РӮЗНОМАИ МАҲБУБ

Бо истифода аз фурсат меарзад, ки пеш аз ҳама, ҳамкасбонамон – аҳли эҷоди имрӯзаи «Овоз тоҷик», инчунин, хонандагону ноширони онро ба муносибати 100-солагии ин рӯзномаи маҳбубу машҳур табрик гуфта бошем.

Мо рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро бо таърихи садсола, натанҳо яке аз аввалин рӯзномаҳои тоҷикзабон, балки дар таърихи матбуоти даврии Осиёи Марказӣ аз аввалин нашрияҳо ва шоистаи ифтихор медонем. 
Рӯзнома дар як давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсози миллати тоҷик таъсис ёфта, рисолати таърихиро бар дӯш гирифт ва онро бо сарбаландӣ иҷро намуд. Дар он эҷодкорони асил дар бораи ҳастии миллат, таъриху фарҳанг, забону адабиёти тоҷик ва вазъи иқтисодию иҷтимоии замон мунтазам мавод менавиштанд ва орзую ормонҳои хешро тавассути рӯзнома инъикос менамуданд. Аз ин рӯ, рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро метавон ормонномаи миллат номид.      
«Овози тоҷик» аз замони таъсис ёфтанаш фаъолона ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодии халқи моро инъикос мекард. Он ба оинае мубаддал гашта буд, ки симои мардуми тоҷикро дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ нишон медод ва дар саҳифаҳои худ муборизаи озодихоҳонаашро барои расидан ба ормонҳои миллӣ бозгӯ месохт.
Аввалин муҳаррири рӯзнома Абдулқайюм Қурбӣ ва котиби масъули он Саидризо Ализода буданд. Ба ҷуз ин ду нафар,  дар идораи рӯзнома боз чандин нафар кор мекарданд. Онҳо мекӯшиданд, ки нақши тоҷиконро дар  бунёди ҷомеаи навин нишон диҳанд. Ба ҷуз ин, тавассути ин нашрия фарҳангу адабиёти тоҷик мунтазам тарғибу ташвиқ мегардид.
Рубрикаҳои «Мушфиқӣ», «Раҳнамои мухбирон», «Садои меҳнат»... дар байни хонандагон маҳбубият доштанд. 
Таъкид кардан ба маврид аст, ки барои таъсис ёфтани рӯзномаи «Овози тоҷик» нақши равшанфикрони тоҷик ва бузургоне чун устод Садриддин Айнӣ хеле барҷаста аст. Он замон нашр шудани ин рӯзнома барои халқи тоҷик ҳаётан муҳим, балки ид буд. Устод Садриддин Айнӣ дар қатори муассисон ба ҳайати таҳририяи рӯзнома шомил гашта, барои бо сифати хуб нашр гаштани он талош меварзиданд. Ҳамчунин, ба муаллифони мақолаҳо барои бо забони содаю равон навиштан маслиҳатҳои судманд медоданд. Ҳузури устод Айнӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва мавқеи устуворашон дар шинохти фарҳангу таърихи миллат ба фоидаи кор буд.
Рӯзномаи «Овози тоҷик» аз ибтидои таъсис ёфтанаш дар таблиғи адабиёти навини тоҷик саҳмгузор будааст. Аз ҷумла, аз 23 ноябри соли 1924 то 1 майи соли 1925 чоп шудани повести устод Садриддин Айнӣ «Одина ё ки саргузашти як тоҷики камбағал» гувоҳи гуфтаи болост.
Рӯзномаи «Овози тоҷик» тӯли фаъолияти садсола натанҳо барои миллати тоҷик ва тарғибу ташвиқи фарҳангу таърихи он, балки барои густариши дӯстию бародарии мардумони Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикону ӯзбекон, саҳми беандоза дорад. Тарғибу ташвиқ ҳамзистии осоишта, ҳифзи дӯстию рафоқати қадимӣ, ҳамсоягии нек, фарҳанг, урфу одат ва ҷашну маросими шабеҳ аз ҳадафҳои асосии ин рӯзнома маҳсуб мешуд, ки имрӯз бо сатҳу сифати нав, рӯҳияи тоза ва ҷавобгӯ ба талаботи замон идома дорад. 
Имрӯз рисолати воситаҳои ахбори омма, бухусус рӯзнома, фаротар аз ҳифзи манфиатҳои миллӣ аст. Чун ҷаҳонишавӣ, зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ва хурофоту бегонапарастӣ ҳамчун хатарҳои ҷиддии замони муосир кайҳо боз дар мекӯбанд, дар чунин вазъият барои ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ рисолату масъулияти воситаҳои ахбори омма даҳчанд афзудааст. Бинобар ин, мо бояд тибқи иқдому ташаббус ва дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориро густариш бахшида, дар таҳкими дӯстию бародарии дерин, ҳамсоягии нек, ҳифзи манфиатҳои ду кишвар беш аз пеш саҳмгузор бошем. 
Барои расидан ба чунин ҳадафҳои нек ба ҳамкасбони азизамон барору муваффақият таманно намуда, тансиҳҳатию хушбахтии ҳамешагӣ ва дастовардҳои нав ба нави эҷодиро орзумандем. 
Ҷашни 100-солагии рӯзномаи азизи «Овози тоҷик» муборак бод! 

Бахтовар КАРИМЗОДА,
сармуҳаррири нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: