РӮЗНОМАИ КУВАЙТ ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН

Рӯзноманигори нашри ҳаррӯза диққати хонандагонро ба нармшавии сиёсати виза дар Ӯзбекистон, ҳамчунин ғановати фарҳангию маънавии халқамон ҷалб намуд.

Дар рӯзномаи «Ан-наҳар» (Кувайт) мавод таҳти унвони «Ӯзбекистон кишварест, ки 4000 ҷойи таърихию сайёҳӣ дорад» ба чоп расид, ки ба иқтидори сайёҳии кишвари мо бахшида шудааст.
Муаллиф қайд мекунад, дар Ӯзбекистон низоми гирифтани визаи электронӣ ҷорӣ шуд, ки аз он шаҳрвандони 101 мамлакати дунё, аз ҷумла Кувайт, истифода карда метавонанд. Виза ба тарзи онлайн дар давоми 30 рӯз ба муҳлати 90 рӯз дода мешавад. Тошканд ҳамчунин визаи транзитиро барои шаҳрвандони давлатҳои  алоҳида ҷорӣ намудааст. Онҳо агар  ба кишвари сеюм чиптаи авиатсионӣ дошта бошанд, то панҷ рӯз бе виза дар қаламрави Ӯзбекистон буда метавонанд. Ғайр аз ин, байни Ӯзбекистон ва Кувайт қарордод бинобар режими бевиза барои соҳибони шиносномаҳои дипломатӣ ба имзо расидааст. Барои шаҳрвандони Кувайт бо шиносномаи оддӣ  ба Ӯзбекистон тӯли ду рӯзи корӣ визаи сафарӣ дода мешавад.
Дар мақола афзудани сафи сайёҳон ба Ӯзбекистон, шароитҳои хуби хидматрасоние, ки аз ҷониби ташкилотҳои маҳаллию давлатӣ фароҳам оварда шудаанд, сухан меравад. Миқдори онҳо соли 2018 бештар аз 5 миллион нафарро ташкил намуд. 
Ширкатҳои авиатсионии  Ӯзбекистон, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва ғайра байни шаҳрҳои Ӯзбекистон ва мамлакатҳои дигар равуои мунтазамро ба роҳ гузоштаанд. 
Рӯзноманигори кувайтӣ дар бораи маҷмӯъҳои меъморӣ ва обидаҳои таърихии Ӯзбекистон нақл мекунад. Самарқандро гавҳари Шарқ, Бухороро шаҳри шариф, Хеваро шаҳри  музейҳо, Шаҳрисабзро шаҳри табиат меноманд, ки бесабаб нест. Дар бораи Тирмиз, Қӯқанд ва Тошканд низ дар мақола сухан рафтааст. 
«Мамлакат ба муҳофизат ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ эътибори муҳим медиҳад, ки қисми зиёди онҳо, аз ҷумла, «Ичан Қалъа» дар Хева, биноҳои меъморӣ дар Бухоро ва Шаҳрисабз ба рӯихати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидаанд.
Дар ҳудуди Ӯзбекистон донишмандон ва мутафаккирони бузург, ҳамчун Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абӯмансур Мотрудӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Маҳмуд Замахшарӣ, Абӯрайҳон Берунӣ, Хоразмӣ, Абӯнаср Форобӣ, Амир Темур, Алишер Навоӣ ва дигарон зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
Ӯзбекистон диёри зебо, бехавф, ҷаҳонишуда бо гуногунрангии фарҳангию ҷуғрофист. Мамлакат ҳамчунин бо таомҳои миллии хуштаъмаш шуҳратёр аст», қайд карда шудааст дар мақола.
Дар поёни мавод зикр ёфта, ки дар Ӯзбекистон сайёҳон метавонанд аз тамошои манзараҳои табиат, санъати декоративию амалӣ, бозорҳо бо ашёи ҷолиб, ҳамчунин таббохии маҳаллӣ завқ баранд. Онҳое, ки дӯстдори табиат ва бозорҳои ҷолиби тиҷоратианд, ба водии Фарғона даъват карда мешаванд.

АА «Дунё» 
АЛ-КУВАЙТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: