Якшанбеи охирини моҳи май дар Туркманистон ҳар сол чун Рӯзи гилеми туркманӣ таҷлил меёбад.
Ба ин муносибат дар корхонаи муштараки Ӯзбекистону Туркманистон «SD TURKMEN HALY» дар шаҳри Бухоро тадбири идона ба амал омад.
Бояд таъкид намуд, ки дар ин ҷо бештар аз 100 нафар занону духтарони бухорӣ аз мутахассисони туркман асрори гилембофии туркманиро меомӯзанд. Дар назди корхона ташкил ёфтани павилон-намоишгоҳ имконият медиҳад, ки ҳар як ташрифоранда аз таърихи гилемҳои туркманӣ, урфу одат ва анъанаҳои ба худ хоси халқи ҳамсоя пурра огоҳ гардад. Ин маскан ҳоло ба яке аз объектҳои дидании сайёҳони шаҳри бостонии Бухоро табдил меёбад. Дар ин ҷо ба фаъолият оғоз намудани ин корхона аз болоравии робитаҳои дӯстию ҳамсоягарӣ, маданию маърифатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷоративу сармоягузории ду мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Барои пурра амал кардани корхона имкониятҳои қулай фароҳам оварда шудааст. Маъмурияти корхона ният дорад, ки рӯзҳои наздик содироти маҳсулотро ба хориҷа ба роҳ монад. Ба ғайр аз ин дар ин ҷо ба истеҳсоли гилемҳои абрешимӣ омодагӣ дида мешавад. Ин имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оянд.
Меҳмонони маҳаллию хориҷие, ки ба ин ҷо ташриф оварданд, бо ҷараёни истеҳсоли гилем, таърих, расму оинҳои халқи ҳамсоя аз наздик шинос шуданд.
Савту сурудҳои пурҷозиба ба забонҳои халқҳоямон ба иштироккунандагони тадбир завқи маънавӣ бахшид.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.