«РӮЗАТРО ФУРӮШУ...

Ҳоло, ки пешравии ҷамъиятро бидуни энергетика тасаввур кардан душвор аст, барои истеҳсол ва истифодаи он якчанд қарору фармонҳои муфид қабул шуд.

Ҳоло, ки пешравии ҷамъиятро бидуни энергетика тасаввур кардан душвор аст, барои истеҳсол ва истифодаи он якчанд қарору фармонҳои муфид қабул шуд.
Мусоҳибаи мо ба сардори идораи таъминоти нерӯи барқи шӯъбаи Зарафшони ноҳияи Самарқанд Асадулло Шукуров маҳз дар ҳамин хусус ҷараён гирифт.
– Ҳоло таъминоти барқро дар маҳал чӣ гуна меҳисобед?
– Ана шумо ҳамчун сокини ноҳияи Самарқанд, аз рӯйи адолат гӯед, ки дар фасли зимистон таъминот ва истифода аз қувваи барқ нисбат ба солҳои гузашта хуб буд ё бад?
– Рости гап, шикоят надорем.
– Барои ҳамин ба сарвари давлатамон сипосгузорӣ бояд кард, ки барои беҳбудии кор фармонҳои муфид қабул шуд. Дар фасли зимистон ҳам истгоҳҳои истеҳсоли барқ мӯътадил кор мекунанд.
– Аз ҳисоби чӣ?
– Стансияи такягоҳи «Афросиёб» баъди таъмир ба ҷойи 20 ҳазор киловатт-соат ду маротиба зиёд нерӯи барқ медиҳад. Чунин корҳои таъмир ва васеъкунии стансияҳои такягоҳӣ дар минтақаҳои Найзатеппа, Шредер, Сӯлим амалӣ шуданд. Ғайр аз он трансформаторҳои ҳашт гузар иваз гардид ва 36 километр хати барқ аз нав кашида шуд.
– Дар ин кори хайр кӣ саҳми муносиб гузошт?
– Дар идораи мо ходиму мутахассисони масъулиятшинос бисёранд. Сардори бригадаи минтақаи Оҳалик Ҷамшед Солеев, минтақаи Дарғам Акрам Ризоев, Афросиёб Ашраф Шарифов, Гулобод Муртазо Шодиев ифтихори мо ҳастанд. Онҳо дар гармову сармо, шабу рӯз дар хизмати халқ мебошанд.
Муҳандиси соҳибтаҷриба Эркин Мардонов, сарҳисобчии росткору хоксор Шаҳзода Қаҳҳорова, ҷонишини ман оид ба масъалаҳои молия Улуғбек Ботиров, роҳбари «даричаи ягона» Фирдавс Баротов ва дигарон ба маънои том такягоҳи ман ҳастанд.
– Асадулло, бовар кунед, аз шумо корафтодагон сипосгузорӣ кардаанд. Воқеан, чӣ сабаб шуд, ки аз шумо розианд?
– Ба гуфти раҳматӣ модаркалонам ҳар як кор бо хости Худо аст. Солҳои таҳсил дар мактаби рақами 30-юми деҳаи Оҳалик ба фанни физика дил бастам, ки он илмест дар бораи табиат, ки хосиятҳои оддӣ ва умдаи олами моддиро меомӯзад. Муҳаббат ба ин фан ба факултаи физмати Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Аз устодони меҳрубонам бисёр чизҳоро омӯхтам. Соли 2000-ум бо дипломи мактаби олӣ дар идораи таъминоти нерӯи барқи Зарафшон ба кор омадам. Устоди аввалинам собиқ роҳбари корхона Нодир Ғиёсов аст. Нодир Тоҳирович, ки фарзанди омӯзгор мебошад, ҳамеша ба мо, шогирдон дил ба даст овардан, одам ва қадри инсонӣ, ҳалимӣ, хоксорӣ барин хислатҳои некро бештару хубтар ёд дод. Шояд аз ҳамин сабаб аз ходими оддӣ то дараҷаи сардор расидам.
– Фаҳмо. Дар бораи истиқболи кор ҳарф занед.
– Имсол 24 стансияҳои такягоҳӣ  иваз хоҳанд шуд. Қариб 70 километр хати барқи пуршиддат ва миёна таъмир ва нав карда мешавад. Мақсад некӯаҳволии мардум аст.
– Ниҳоят маслиҳати шумо ба истеъмолгарон...
– Аз асбобҳои худсохти барқӣ даст кашидан лозим. Охир сабабгори воқеаҳои нохуш ва оташ гирифтани манзили мардум бинобар нодуруст истифода бурдан аз қувваи барқ аст. Фурӯзонакҳои куҳнасохтро ба навъи камхарҷ иваз намудан ба мақсад мувофиқ мебошад. Масалан, як дона чароғи 100 ватт баъди иваз ба 13 адади ионӣ баробар аст. Боз як масъала, пардохти ҳаққи барқро сари вақт амалӣ бояд кард. Гузаштагони мо мақоли пандомез доранд: «Рӯзатро фурӯшу рӯшноӣ хар».

Мусоҳиб  Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори  «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: