РӮЗНОМА – МИНБАРИ МАКТАБИЁН

Барои такмилёбии шахс ва қобилияти фикрронӣ рӯзнома нақши муҳим дорад. Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар мактабҳои кишварамон муштариёни худро дорад.

Алалхусус, дар мактабҳои ноҳияи Сӯх аҳли зиё дилбохтаи рӯзномаанд. «Овози тоҷик»-ро аз давраи мактабхонӣ то ба ҳол мебинему мехонем. Зеро он мувофиқи маълумотҳои дар рӯзнома омада дар ҳар давру замон аз ҳайати эҷодии пурқувват иборат будаасту ҳаст ва хоҳад монд. Солҳои охир дар бахши адабиёту санъат ва омӯзгор чанд материалҳои муаллимон ва хонандагонамон  интишор ёфт. Ё ин ки оиди таълим хабарҳои рангоранг чоп мешавад, ки эҳтиёҷи мактабиёнро қонеъ мегардонад. Ин раванд ба аҳли мактаб хидмати маънавӣ ва роҳнамоест дар такмили илм. Мо – омӯзгорон «Овози тоҷик» ва дигар нашрияҳои чопиро дар дарсҳо корбаст мекунем. Ҳадаф аз он иборат аст, ки дарс шавқовартар ва ҳудуди географияи рӯзнома васеътар шавад. Зеро умед мекунем, ки тавассути ин амал қобилияти нутқи донишомӯз ва маҳорати баёни ӯ сайқал меёбад. Мақсад аз роҳандозии рӯзнома дар дарс он аст, ки донишомӯз ҳам дарсхон ва ҳам рӯзномахон бошад. Алҳол, ки дар дабистонҳо асарҳои бадеии хонданӣ ба забони модарӣ барои мактабиён шумораи на он қадар зиёд дорад, рӯзнома пахшгари он аст. Яъне аз рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Садои Сӯх», маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ва ғайра шеъру тарона, ҳикоёту латифа ва навгониҳо мехонанд. Имсол, ки «Овози тоҷик» 100-солагии худро ҷашн мегирад, умед менамоем солиёни зиёд барои миллату Ватан минбари розу ниёз бошаду ҷовидон. Ба таври умум гӯем, «Овози тоҷик» дар радифи дигарон минбари мактабиён ҳасту розу ниёзашон низ ҳамоҳанг акс меёбад.
      
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
муаллими мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: