РӮЗГОРАШ НИЗОМЕ ДОШТ

Касе, ки ин инсонро аз наздик мешинохт, хусусан онҳое, ки бо ӯ робитаҳои корӣ доштанд, ин ҷиҳати вайро ба хубӣ медонанд.

Мизи корӣ дар рӯ ба рӯи тиреза ҷой дошта, дар болои он тартиби ба худ хосе ҳукмрон буд: лампаи рӯйимизӣ аз тарафи чап, қаламҳои нӯгтезкардашуда ва худнависҳои ҳаррангаи зиёде дар қаламдон, коғазҳои майда буридашуда ва  як дафтари ёддошти ҳамешагӣ барои қайдҳову якеи дигар бо сабти рақами телефонҳо аз тарафи рост ҷой дода шуда буданд (ҳаминҳо дар тартиб додани ёдномаи «Нишони некномӣ», Тошканд, «Янги нашр», 2016 ба кор омадаанд). Болотар аз ҳамаи инҳо китобҳои гуногун, хусусан,  луғатҳо меистоданд. Поёнтар аз мизи корӣ аз тарафи рост роҳаткурсие меистод, ки Ҳ.Шодиқулов фориғи кору эҷод каме ва баъзан дуру дароз ба он нишаста, истироҳат мекарданд. Дар рӯ ба рӯи қадди хона ҷевони пур аз китоб қарор дошт. Ҳатто дар лаҳзаҳои фароғат низ  ба онҳо дуру дароз чашм  дӯхта, оиди нақшаҳои то ин дам иҷрошудаю дар пешистода фикр мекарданд.
Аз куҷо ва ё аз кӣ гирифта шудани ҳар китоби дар бойгонӣ мавҷуди эшон дар варақи аввал навишта шудааст. 
Тамоми ҳуҷҷатҳо сариштаву саранҷом дар ҷузвдонҳо (папкаҳо) бо як тартиби хос нигаҳдорӣ шудаанд: қарорҳои шӯрои илмии Институти ба номи Рӯдакӣ, ки  Ҳ.Шодиқулов солҳои тӯлонӣ котиби илмии он буданд, даъватномаю барқия, номаҳо, матнҳои буридашудаи рӯзномаву маҷаллаҳо, дастнависҳои маҳсули эҷодии худ,  маводи барномаҳои телевизионӣ ва радио, ки ба сифати барандаи доимии барномаҳои адабӣ дар телевизион ва радиои тоҷик («Нависанда ва замон», «Гулшани адаб», «Ёдбуд» ва ғайра) фаъолият кардаанд,  кор бо шогирдон ва монанди инҳо.  
Номанависӣ, гуфтан мумкин аст, ки яқ қисми фаъолияти Ҳ.Шодиқулов буд. Он кас нигаҳдории иртиботи байниҳамро бештар бо роҳи номанависӣ ҷонибдорӣ мекарданд. Айнан ҳаминро устод-падари маънавиашон Муҳаммадҷони Шакурӣ дар вақташ ба эшон таъкид мекардаанд. Таъсири гуфтугӯҳои телефонӣ дер намепояд, хислат, дараҷаи саводу маданият, зеҳну замир, самимияти инсонро аз навиштаҳояш пайдо  кардан мумкин. Гӯё бо соҳиби он гапзанон карда истода бошӣ, меҳрҳо афзун мешаванд, нисбати ҳар навиштаат масъулият бар дӯшат бор мешавад. Баробари ин ҳама забону услуби нигоришат сайқал меёбад. Аз ин боис борҳо таъкид мекарданд, ки зинҳор бо гуфтугӯҳои телефонӣ маҳдуд нашавем, зеро онҳо дар вақташ гум шуда мераванд. Бо кадом роҳ, ки набошад, бештар нома нависем, зеро нома риштаҳоро мустаҳкам мегардонад. Хубии кор дар он аст, ки он мактубҳо дар таърихи илму эҷод сабт мешаванд.
Мактубҳояшон  бо равонии баён, ҷобаҷогузории калимаю  ибораҳо, пурмазмунӣ ҷозибае доштанд. Ба серкорӣ нанигариста, ба мактубҳо сари вақт ҷавоб менавиштанд ва бо ҳар навъ ба соҳибонаш мерасониданд. Ин яке аз хислатҳои наҷиб ва дурбинонаи Ҳ.Шодиқулов будааст.
Ҳақ бар ҷониби эшон. Ҳоло аз даҳҳо суҳбати телефониамон бо он кас баъзеи онро ба таври умумӣ ба ёд оварда метавонам, аммо баробари мактубҳояшонро боз кардан, он марди шариф пеши назар зинда гашта, гӯё худашон бо ман ҳарф мезананд.
Фаъолияти Ҳ.Шодиқулов ниҳоят гуногунҷабҳа  буд. Он кас ниҳоят бори гаронро бар дӯш доштанд, ки ҳама бо ихтиёри худ буд: корҳои таҳқиқиву тадқиқотӣ, мунаққидӣ, робиташиносӣ, тарҷумонӣ, журналистӣ, мударрисӣ, фаъолият дар телевизион,  тарбияву роҳнамоии ҷавонони серғайрату ташнаи илм ва камтаҷриба, даҳҳо корҳои ҷамоатӣ ва ғайра. Ба кадом коре, ки даст зананд, онро сидқан иҷро мекарданд. Таъкид мекарданд, ки дар илм саҳлангорӣ ҳаргиз ҷой доштанаш  мумкин нест. Бар онҳое, ки ба масъала рӯякӣ, сар-сарӣ менигаристанд, ҷаҳл мекарданд. Ҳ.Шодиқулов худро ба маънии том ба ғояи хидмати садоқатмандона ба илм, робитаи байни адабиётҳову халқҳо, дар роҳи тарбияи пайгирона сазовор бахшидаанд. Ин супориш ва ё даъвати замон не, балки хоҳиш ва даъвати дил буд. Хусусан, соҳаи танқиди адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, равобити адабиро бе Ҳ.Шодиқулов тасаввур кардан муҳол аст. Ба касе ниҳон нест, ки дар ҳамин давру замон халқҳо ба робитаҳои фарҳангӣ беш аз пеш ниёз доранд, зеро он ба сифати сафиру гарави нигаҳдории сулҳ дар минтақа хидмат хоҳад кард.
Ягон навгонии соҳаи илму фарҳанг – хоҳ ҷузъӣ, хоҳ куллӣ аз назари эшон дур намемонд, дар бораи онҳо ҳатман нуқтаи назари худро баён мекарданд. Хусусан, навниҳолонро дастгирӣ мекарданд, маслиҳатҳо дода, нозукиҳои соҳаи дастзадаи эшонро ба онон мефаҳмонданд,  ба масъулиятшиносӣ даъват мекарданд, бо ҳар роҳ рӯҳбаланд месохтанд. Шоираҳои ҷавон ва дар вақташ навзуҳур Робияи Холмирзо, шоираи ғӯрамарг Нисо Ҷӯраева,  Шаҳзода Назарзода, Дилшодаи Фарҳодзод, Саодат Алиева (Парисо) ва дигаронро илҳому умед бахшидаанд.
Дар таҳияи луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти соҳаи алоқа саҳмгузорӣ кардаанд. Таҳрири ибтидоӣ ва интиҳоии он, феҳристи ихтисоротро ба сомон расонидаанд. Оиннома ва Низомномаи рӯзномаи «Радиф-инфо» (Спутник-инфо)-и нашрияи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам ба русӣ ва ҳам тоҷикӣ тартиб додаанд.
Узви Шӯрои илмии редаксияи адабиётшиносии  Энсиклопедияи советии тоҷик (ҷилдҳои 6, 7, 8) буданд.
Зиёда аз 120 мақолот барои «Болшая украинская энциклопедия», «Энсиклопедияи Тоҷикистони советӣ», луғатҳои энсиклопедии Т.Шевченко, Я.Купала ва М.Авезов ба қалами Ҳ.Шодиқулов мансуб мебошад.
Даҳҳо мақола дар матбуоти Москва, Киев, Минск, Кишинёв, Тошканд, Ашқобод, Фрунзе, Алмаато, Қазон, Ереван, Париж, Варшава чоп шудаанд.
Муҳаммадҷон Шукуров, Юрий Бобоев ва Лоиқ Шералӣ соли 1974 барои ба аъзогии Иттифоқи нависандагони ИҶШС пазируфта шудан ба шахсияти Ҳ.Шодиқулов баҳои баланд додаанд, ки бозгӯи аз олимони ҷавони борикбину пурмаҳсул, иштирокчии фаъоли ҷараёни адабӣ, русидони беҳамто, соҳиби истеъдоди фитрӣ, ҷаҳонбинии фарох, ғайрату ҷасорат ва қобилияти фикру сухани тоза гуфтан  будани мавсуф мебошад.
Аз бойгонии Ҳ.Шодиқулов якчанд рӯйхати адабиётҳои ба осорхонаҳои идора ва ташкилотҳои гуногун аз ҳисоби китобхонаи шахсиашон ҳадя гардидаро дарёфтем, ки ҳар кадом то 110 номгӯйро ташкил менамояд.
Ин байти шоир ҷавобгӯйи шахсияту амалиёти Ҳ.Шодиқулов мебошад:
Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Боигарии асосии ҳар давлат фарзандони бонангу номус ва босалоҳияту соҳибфарҳангаш мебошанд. Онҳо гули сари сабади ҷамъиятанд. Ҳ.Шодиқулов аз зумраи чунин фарзандони халқ аст. Ин фарзанди фарзонаи халқ тамоми қувваю дониши худро, ба қавли хеш, барои нашъунамо ва пешрафти илму фарҳанги ду кишвар – Тоҷикистону Ӯзбекистон сарф кардааст. Ҷамъият ба чунин  инсонҳои фарҳангдӯст ниёз дорад, онҳоро азиз медораду қадршиносӣ менамояд.

Амина ШАРОФИДДИНОВА, 
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: