Ёд дорам, солҳои таҳсил дар мактаби миёна бо дархости муаллими адабиёт Бердӣ Ҳамроев (рӯҳаш шод бод!) ҳамаи мо, шогирдон ғайр аз «Пионери Тоҷикистон» ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») низ муташаккилона обуна мешудем.
Ёд дорам, солҳои таҳсил дар мактаби миёна бо дархости муаллими адабиёт Бердӣ Ҳамроев (рӯҳаш шод бод!) ҳамаи мо, шогирдон ғайр аз «Пионери Тоҷикистон» ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») низ муташаккилона обуна мешудем. Зеро дар ин нашрияҳо аз эҷодиёти хонандагон – шиносҳои мактабии мо Адаш Истад, Хуршед Қамар, устод Бердӣ Ҳамроев ва дигарон намунаҳо рӯи чопро медиданд.
Гарчанде аз байн беш аз ним аср сипарӣ гашт, камина ҳамон мухлиси «Саҳифаи адабиёт ва санъат»-и он ҳастам.
Гап дар сари он аст, ки акнун ҳамсинфонам Нормурод Каримзода, Зоҳир Ҳасанзода, Бахтиёр Ҷумъазода низ бо шеъру ҳикояҳои дилпазир диққати мухлисонро ба худ ҷалб менамоянд. Ана барои чӣ ҳар сол яке аз аввалинҳо ба «Овози тоҷик»-и овозадор худ ва дигаронро обуна мекунам.
Чӣ ҷои пинҳон кардан аст, «обуна маҷбурӣ нест» гуфта, обунаи ихтиёриро фаромӯш кардем.
Чанде пеш дар гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳи мо вохӯрӣ бо талабаҳо ба вуқӯъ пайваст. Камина ҳозиронро ташвиқ кардам, ки ҳама муташаккилона ба «Овози тоҷик» обуна шаванд.
Боиси ифтихор аст, ки дар рӯзнома аз Самарқанд, алалхусус Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ маводҳои таҳсилӣ, таҳлилӣ ва таърихии ҷолиби таваҷҷӯҳ чоп мешаванд.
Воқеан, фаромӯш накунем, ки соли 1924 аввалин нусхаи рӯзнома дар шаҳри Самарқанд рӯйи чопро дидааст.
Ба ин хотир барои ҳар як самарқандӣ обуна ҳам қарз ҳасту ҳам фарз.
Аҳмадҷон СОЛИЕВ,
доктори илмҳои физика-математика, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд.