РӮЗНОМА – ВОСИТАИ ТАРБИЯ

Дар бораи рӯзнома ва нақши он дар ҷамъият борҳо фикру андешаҳо гуфта шудаанд.

Дар бораи рӯзнома ва  нақши он дар ҷамъият борҳо фикру андешаҳо гуфта шудаанд. Баъзе ҳамдиёрон онро ҳамчун обу ҳаво зарур ҳисобанд, чанди дигар баръакс дар замони тараққии илму техника, ба хусус интернет, нодаркор мешуморанд.
Ростӣ, ҳаёти имрӯзаи мо бо шиддат мегузарад, илму техника низ бо чунин суръат пеш меравад. Ҳарчанд журналистикаи интернет ҳоло нақши муҳим дорад, рӯзнома ба факту рақамҳои асосноку боварбахш мақоми хосеро соҳиб аст. Барои ҳамин ҳам мавҷудияти рӯзнома дар ҷамъият зарур мебошад. Аз вай метавон ҳамчун воситаи тарбия низ истифода бурд. Бинобар ин ҳам аз рӯзнома наметавон даст кашид.
Солҳои бачагии мо дар кишварамон рӯзномаву маҷаллаҳои бисёр буданд. Падару модарам, ки дар корхона ва ташкилотҳои давлатӣ адои вазифа мекарданд, ба 5-6 номгӯй рӯзномаҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ обуна мешуданд. Онҳо баъди мутолиаи ҳар як шумора, ки хаткашон онҳоро сари  вақт мерасонд, мо – фарзандонро низ ба мутолиа даъват мекарданд. Дар натиҷа забонамон бурро ва ҷаҳонбиниамон  васеъ мегардид.
Эътибори мо – хонандагони мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ (он солҳо дар ҳудуди вилоятамон мактабҳои тоҷикӣ зиёд буданд), махсусан ба рӯзномаи «Овози тоҷик» бештар буд.
Ҳар як омӯзгор, ҳатто хонандагон ҳам, ба ин рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳурӣ муташаккилона обуна мешуданд. Кош имрӯз ҳам ин анъанаро идома дода, бо хоҳиши худ ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна мешуданд. Ин нур болои нур мебуд.
Ҳамон солҳо дар дилам орзуи журналист шудан пайдо шуд ва бе ҳеҷ дудилагӣ ин касби басо масъулиятнок ва пуршарафро интихоб намудам. 
Солҳои кор дарк кардам, ки рӯзноманигорӣ касби пурмашаққат ва сангин будааст.
Аз ин рӯ ҳамзабононро баробари ба қадри ин касб расидан ба дастгирӣ кардани рӯзномаи «Овози тоҷик», яъне обуна шудан даъват мекунам.
Шоҳида ДАМИНОВА,
журналист.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: