Маълум аст, ки воситаҳои ахбори оммавӣ мардумро бо навигариҳои маҳалливу ҷаҳонӣ ошно месозад.
Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар тӯли фаъолияти 100-солаи худ урфу одат, арзишҳои миллӣ, санъат ва фарҳанг, таърихи бисёрсолаи мамлакат, ҳаёти бузургони хирад – шоир ва нависандагон, мардуми одии меҳнаткашро дар саҳифаҳои худ равшан менамояд. Сиёсати прагматик, масъалаҳои мубрами рӯз, ислоҳот ва фармону қарорҳоеро, ки таҳти роҳбарии Президентамон амалӣ мегарданд, пайваста ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонад.
Ҳамкасбонамон – ҷамоаи «Овози тоҷик» -ро бо ҷашни садсолагии рӯзномаашон аз самими қалб табрик менамоем. «Овози тоҷик»-ро, ки пиру ҷавон ҳамчун интишорсозандаи навгониҳо интизор мешаванд, ҳама хуб медонанд.
Аз ҷониби Президент ва ҳукуматамон журналистони соҳибқалами рӯзнома соҳиби бисёр мукофотҳои давлатӣ шуда истодаанд.
Ба корҳои эҷодии ҷамоаи «Овози тоҷик» пешравӣ, ба ходимони он саломатӣ, бахт ва бурдбориҳо таманно дорем.
Ғуломзокир ЮСУПОВ,
сармуҳаррири «Нурлы жол» – рӯзномаи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон.