«РӮЗНОМАИ ХУДАМОН»

Яке аз ходимони собиқадори рӯзномаи “Овози тоҷик” ба идораи почтаи деҳаи Эҷ барои фаҳмидани вазъи обуна, аз ҷумла ба “Овози тоҷик” медарояд.

Яке аз ходимони собиқадори рӯзномаи “Овози тоҷик” ба идораи почтаи деҳаи Эҷ барои фаҳмидани вазъи обуна, аз ҷумла ба “Овози тоҷик” медарояд. Дар идора ӯ бо омӯзгори собиқадор, ки чандин сол ҳамчун сарвари ташкилотҳо фаъолият бурдааст, ҳамсуҳбат мешавад. Омӯзгор аз коркуни почта хоҳиш мекунад, ки ӯро ба “рӯзномаи худамон” обуна кунад. Ходими рӯзномаи “Овози тоҷик” (дар он вақт “Ҳақиқати Ӯзбекистон”) хурсанд мешавад, ки “газетаи худамон”-и муаллим албатта “Овози тоҷик” аст. Аммо ин хурсандӣ дар ҳамон лаҳза аз рӯйи ӯ нопадид шуд. Баъди фаҳмидани “газетаи худамон”, ки рӯзномаи ноҳиявӣ будааст, тарбуз аз бағалаш меафтад... 
Ин воқеа даҳсолаҳо пеш, ки вазъи обуна ба “Овози тоҷик” дар сатҳи нисбатан баланд буд, рӯй додааст.
Мутаассифона, дар айни замон обунашавӣ ба матбуоти даврӣ, бахусус “Овози тоҷик” паст аст. Имрӯз мардум рӯзномаву маҷалларо кам мехонанд. Мутолиаи матбуоти даврӣ гӯё шуғли бефоидаи онҳо мегардад. Ин ҳама аз маънавиёти пасти баъзе аз ҳамватанону ҳаммиллатонамон дарак медиҳад.
Хурсандибахш аст, ки соҳибкорони сармоядор бисёр мешаванд. Теъдоди тӯйхонаву тарабхонаҳо меафзояд. Шабонарӯз пойи хурандаҳо аз он ҷойҳо канда нест. Бахусус, ҷавонон соатҳои дароз дар паси мизи пур аз таом, ки барои он садҳо ҳазор сӯм маблағ сарф мегардад, нишаста, ба гуфти худашон “кайф мекунанд”. Нафси моддӣ ба нафси маънавӣ дар ашхоси имрӯза зӯрӣ мекунад. Агар гӯед, ки панҷоҳ дар сади харҷи нафсашонро ба хондани маҷаллаву рӯзнома сарф намоянд, бо истеҳзо “рӯзномахонӣ шиками моро сер намекунад” мегӯянд.
Имрӯз илму техника ба дараҷаи афсонавӣ пеш меравад. Шабакаҳои интернет тамоми навгониҳои ҷаҳониро намоиш медиҳад. Аммо ин ҳама пешравиҳо, теъдоди зиёди воситаҳои техникӣ ҷойи рӯзномаву маҷалларо гирифта наметавонад.
Солҳои охир ибораи “обуна маҷбурӣ нест” шиори бисёре аз шахсоне гардидааст, ки ба пешрафт ва нашъу нумӯи миллат камэътиборанд. Касе, ки худро соҳиби маънавияту маърифат, соҳиби миллату забони ноби тоҷикӣ мешиносад, ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ обуна мешавад. 
Саҳифаҳои “Овози тоҷик” беш аз пеш аз маводҳои тарбиявию ахлоқӣ, гуфторҳои хонданӣ бою рангинтар мегардад. Ҳамдиёрони азиз, биёед, ба рӯзномаи дӯстдоштаамон, ба «газетаи худамон»– «Овози тоҷик», ки ягона нашрияи тоҷикии сартосарии Ватанамон аст, обуна шавем. Хондани рӯзнома, бой гардондани маънавиётамон як умр ба мову шумо хидмат мекунад.

Элмурод РӮЗИЕВ,
омӯзгори тоифаи олӣ.
Ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: