РӮЗНОМА – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Обуна-2021

Соли нав дар мекӯбад. Соли нав иқболи нав, орзую умед баҳри беҳбуди зиндагӣ.
Нақшаву чорабиниҳои стратегии давлати мушаххас ва дақиқ, ҳимояи манфиати мардум мақсади олӣ. Мардум бо рӯҳбаландию созандагӣ баҳри иҷрои нақшаҳои стратегии давлатӣ омодаанд.
Чун сол охир мешавад, дар ҳаёти маънавии мардум марҳилаи нав оғоз меёбад, марҳилаи обуна ба матбуоти даврӣ, марҳилаест дандоншикан. Вуҷуду виҷдони ҳар як соҳибмаърифат ба ларза меояд, бахусус, дастандаркорони воситаҳои ахбори оммавиро. Аз ин тангназарии соҳибзабонон дастбакорони рӯзномаи «Овози тоҷик» бехабар нестанд. Талош доранд ҳар як тоҷику тоҷикзабони ҷумҳурӣ ҷашни 100 солагии «Овози тоҷик»-ро сазовору сарбаландона пешвоз гиранд. «Овози тоҷик» куҳансолтарин рӯзномаи минтақа аст ба забони тоҷикӣ. Вале таассуфовар аст адади нашри он дар тайи соли равон ҳатто ҳазорто нест. Ташвишовар аст ин адад. Эътироф доранд, тоҷикон аз миқдор байни мардуми кишвар дар ҷойи дуюм қарор доранд. Дар кишвар беш аз 250 мактаби таълими ҳамагонӣ, чандин муассисаҳои таълими томактабӣ, дар донишгоҳ ва донишкадаҳои Самарқанду Тирмиз, Фарғонаю Чирчиқ бахшҳои забон ва адабиёти тоҷик ва чандин бахшҳои дигари тоҷикӣ фаъолият доранд. Дар ҳамаи ин муассисот омӯзгорон ба забони тоҷикӣ таълиму тарбия медиҳанд. Дар дилу диққати шогирдон эҳсосоти худшиносию худогоҳӣ ва озодандеширо бояд таҷассум ва ташаккул диҳанд. Ва имрӯз самараи ин гуна ҷараёнро дарк ва эҳсос намудан амрест маҳол. Ин хулосаро ҳоҷати шарҳ нест. Адади нашри рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳуриявӣ «Овози тоҷик» мушаххас аст.
Аз рӯйи маълумотҳои дақиқи оморӣ дар Ӯзбекистон беш аз 1,5 млн. нафар тоҷик, на тоҷикзабон, зиндагӣ ва фаъолият доранд. Барои таҳсил, ташаккули маънавият ва фаъолияти корӣ дар кишвар ҳама гуна шароит, имконот муҳайё. Ҷавонони тоҷики ӯзбекистонӣ имрӯз шарафи Ӯзбекистонро дар арсаи ҷаҳонӣ, дар соҳаи илм, мактабу маориф, варзиш сарбаландона ҳимоя доранд ва дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд. Соҳибкорони тоҷик дар рушди иқтисоди кишвар саҳм мегузоранд, дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона ширкат доранд. Дар Олий Маҷлис чор нафар намоянда дорем. Дар Ӯзбекистон беш аз 400 нафар эҷодкорони тоҷик умр ба сар мебаранд. Пас муҳити хуб дорем. Аз касе ҷойи камӣ нест. Суол пайдо мешавад: чаро шумораи обуначиён кам? Чаро рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳуриявиро дастгирӣ наменамоем? 
Рӯзнома шиносномаи миллат аст. Агар шиносномаи шахсӣ шахсияти моро муаррифӣ намояд, пас рӯзнома дар кишвар ва берун аз марзи он миллати моро, забони модарӣ, урфу одат, фарҳангу адабиёти моро ба ҳамагон ошно месозад. Шиноснома ҳуҷҷатест аз мавҷудияти халқи бофарҳанги ҳар як кишвар. Моро ғуруру ифтихор намерасад, лоқайд шудаем нисбати мероси ниёгон, гӯё фаромӯш кардаем, ки Одам-уш-шуаро Рӯдакӣ маҳз дар ҳамин сарзамин дасторхони маънавии забони дарӣ-тоҷикиро густурд. Фирдавсӣ гирди он аз назм кохе офарид, ки «аз боду борон наёбад газанд», «Донишнома»-и Ибни Сино ва «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, ки ба забони дарӣ офарида шудаанд, он кохи пири гуҳарро боз ҳам рангину гуворотар гардонидаанд. 
