РӮЗИ АВВАЛИ ҶАШНИ САНЪАТ

Дар Маъмурияти намоишгоҳҳои бадеии пойтахт маросими тантанавии кушоиши Биенналеи II байналхалқии санъати амалии Тошканд таҳти унвони «Инсон. Муҳит. Санъат» баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки ин ҷашни санъат якҷо бо Академияи бадеии Ӯзбекистон дар ҳамкории вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳо, намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон ташкил гардид. 
Мақсади он муносибати эҳтиёткорона ба анъанаҳои миллӣ, намоиш додани  асарҳои замонавии санъати амалӣ, эҳё намудани анъанаҳои гузаштаи халқӣ, дар амал нишон додани ҷараёнҳои ҷаҳонии санъат ба шумор меравад. Раиси Академияи бадеии Ӯзбекистон Акмал Нуриддинов ба ин ҷиҳат эътибори махсус дод.
— Мегӯянд, ки зебоӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад. Мақсади мо ба оламиён намоиш додани  намунаҳои зебо ва нотакрори санъати амалии миллӣ, фароҳам овардани имконият барои шиносоӣ бо санъати амалии кишварҳои хориҷӣ мебошад. Ин дар навбати худ ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, алоқаҳои маданиву инсонпарварии миқёси байналхалқӣ хидмат хоҳад кард. 
Дар биеннале зиёда аз 100 нафар устодони санъати амалӣ асарҳои худро намоиш медиҳанд. Иштирокдорони асосии чорабинӣ ҳамчунин тақрибан 30 нафар арбобони эҷодӣ мебошанд, ки аз Италиё, Англия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Бангладеш, Эрон, Чин, Покистон, Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Украина, Тоҷикистон омадаанд.
— Дар ҳар сафари худ маро тағйироти азиме, ки дар Ӯзбекистон ба амал меоянд, хушнуд мекунанд, —  мегӯяд ороишгари  шиша ва филизот аз Ҷопон, хонум Саито Ёшикоман. — Ба ман ба хусус рӯҳи миллии биеннале писанд меояд. Аз он ки дар чунин намоишгоҳи нодири байналхалқӣ ширкат дорам, хурсанд мебошам. Ман ба ин ҷо намунаҳои эҷодиёти худро овардам. Ҳарчанд онҳо бисёр нестанд, фикр мекунам, барои эҳсос ва дарк кардани маданияти Шарқ кӯмак мерасонанд.
Дар рӯзи аввали биеннале дар Маъмурияти намоишгоҳҳои бадеӣ намоиши гиламҳои  шоҳии «Рангҳои абрешим», намоиши санъати кулолгарӣ «Навоҳои сеҳрангези чарх» баргузор шуд. 

Фирӯза МИРЗОКОМИЛОВА, хабарнигори ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: