20-уми май Рӯзи шеъри тоҷик ва милоди ду абармарди шеъри муосири мо — устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ буд.
Мо ба ин муносибат ва санаи сурурбахш бо овардани намунае чанд аз шеъри ду тан ва порае аз арҷгузориашон ба шеъри якдигар иктифо намудем. Фикр мекунем, дар қатраи баҳои пурмуҳтавои онҳо хуршед гунҷидааст.
«Шоири номии мо Муъмин Қаноат, ки бевосита калима ба калима, ҳиҷо ба ҳиҷо, сатр ба сатр шеъри маро таҳрир карда, печу хам, пушту рӯ ва сояравшанҳои суханро ба тадриҷ омӯхтааст, дар фанни шеър муаллими ман аст».
Лоиқ ШЕРАЛӣ.
***
«Лоиқ ягона шоирест, ки кӯшидааст тамоми роҳҳо ва василаҳои тасвирро аз тасвири воқеъӣ то тасвирҳои орифона, ошиқона ва риндона ба кор барад, аз рӯйдодҳои хурду бузург ҳолат ва лаҳзаҳои мухталифро дар қолаби шеъри нав, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, тарона дарорад. Аз «Ҳамосаи зиндагӣ» то «Мадҳияи аҷал» – дар ин паҳнои беохир, қаҳрамони лирикии ӯ андеша меронад».
Муъмин ҚАНОАТ.
Муъмин ҚАНОАТ
НАСИМИ ФОРСӢ
Аз халиҷи Форс меояд насими форсӣ,
Абр аз Шероз меояд чу сими форсӣ.
Дур аз ин дарё намеҷӯям, чу дур афтодааст,
Аз таги дарё тиҳӣ чашми ятими форсӣ.
Мерасад аз киштии бишкаста шеъри бешикаст,
Шеър ҳам бишкаст бо панди қадими форсӣ.
Шайхро сармаст дидам як шабе аз бӯйи нафт,
Рафт бо атри кафан, атру шамими форсӣ.
БА ҲАВОДОРОНИ
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, ай ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳар ҷӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.
Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо.
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.
Лоиқ ШЕРАЛӢ
ДУ ҒАЗАЛ
Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шӯри дили дарё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо,
Ало, Албурзи побарҷо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Басе шеъри тари дарё бувад андар лаби дарё,
Ало, шеъри тари дарё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Агар лак-лак дили покем, як-як дар дили хокем,
Ало, фарши зи арш авло, маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Дилам рӯзе агар аз дарди шеъру ишқ мемирад,
Ало, ишқи ҷаҳоноро, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Сухан пайдову нопайдои ҳар халқи сухансоз аст,
Ало, пайдову нопайдо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ало, Девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,
Ало, Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
***
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!
Ғунчаҳои пахта механдад зи хандохандашон,
Хандаҳои духтарон дар пахтазорон зинда бод!
Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин уммеди ин уммедворон зинда бод!
Ташнагӣ хуб аст, водорад, ки ҷӯйӣ чашмае,
Ташнагиҳои дил аз дидори ёрон зинда бод!
Гармтар аз оташу равшантар аз хуршеди Шарқ,
Бӯсаҳои аввалини дӯстдорон зинда бод!
То сухан парвоз омӯзад зи мурғони ҳаво,
Лонаҳои мурғакон дар шохсорон зинда бод!
Тирборон кардани мо кӯшиши беҳуда аст,
Ҳар кӣ моро мекушад бо шеърборон зинда бод!