Баъдан он кохи маънавӣ оламгир шуд. Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедил, Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнӣ кохи маънавиро боз ҳам мустаҳкам ва оламгир намуданд. Шуарои Ғарбу Шарқ анъанаҳои кохи маънавиро пайгирӣ намуданд.
Мо, соҳибзабонон, имрӯз аз он ганҷи мондагор дурӣ меҷӯем. Ҳатто аз рӯзгор ва вазъи адабии ҳамзабононамон чун Баҳманёр (равонаш шод бод!), Ӯрун Куҳзод, Сорбон, Саттор Турсун ба хубӣ огоҳӣ надорем. Чунки «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва «Ховар»-ро мутолиа намекунем, ташнатар ба онҳо обуна намешавем.
Боре бо омӯзгор Дилмурод Қӯзиев ба чанд мактаби куҳпояи Нурато рафтем. Аз муаллимон оиди масоили обуна пурсон шудем.
– Обуна ихтиёрӣ аст, ё худ забони рӯзнома душвор, мураккаб аст, – посух медоданд баъзе.
Оре, обуна ихтиёрӣ аст, онро касе инкор намекунад. Вале мо омӯзгор ҳастем ва аз паси ҳамин пешаи муқаддас зиндагӣ дорем, фарзандон ба воя мерасонем, маросимҳоямонро мегузаронем. Омӯзгор ҳамеша дар омӯзиш аст, то шогирдонро биомӯзонад, месӯзад то шогирди тавоно тарбият намояд. Омӯзгор китоб нахонад, рӯзнома ба даст нагирад, китобҳои дарсӣ пур-пури хато бошанд, пас омӯзгор аз куҷо меомӯзад, забон ва нутқи худро чӣ гуна ташаккул медиҳад. Ҷомеа ривоҷ меёбад, дар алоқамандӣ ба рушди иқтисод ва техникаю технология забон низ ташаккул ёфта, аз вожаҳои иқтибосӣ (ин ҳодиса хоси ҳамаи забонҳо аст) таркиби забон бой мегардад. Чун омӯзгор рӯзнома нахонад, куҷо дарки ин калимаҳо кунад. Аксар омӯзгорон китоби бадеӣ ва рӯзнома намехонанд, ки калимаҳои тоҷикӣ чун рӯзҳои ҳафта – душанбе ба душанба, шанбе ба шанба, тухм ба тухум, шаҳр ба шаҳар табдил ёфта, ба хонандагон низ бетаъсир намемонад. Китобҳои бадеӣ на ҳамеша дастрасанд, пас ягона восита, ки забони моро ташаккул дода, нутқи моро бурро гардонад, рӯзнома аст. Рӯзнома моро ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании кишвар ва берун аз он ошно месозад. Рӯзнома воситаест, ки ҳама чизро ба ҳар кас расонад, забонро ташаккул, эҳсосоти худшиносию худогоҳӣ ва озодандеширо такомул диҳад.
Шояд ба маъракаи обуна барои нимсолаи дуюм бемории коронавирус ва карантин бетаъсир набуд. Умед дорем, ки мардуми мо, бахусус, зиёиён чун табақаи пешқадами ҷомеа дар маъракаи обуна фаъол иштирок меварзанд.
Дӯстдорони забону каломи ноби тоҷикӣ, ҳаммиллатони худшиносу худогоҳро ба рӯзномахонӣ, хусусан, ба «Овози тоҷик»-хонӣ даъват мекунам.
«Овози тоҷик» рӯзгори мо, забони ширини аҷдодии мост. «Овози тоҷик» шиносномаи миллати тоҷик аст. Онро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиром кард.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: