат ҳар дафъа аз он овози форами Дилнавоз  ба гӯш мерасад. Ӯ  барномаро бо сухани  «Рӯзатон ба хайр!»  оғоз мекунад.
Ҳамин тариқ, ҳаводорони барномаи тоҷикӣ аз хабарҳои рӯз, рафти ислоҳот дар кулли соҳаҳо, навигариҳои иқтисодиёт ва ғайра бархурдор мегарданд, аз суруду таронаҳои пурҷозибаи тоҷикӣ баҳрабардорӣ мекунанд. — Замоне буд, ки мардум аз шунидани савту суруд ба забони модарии худ маҳрум  монданд. Ниҳоят сиёсати оқилонаи сарвари давлат боиси ислоҳи норасоиҳо шуд, абрҳои сиёҳ фазоро тарк карда «фазои дӯстӣ» софу беғубор мегардад, – изҳори қаноатмандӣ мекунад ҳамсуҳбатам.
Дар арафаи иди касбиамон бо вай, ки бо ҳамроҳии духтараш Мунаввармоҳ дар бозори «Корвон»-и шаҳри Бухоро гаштугузор дошт, тасодуфан рӯ ба рӯ омадам. Баъди мулоқот маълум гардид, ки «нури дида»-и ӯ толибаи синфи IX буда, дар соҳаи варзиши «ушу» ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Вай ба касби модараш дилбастагӣ дорад ва дар барномаҳои русии радиои вилоят ҳамчун ровӣ саҳм мегузорад.
– Аз фурсат истифода бурда, устодонам Ислом Орифов, Олия Остонова ва Матлуба Одинаева, ки аз онҳо дар кору зиндагӣ сабақ меомӯзам, инчунин тамоми кормандони соҳаро бо иди касбӣ муборакбод мегӯям. Бигузор дар диёрамон сулҳу субот ва осоиштагӣ пойдор бошад, — мегӯяд Дилнавоз.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: