Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ, Мекӯш ба хештаншиносӣ. (НИЗОМӢ).
Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ,
Мекӯш ба хештаншиносӣ.
(НИЗОМӢ).
Яке аз роҳҳои донишҳосилкунӣ қиёс аст. Инсон бо роҳи муқоиса некро аз бад, зеборо аз зишт, сиёҳро аз сафед, доноро аз нодон, девонаро аз ҳушёр... тамиз мекунад. Дар яке аз ҳикоятҳои Шайх Саъдӣ қаҳрамон – Луқмон ба одаму олам назари қиёсӣ дорад.
Ҳикоят: «Луқмонро гуфтанд: «Адабро аз кӣ омӯхтӣ?» Гуфт: «Аз беадабон: ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам».
Сафар низ ба дониши инсон меафзояд. Зеро, вақте аз кишварҳои хориҷӣ дидан мекунад, ба дидаҳояш назари қиёсӣ меафканад, урфу одати аҳолӣ ва манзараҳои кишвари бегонаро бо манзараҳои кишвари худаш муқоиса мекунад. Ҳақ бар ҷониби устод Мирзо Турсунзода аст, ки фармуда:
Сайри олам кардан одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Дар урфият мегӯянд, ки сухани ҳақ талх аст. Ё ба қавли бародарони ӯзбек: «Тӯғри сӯз туққанингга ёқмайди» («Сухани ҳақ фарзандатро хушоянд нест»). Вақте дар навиштаҳо ва суҳбатҳои давра гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ аҳолии мо нисбат ба аврупоиён ва аҳолии дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон каммаърифат ё қафомонда аст, баъзе баорон барои инкори ин гуфта аз гузаштаҳои дуру наздик мисли, вақте математики бузург Ал-Хоразмӣ ҳазору дусад сол қабл нахустин қоидаҳои алгебраро офарид, Аврупо дар хоб буд ё Шарқ оғозгоҳи хатту қалам ва коғазу дафтар аст, ҳунари тасвирӣ нахуст дар минтақаи мо зуҳур кардааст...мисолҳо меоваранд.
Дуруст мегӯянд он баорон, имрӯз низ ба ахлоқи ҳамидаи халқҳои мо аҳли Аврупои ривоҷёфта расидагӣ карда наметавонанд. Мо арзишҳои волои миллӣ дорем. Вале...
Дар аҳди шӯравӣ ҷавонон, одатан, дар Русия ва кишварҳои лагери сотсиалистӣ хидмати ҳарбиро адо мекарданд ва баъди баргаштан аз хидмат бо ҳамдеҳагони худ хотираҳояшонро ба ҳам медиданд. Ёд дорам, ҷавоне, ки хидмати ҳарбиро дар яке аз шаҳрҳои Олмон адо кардааст, мегуфт: «Олмониҳо халқи бамаданият ва тартибдӯстанд, ба тозагии гирду атроф қатъан риоя мекунанд, партовҳоро на дар ҷойи ростомада, балки дар ахлотқуттиҳо мепартоянд, гирдупеши ахлотқуттиҳояшон тозаву озода аст. Агар касе партоверо дар хиёбон, истгоҳ ё роҳравҳо партояд, ҷарима мепардозад. Дар растаҳои савдо ва ҷойҳои серодам ба дузд ё кисабуре вонахӯрдем. Агар велосипедатонро дар ҷое гузоред, то субҳи дигар касе ба он даст намерасонад. Оби наҳрҳояшон тозаву шаффоф аст, бо партовҳо олуда намесозанд...»
Аз нақли он сарбоз ним аср сипарӣ гардид. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва истгоҳҳои шаҳрҳои мо низ сари ҳар қадам ахлотқуттиҳо гузошта шудаанд, вале партовҳоро на ҳама ба онҳо мепартоянд, истгоҳҳо пури пӯчоқи пиставу нимсӯхтаҳои сигарет, шиша ва зарфи нӯшокиҳоро ба ҷойи ростомада мепартоем, аҷдоди дури мо ба об туф накардаанд, вале мо ба ҷӯю наҳрҳоямон ахлот мепартоем. Аммо барои ин ҳолат касе ҷарима намеситонад. Ҳеч кас фикр намекунад, ки кӯчаву хиёбон, дар маҷмӯъ сартосари кишвар хонаву ҳавлии бузурги ҳар як шаҳрванд аст, онро бояд тозаву озода нигоҳ дошт, партовҳоро ба ҷойи ростомада партофтан нишонаи бемаданиятӣ, камсаводӣ, бемаърифатӣ ва пасмондагист. Ҳоло дар мо ҳеч кас велосипедашро дар кӯча гузошта, худ дар хона баҳузур хоб намеравад. Зеро фикр мекунад, ки то субҳ нафаре онро медуздад.
Мисоли дигаре аз каммаърифатӣ ва пасмондагии мо. Наҳре, ба қавли тошкандиён анҳор, ҳудуди ноҳияи Яшнободи пойтахтро убур мекунад. Ду-се сол қабл ҷо-ҷо соҳилҳои ин наҳр манзараҳои ҳузнангез дошт. Соли аввали кору фаъолият, вақте Президенти мамлакат аз ин ноҳия дидан кард, дастур дод, ки соҳилҳои наҳри хушобро ба ҷойи фароғати одамон табдил диҳанд. Дар муддати кӯтоҳ дар соҳили наҳр боғи истироҳатии пуршукӯҳе бо номи «Дӯстлик» бунёд гардид, дар ҷойҳои зарурӣ бетон хобонданд, харакҳои бо арматура гулкорикардашуда насб карда шуданд, ба дарозии як километр ҳар ду соҳили наҳрро деворпанҷараи оҳанин оро дод, хулоса, аз манзараи ҳузнангез нишоне боқӣ намонд, яъне маблағи зиёде барои фароғату истироҳати мардум сарф карда шуд. Аҳолӣ шод гардид...
Аммо имрӯз манзарае дар ин манзили обод бинандаро мушавваш месозад. Арматураи гулкорикардашуда ва тахтаи харакҳоро ҷавонони шабгард кандаанд, ҷо-ҷо деворпанҷараи зебои соҳили наҳр низ осеб дидааст. Агар пешгирӣ карда нашавад, вайронкорӣ идома пайдо мекунад...
Доираи ҷаҳонбинии баъзе бузургсолон низ танг аст, онҳо бо рафтору кирдори ношоистаашон ба пасояндагон «намунаи ибрат» мешаванд. Вақте тобистон ба гӯшаҳои хушбоду ҳавои кишварамон мераванд, партовҳои зиёдеро аз худ, ба мисли қуттии консерв, шиша, зарфи нӯшокиҳои гуногун, пасмондаи хӯроку хӯришҳо, боқӣ мегузоранд, ки муҳитро олуда месозанд....
Чӣ бояд кард, то кӯчаву хиёбони шаҳрҳои мо низ мисли кӯчаву хиёбони шаҳрҳои мамолики рушдкарда тозаву озода бошанд, партовҳоро ҳама дар ахлотқуттиҳо партоянд. Албатта, ҳар кас фикру андешаи худро дорад.
Ба фикри инҷониб, корҳоро дар ин росто бояд аз тарбия дар кӯдакистону мактабҳо оғоз намуд, зеро ҳама чиз ба инсонро дар кадом рӯҳ тарбия кардан вобаста аст. Ба онҳо бояд бо мисолҳо фаҳмонд, ки бо партов олуда кардани муҳити атроф оқибатҳои номатлуб дорад, шояд дар ин мавзӯъ муттасил намоиш додани ролику видеофилмҳо натиҷаи матлуб бахшад.
Яке аз воситаҳои муассир дар ин бобат телевизион аст, ки аксарияти аҳолии кишвар тамошо мекунанд. Шаҳрвандони мамлакат ба кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон бо мақсадҳои гуногун рафта меоянд ва бо як ҷаҳон таассурот бармегарданд, аммо тавре ки мегӯянд: «Шунидан кай бувад монанди дидан», бояд тавассути телевизион кӯчаву хиёбонҳои тозаву озодаи шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳонро намоиш дод, бо кӯчаву шаҳрҳои кишварамон муқоиса кард, нуқтаи назари одамонро дар ин хусус ба мардум пешниҳод кард. Умуман, домани ин мавзӯъ басе фарох аст. Барномаҳои телевизионро бо намоишҳо пур кардан кори саҳл нест, аммо чунин ба назар мерасад, ки баъзе намоишҳо арзише надоранд, танҳо барои пур кардани ҷойи холӣ намоиш дода мешаванд. Аз нигоҳи инҷониб телевизионро бояд чунон барномарезӣ кард, ки ҳар як намоиши он ба хубу шоиста зиндагии аҳолӣ кӯмак расонад, мушкилашро осон кунад, барои бо аҳолии мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон по ба по рафтан мусоидат намояд. Мисолан, ҳаракати фермерӣ дар мо нав аст, аммо тавассути телевизион доир ба фаъолият ва бурду бохти фермерҳои соҳибтаҷрибаи хориҷӣ филмҳои мустанад қариб ки намоиш дода намешаванд...
Сарфи назар аз миллат ва эътиқоди динӣ мо шаҳрвандони як мамлакат – Ӯзбекистонем, вале барои сабук кардани гарони якдигар чашм ба кисаи ҳам медӯзем, яъне пора мегирем. Чашми диламон гушна аст? Медонем, ки ин иллат садди роҳи пешрафту тараққиёт аст, вале дидаву дониста ин садро дар пеши роҳи худ мегузорем. Сабабаш чӣ бошад?
Беш аз чоряк аср аст, ки мо давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ месозем, яъне роҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро пеш гирифтаем. Рӯзе ба онҳо расидагӣ хоҳем кард. Чӣ некӯ фармуддааст аллома Муҳаммади Ҳиҷозӣ: «Он рӯз, ки башар ба рушди фикрӣ бирасад, эҳтиёҷе ба қонун нахоҳад монд». Аммо кас мехоҳад халқамонро имрӯз дар пояи рушду такомул бинад...
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».