Воқеан ҳам сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ шахси маърифатпарвар мебошад.
Адабиётшинос Хуршеда Отахонова устод Айниро «Хиради халқ» номидааст. С. Айнӣ эҷодкори бомаҳорат ва соҳибравияву сермаҳсул мебошад, ки аксари паҳлуҳои эҷодиёти ӯ аз тарафи пажӯҳишгарон тадқиқ гардидааст.
Дар дарсҳои беруназсинфии забон ва адабиёт омӯхтани шеърҳои тарғиботии С. Айнӣ аҳамияти калони тарбиявӣ доранд. Аз китоби «Таҳзиб-ус-сибён»-и ӯ чанд нуктаи муҳимро интихоб карда, шарҳ додан ҳам мумкин. Зеро мулоҳизаҳои дар китоб овардашудаи ӯ, ки хонандаро ба саводнок шудан ва соҳибмаърифат гардидан даъват менамояд, имрӯз низ хусусияти рӯзмаррагӣ доранд. Барои мисол порае аз шеъри машҳури ӯ «Саҳаргоҳон»-ро меорем:
Биёед, эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Дар олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҳаёти инсон ба мактабу маориф вобастагии қавӣ дорад, ки С. Айнӣ дар ин бора бо лаҳни сода хонандагонро ба таълим даъват намудааст. Нуктаи муҳими дигаре, ки оиди мактаб дар ҳошияи манзумаи «Мактаб» дарҷ гардидааст, ин аст:
Бемактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб.
Бе таҳсил дар мактаб ҳаёти фаровонро наметавон ба даст овард. Зеро мактаб – об ва нон. Яъне донишомӯзе, ки донишҳоро дар мактаб фаро гирифтааст, барои дарёфти обу нон азият нахоҳад кашид.
Дар шеъри «Боз мактаб» устод Айнӣ ба нақши мактаб дар ҳаёти инсон арҷ гузоштааст.
Рӯйи иродат матоб аз дари
мактаб,
То ки шавӣ комёб аз дари
мактаб.
Тӯшаи дину ҳам зарурати дунё,
Рав ба суҳулат биёб аз дари
мактаб.
Айнӣ дар осори назмии дигараш низ ҷавононро ба саводнок шудан ва асосҳои илму фанро аз худ намудан даъват менамояд, ки ҳанӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Мо дар он андешаем, ки таҳлил ва шарҳу тафсири ин гуна асарҳои устод Айнӣ дар хонишҳои беруназсинфӣ дар «Соли эътибор ба инсон ва сифати таълим» барои асосҳои илмро амиқ омӯхтани хонандагон кӯмак мерасонанд.
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
муаллими тоифаи олии мактаби рақами 11-уми
ноҳияи Сӯх.