Алоқамандони адабиёт бо китоби адиби шинохта Шодмон Отабек – «Ҳангомаҳои Дӯрмон», ки такрор чоп шуда меистад, ошноянд. Китоби «Рӯзе аз рӯзҳо...» баргузидаи ҳамон китоби пешина аст, ки чанде қабл рӯйи чопро дида буд.
Алоқамандони адабиёт бо китоби адиби шинохта Шодмон Отабек – «Ҳангомаҳои Дӯрмон», ки такрор чоп шуда меистад, ошноянд. Китоби «Рӯзе аз рӯзҳо...» баргузидаи ҳамон китоби пешина аст, ки чанде қабл рӯйи чопро дида буд.
Хонанда осори адибони номиву шинохта Ғафур Ғулом, Ойбек, Абдулло Қаҳҳор, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Ӯткур Ҳошим, Шукур Холмирзоев, Рауф Парфӣ, Анвар Обидҷон, Тоҳир Малик, Иқбол Мирзо, Мирпӯлод Мирзо, Яҳё Тағоро бо дилбастагии зиёд мутолиа намудааст. Дар ин китоб, аз ҷумла, воқеаҳои завқангезу аҷиб ва ибратбахш, аскияю латифа ва лутфҳои латифе, ки ба рӯзгори адибони мазкур иртибот доранд, гирд оварда шудаанд.
Чанде аз воқеаҳои китоб ба рӯзгори Устод Айнӣ низ иртибот доранд, ки тасмим гирифтем ба хонандагони рӯзнома пешниҳод намоем.
Домодро дар берун монд
Рӯзе аз рӯзҳо Домулло Айнӣ духтарашро ба шавҳар медиҳад. Тӯй бе дабдабаю исрофкорӣ, хоксорона мегузарад. Баъди чанд муддат аз ҷониби қудо вакиле омада, бо нависанда музокира оғоз менамояд.
– Домулло, шумо бо ҷониби қудо ба мувофиқа расида будаед, ки маросими домодсалом баргузор нахоҳад шуд. Вале домод пофишорӣ дорад, ки бояд ба домодсалом ояд. Ҳамаи ҷӯраҳояш ин маросимро гузаронда будаанд. Мегӯяд, ки агар баргузор нашавад, назди онҳо шарманда хоҳад шуд. Барои донистани фикри шумо омада будам.
Айнӣ, баъди дурудароз фикр кардан, изҳор менамояд:
– Бигузор, гуфтаи ӯ шавад, мегӯянд, ки домодро паёмбар низ бинвохта будааст. Вале шарте дорам.
– Чӣ шарт?
– Ин гуфтаро расонед, ки мо танҳо барои даҳ нафар омодагӣ мегирем.
– Домулло, хотиратон ҷамъ бошад, шартатонро пазируфтем.
Ниҳоят дар рӯзи муқарраргардида домод бо ҷӯраҳояш ба домодсалом меояд.
Домулло дар остона меҳмононро худ пазироӣ менамояд. Ҷӯраҳо ёздаҳ нафар будаанд, бино ба қарордод, нафари ёздаҳум ба хона намедарояд. Вақте воридшудагон рӯйи курпачаҳо мешинанд, мебинанд, ки ҷойи домод холист. Ошкор мегардад, ки ҷавони дар кӯча монда домод будааст.
Вале маросим бояд гузарад. Биноан, домодро ба хона медароранд.
«Раҳмат»
Домулло Айнӣ аз беэътиборӣ ва гоҳо бешафқатии роҳбарони шӯравӣ нисбати мероси миллӣ ва зиёратгоҳҳо ранҷ мекашид.
Устод рӯзе аз рӯзҳо ба зодгоҳи Абӯалӣ ибни Сино рафта, баландиеро, ки дар он ҷо табиби шаҳир дафн шуда буд, аз назар гузарондан мехоҳад. Дар рафти ҷустуҷӯ чашмаш ба харобаҳо афтода, дуд аз димоғаш мебарояд. Бо иддао ба роҳбари вилоят мегӯяд:
– Мо хокҷойи Ибни Синоро, ки ҳазор сол қабл даргузаштааст, ҷустуҷӯ дорем. Ин чӣ разолату бедодӣ, қабри Мушфиқие, ки ба наздикиҳо даргузаштааст, валангору хароб! Магар бас набуд, ки қабристони Ҳазрати Нурободро ба харобазор табдил дода буданд. Мадрасаи Хӯрҷин, Ҳавзи Говкушон дар куҷост? Сарои Баррас-чӣ? Чӣ қадар масҷиду мадрасаҳо бераҳмона бо замин яксон карда шудаанд. Дареғ... Бухорои шариф аз манзили бум фарқ надорад.
Роҳбари аз суханони пурсӯзи устод нороҳатгардида эътироз баён менамояд:
– Рафиқ Садриддин Саидмуродович! Ин қадар гузаштаро ба ёд овардед? Магар шумо ҳамон нависандаи пролетарӣ нестед?..
– Э, бар падари он рӯзгоре, ки моро нависандаи пролетарӣ кардааст, ҳазор... «раҳмат»!
Устод ин суханонро сари қаҳру ғазаб гуфта буд, дар асл мехост бигӯяд: «Ҳазор лаънат!»
Ҳарчанд «чужит»-ро намедонист
Дар яке аз рӯзҳои соли 30-юм дар шаҳри Самарқанд ҷамъомади зиёиёни эҷодкор баргузор мегардад. Дар ҷамъомад олимони шинохта ва роҳбарон ширкат меҷӯянд. Яке аз олимони рус доир ба сужет ва композитсия баромад мекунад. Устод Айнӣ аз баромади олими рус чизеро намефаҳмад. Вақте ба домулло Айнӣ сухан дода мешавад, ба минбар баромада мегӯяд:
– Маърӯзаи олими муҳтарамамонро хуб дарк нанамудам. Вожаи «чужит» (сужет)-ро чанд бор такрор кард, вале ман «Ғуломон»-ро, дар ҳоле ки аз чужит хабар надоштам, навиштаам.
Шумо чӣ навиштед?
Рӯзе аз рӯзҳо Садриддин Айнӣ дар рӯйи сандалӣ бобҳои охирини асари машҳури худ «Ёддоштҳо»-ро менавишт. Дар ин ҳангом ба зиёрати устод ду-се нависандаи ҷавон меоянд. Нависанда онҳоро бо чеҳраи кушод пешвоз мегирад. Меҳмонон дар як гӯшаи сандалӣ ба якдигар ҷафс шуда мешинанд. Дастархони хурди болои сандалӣ дар як лаҳза аз хӯрданиҳо пур мешавад. Яке аз нависандаҳо, ки ашёи хонаи эҷодии устодро аз назар мегузаронд, нописандона мегӯяд:
– Устод, шумо адиби бузург, академик ҳастед. Магар намешавад, баробари замон қадам гузошта, мизу курсӣ ва нармкурсӣ харида, бароҳат нависед?
Устод нимтабассуме карда, посух медиҳад:
– Инҷониб «Қорӣ Ишкамба», «Дохунда», «Ғуломон», «Одина» ва «Ёддоштҳо»-ямро рӯйи ҳамин сандалӣ навиштаам. Шумо дар рӯйи курсиву нармкурсӣ нишаста чӣ навиштед?
Шогирди олуфта аз ин ҷавоб мулзам мешавад.
Тарҷума аз ӯзбекӣ.