Рӯзномаи машҳури Индонезия «Kalimantan Post» мақолаеро бо унвони «Сафар ба кишвари ҳайратангези Ӯзбекистон» нашр намуд.
Муаллифи мақола – Муҳаммад Аде Маулидин қайд мекунад, ки мардуми Индонезия Ӯзбекистонро ҳамчун замини муқаддас медонанд. Дар байни сайёҳони индонезӣ кишвари мо ба мисли Макка ва Мадина макони муҳими зиёрати мусулмонон шуҳрат дорад.
«Ӯзбекистон – кишварест, ки дар рушди тамаддуни исломӣ саҳми бузург дорад. Ҳар касе, ки ба ин кишвар ташриф меорад, бо шаҳрҳои таърихӣ, чун Тошканд, Бухоро, Самарқанд ва Хива шинос мешавад, аз шуҳрати таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии он баҳраманд мегардад. Дар ин сарзамин донишмандон ва файласуфони бузург, аз ҷумла Ибни Сино, нобиғаи илми тиб, Ал-Хоразмӣ, асосгузори алгебра ва Абурайҳон Берунӣ, падари геодезия ба дунё омадаанд», – менависад муаллиф.
Рӯзноманигори индонезӣ таъкид мекунад, ки Ӯзбекистон ватани Имом Бухорӣ, донишманди бузурги муҳаддис ва муаллифи маҷмӯаи «Ал-Ҷомеъ ас-Саҳеҳ» мебошад, ки он яке аз сарчашмаҳои муҳими ҷаҳони ислом шинохта мешавад. Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки мақбараи ин шахсияти дорои ҷойгоҳи махсус дар таърихи тамаддуни исломӣ, ки дар наздикии Самарқанд ҷойгир аст, имрӯз ба маҷмааи бузург табдил дода мешавад.
«Чизи ҷолиб он аст, ки нусхаи нодири Қуръони ҳазрати Усмон, ки дар пӯсти оҳу навишта шудааст, дар китобхонаи Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, ки дар минтақаи куҳнаи шаҳри Тошканд ҷойгир аст, нигоҳдорӣ мешавад», – зикр мегардад дар мақола.
Рӯзноманигори индонезӣ менависад, ки дар кӯчаҳои қадимии Самарқанд ӯ бо зане бо номи Мерина аз шаҳри Банҷармасин, воқеъ дар ҷазираи Калимантан, вохӯрда, бо ӯ суҳбат карда, таассуроти ӯро аз сафар ба Ӯзбекистон дар мақолааш овардааст.
«Фасли зимистон дар Ӯзбекистон хеле зебо аст. Ба индонезиҳо, ки ҳеҷ гоҳ барф надидаанд, лозим нест, ки маблағи зиёд сарф намуда, ба Аврупои дур сафар кунанд. Дар масофаи якунимсоатӣ аз Тошканд кӯҳҳои Чимён ҷойгиранд, ки барои сайёҳони хориҷӣ ва дӯстдорони лижаронӣ ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин дар биёбонҳои наздики Бухоро бо дӯстонам савори шутур ва асп шуда, бо квадротсикл сайр кардам. Хушбахтона, ин навъи сайёҳӣ низ дар Ӯзбекистон рушд ёфта истодааст. Саёҳати мо ба Бухоро ба мо таассуроти бузурге бахшид», – мегӯяд сайёҳи индонезӣ.
Муаллиф хулоса мекунад, ба онҳое, ки мехоҳанд зиёратро анҷом дода, истироҳатро бо завқ гузаронанд, бояд ҳатман ба Ӯзбекистон сафар кунанд.
АИ «Дунё»,
шаҳри Ҷакарта.