РӮЗГОР ВА ОСОРИ «МАЛИКАИ ДЕТЕКТИВ»

Аксарияти мо ба мутолиаи асар ва тамошои филмҳои детективӣ таваҷҷуҳи бештар дорем.

Ба ҷиноятҳое, ки содир мешаванд, бефарқ нестем. Чӣ қадар мехоҳем кирдукорҳои номатлуб зудтар ошкор гарданд. Муҳаббат ва хайрхоҳиамонро нисбати детектив ва муҳофизони ҳуқуқ, ки ҳаёти худро ба хавф гузошта, бо заковату зиракиҳои ба худ хос гиреҳи ҷиноятҳоро мекушоянд, пинҳон намедорем. Аз адабиёти ҷаҳон Артур Конан-Дойл ва қаҳрамони ӯ Шерлок Холмс ба дили ҳар яки мо бисёр қарин. Умуман, аҳли қаламе, ки дар ин жанр комёб шудаанд, хеле зиёд. Ҷустуҷӯҳои ҷиноию мурофиаҳои судӣ адибаҳоро низ ба худ кашидаанд. Яке аз онҳо то дараҷаи «маликаи детектив» расид.
Ӯ адибаи англис Агата Кристи аст. 
Мегӯянд, Агата аввалин қадамҳои худро ба майдони эҷод бо кӯмак ва таъсири хоҳари калониаш, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳо ҳикояҳо чоп кунонда, ҳаққи қалами хуб мегирифт, гузошт ва  дар тақлиди ӯ саҳифаҳо сиёҳ кард. Падари онҳо новақт аз ҳаёт чашм пӯшида буд. Хоҳарон чӣ будани дарди ятимӣ, чӣ қадар вазнинии бори рӯзгорро ҳанӯз дар наврасӣ ҳис карда, барои дарёфти маблағ ва ҷунбондани зиндагӣ сари худро ба ҳар санг мезаданд.
Бинобар вазнинии ҳаёти оилавӣ дурусттар маълумот гирифта натавонистанд. Зеҳни тез, саводи хуб, дунёи васеи тасаввурот, ки доштанд, хоҳаракон ба «нависонавис» машғул шуданд. Содир шудани ҷинояте Агатаро ба худ кашид. Хост дар ин бора чизе нависад. Шояд ҳикоя чоп шавад ва ӯ ҳам мисли апааш, ҳаққи қалам гирифта, дар таъмини рӯзгор, андаке бошад ҳам, ба модар кӯмак кунад. Фикр дошт дар чанд ҳафта ба навиштаҳои худ нуқта мегузорад. Вале онҳо тӯл кашиданд. Навишт, навишт ва ниҳоят, онҳоро ба охир расонд. Як кунҷи дилаш ғаш. Ҳикоя кашол ёфтааст, гӯён ба вай эрод намегиранд? Ба навиштаҳои худ «Ҷинояти сирнок дар Стайл» ном гузошт ва барои санҷидани толеъ онро ба нашриёт бурд.
– Чӣ овардед? – пурсиданд. Гуфт: «Ҳикоя». «Роман-ку?» – тааҷҷуб сохтанд ҳаҷми навиштаҷотро дида.
Ҳақиқатан ҳам ҳикоя ба роман табдил ёфта буд. Ҷиноят ва моҷароҳое, ки қаламдод шуда буданд, эътибори ноширонро кашиданд. Боварашон намеомад, ки ҳамин гуна романи ҷолиби детективиро духтари мактабхон навишта бошад. Роман бо зудӣ аз чоп баромад, дастобадаст гашт, ба Агата шуҳрати калон овард.
Соли 1912, асное 22-сола буд, Агата дар зиёфате бо Арчибалд ном лейтенант, ки дар қувваҳои ҳавоии шоҳигарӣ хидмат мекард, шинос шуд.
Ситораҳо мувофиқ афтоданд. Бо вуҷуди ҳамин, ду сол амиқтар якдигарро санҷида, соли 1914 аз никоҳ гузаштанд. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва Арчибалд ба фронт сафарбар гашт. Агатаро лозим омад дар касалхонаи ҳарбӣ чун ҳамшира кор кунад. Ҷанг ба охир расид, Арчибалд бо рутбаи полковникӣ ба хона баргашт. Соли 1919 духтарчадор шуданд ва ба вай Розалинда ном гузоштанд. Агата, ниҳоят, нафаси сабук кашид ва бо хотири ҷамъ паси миз нишаст. Илҳом ҷӯш мезад, асарҳо паиҳам рӯи дунё дида ва ба ӯ шавқи дигар мебахшиданд. Тӯли солҳои 1922-1926 панҷ романи ӯ аз нашр баромад. Хусусан, «Пуаро тафтишот пеш мебарад», «Асрори камингоҳ», «Қатли Рожео Экройд» барин асарҳояш эътибори умумро кашиданд. Агата Артур Конан-Дойлро меписандид, мехост анъанаи ӯро давом диҳад. Дар нахустин романҳояш пайгири нотакрори белгиягӣ Эркюл Пуароро қаҳрамони асосӣ қарор дод. 
Ҷуз ин ба офаридани образи Марлпхонум, ки дар яке аз идораҳои адлия хидмат мекард ва дахл кардан ба корҳои ҷиноиро вазифаи худ ҳисобида, дар кушодани гиреҳҳо маҳорату ҷасорати бемисл нишон медод, ба комёбиҳо ноил гашт. Тимсоли Марлпхонум дар адабиёт чун навигарӣ эътироф гашт.
Дар эҷод комёбӣ ба даст оварда, дар ҳаёти оилавӣ нохост чӣ тавр ба нокомӣ дучор шуда монданашро Агата нафаҳмида монд. Ба эҷод дода шуд ва ба шавҳараш вақт ҷудо карда натавонист. Беэътиноӣ дар хона Арчибалдро водор намуд меҳр ва эътиборро аз кӯча ҷустуҷӯ созад. Вай ба Нэнси Нили ном хонуми зебое шинос шуд.
Арчибалд ва Ненси вақте изҳор карданд, ки хонадор шуданианд, Агата ноилоҷ розӣ шуд.
Адиба якбора бадбахт шуда мондани худро ҳис кард. Ба худ шӯрид. Ба автомобили худ савор шуду шаби сармои зимистон онро ба ҷои ростомада ронд. Куҷо рафтанаш номаълум. Мошинро аз наздикии кӯли Сайлент-Пул ёфтанд, вале «маликаи детектив» наменамуд. Ӯ дар яке аз меҳмонхонаҳои Лондон ҷой гирифта ва худро «миссис Нили» муаррифӣ сохт.
Вай соли 1930 ба Ироқ рафт, дар ҷустуҷӯҳои ҳафриётии шаҳри Ур иштирок намуд, дар ин ҷо бо археолог Макс, ки ҳамагӣ 26 сол дошт, шинос шуд. Агата аз вай 17 сол калон, вале синну сол ба якҷоя гузаронидани ҳаёти оилавӣ монеъ нагашт. 46 сол бо ҳам зиндагӣ карданд. Дар ин байн Агата дар якчанд навъҳои адабӣ қалам санҷид ва комёб гашт. Фақат романҳои ӯ 78 ададро ташкил менамоянд, ки ин аз қобилияти фавқулодда ва меҳнатдӯстию ғайратмандии адибаи номвар дарак медиҳад. 
Агата наздик омадани вафоти худро ҳис кард ва ба Макс гуфт:
– Макс, бо ту ин қадар солҳо ҳаёти хуб гузарондам. Маро нағз ба пирӣ расондӣ. 
Аммо ҳанӯз ҷавон ҳастӣ. Метавонӣ боз хонуми дигареро бахтнок намоӣ. Агар хоҳӣ, ки аз ту розӣ бошам, дугонаам Барбара Паркерро ба занӣ гир.
Макс розӣ нашуд. «Асло!» – гуфт вай.
Агата соли 1976 дар 86-солагӣ аз олам гузашт. Аз рӯи васияти ӯ шавҳараш Барбараро ба занӣ гирифт, вале танҳо як сол зиндагӣ карду халос – соли ҳафтоду ҳафтум Макс низ вафот намуд.
Агата Кристи, ҳамин тавр, чун яке аз адибаҳои шуҳратманди дунё номи худро ҷовидонӣ гардонд. «Тори анкабут», «Экспресси шарқӣ», «Гувоҳи ҷонибдори айбдоршаванда» барин картинаҳо, ки дар асоси  романҳои детективии ӯ аз ҷониби филмофарони Италиё ва Фаронса бардошта шудаанд, ҳанӯз намоиш дода мешаванд. Сериали «Пуаро» низ, ки телевизиони Ӯзбекистон гаштаю баргашта намоиш медиҳад, аз истеъдоди нотакрори «маликаи детектив» гувоҳӣ медиҳад.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: