РӮЗНОМА ЗАБОНИ МИЛЛАТ АСТ

Ҳар сол хабарнигори вилоятии рӯзнома ба маҳаллаҳои Гулобод, Оқолтин, Ҳавз, Хӯҷаипок, Оқсу чандин бор сафар карда, аз ҳаёти мардуми кӯҳистон ва таҳдашт мақолаву хабарҳо таҳия мекунад.

Чандин навиштаҳои ӯ дар бораи мактабҳо ва одамони соҳиби касбу кори гуногун дар рӯзнома дарҷ шудаанд.
Боре хабарнигори рӯзнома дар яке аз суҳбатҳо гуфт, ки обуначиён дар минтақаи шумо беш аз 10 нафар нест. Рости гап, инро шунида ҳайратам афзуд ва аз ӯ дар ин бобат дубора пурсуҷӯ кардам.
Воқеан дар ноҳияи Олтинсой тоҷикон зиёданд. Ҳоло дар ноҳия 5 мактаби таълими ҳамагонии тоҷикӣ амал мекунад. Дар ин таълимгоҳҳо беш аз 95 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғуланд. Наход ҳар сол ақаллан 4-5 нафар ба як нусха рӯзнома обуна нашаванд. Худи ман ҳар сол аз захираи нафақапулӣ ба «Овози тоҷик» обуна мешавам.
Соли гузашта сарвари кишварамон дар бораи китоб ва китобхонӣ қарори махсус баровард. Ин қарор далели он аст, ки мо солҳои охир ба хотири  сарватғункунӣ аз китоб ва китобхонӣ хеле дур шудем. Ҳатто дар таълимгоҳҳо низ баъзе омӯзгорону хонандагон китоб намехонданд. Агар кас китоб нахонад, пас чӣ гуна маънавияти хешро ғанӣ мекунад.
Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи ҳамдиёрон ва кулли тоҷикони вилоятро даъват мекунам, ки ба ягона рӯзномаи тоҷикии ҷумҳуриявӣ – «Овози тоҷик» обуна шаванд, онро дастгирӣ кунанд. Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар интишори ин рӯзнома устоди бузург Садриддин Айнӣ сару бар шуда, дар нахустин шумораи он навишта буд: «Қавме, ки рӯзнома надорад, забон надорад...»

Пардабой ЭШОНҚУЛОВ,
нафақахӯр аз деҳаи Фангати ноҳияи 
Олтинсойи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: