РӮЗНОМАИ СӮФИЗОДА

Одатан дар хусуси журналистон хеле кам менависанд.

Одатан дар хусуси журналистон хеле кам менависанд. Нависанд ҳам ҳар сол дар арафаи 27 июн, ки Рӯзи касбии онҳост, дар бораи журналисти пешқадам, фидокор ва хушқалам мухтасар ва кӯтоҳ ҳарф мезананд. Аслан дар байни қаҳрамонҳое, ки мо ҳар рӯз номашонро ба забон мегирем, соҳибони ин касби шариф кам нестанд, бояд меҳнати пурмашаққат, вале пуршарафи онҳо низ эътироф карда шавад.
Воқеаҳои олам, навгониҳои мамлакат, дигаргуниҳои миқёси шаҳр ё ноҳия, таҷрибаҳои пешқадам, комёбиҳое, ки дар истеҳсолот ба даст омадаанд, пешоҳангони истеҳсолот, ҳаёти ибратбахши онҳое, ки ба касбу кори худ садоқат доранд, аз тариқи қалами онҳо ба аҳли ҷомеа маълуму машҳур мешаванд. Дар ин бобат рӯзномаи «Чуст ҳақиқати» низ саҳми босазо дорад. Ҷаридаи мазкур, ки ҳамнафаси замон мебошад, ба наздикӣ 90-умин солгарди худро қайд хоҳад кард. Тӯли солҳои сипаришуда кормандони таҳририят хонандагони худро нафақат бо воқеаву ҳодисаҳои ноҳия, балки кишвару миқёси ҷаҳон шинос карданд, онҳоро аз навгониҳои дохилу берун хабардор намуданд. Туфайли онҳо рӯзнома ба хонаводаи ҳар як сокини ноҳия ворид шуд. 
Ба рӯзномае, ки сараввал бо номи «Иҷтимоиёт» нашр шуд, аввалин Шоири халқии Ӯзбекистон Муҳаммадшариф Сӯфизода роҳбарӣ кард. Азиз Қосимӣ, Эшонҷон Содиқӣ, Абдураззоқ Воҳидӣ ва Эргаш Холбобоев барин маърифатпарварон ба ӯ аз наздик кӯмак расониданд. 
Солҳои 30-юми асри гузашта дар водӣ аз тариқи ҳашар Канали калони Фарғона, канали Фарғонаи Шимолӣ, ГЭС-и Фарҳод, обанбори Косонсой, канали Чуст бунёд ёфтанд, ки ҷараёни кор дар онҳо мавзӯи асосии рӯзномаҳо буд.
Баъдан корнамоиҳои ҷавонон дар майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, меҳнати фидокоронаи занону наврасон дар ақибгоҳ мавзӯъ ва мундариҷаи умдаи рӯзномаҳоро ташкил доданд.
Насли баъдинаи журналистон низ ҳамоҳанги замон буданд ва даврони худро аз тариқи мақола, хабар, гузориш ва лавҳаҳо ба хонандагон маълум мекарданд.
Аҳолии ноҳия аксарият тоҷик мебошад. Бо назардошти ин ҳамчун намунаи кушодадилӣ, инак беш аз 30 сол боз як саҳифаи рӯзнома ба забони тоҷикӣ интишор меёбад. Теъдоди рӯзномае, ки ҳар сол сазовори ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмони ҳокимияти вилоят ва ноҳия мегардад, имрӯз ҳам кам нест. Рӯзномаи «Чуст ҳақиқати», ки таҳти сарварии журналисти соҳибқалам Замира Меҳмонова интишор меёбад, алъон низ аз нашрияҳои дӯстдоштаи мардуми Чуст ба шумор меравад.
– Аз ҷониби роҳбари давлат дар қатори соҳаҳои дигар эътибор ба воситаҳои ахбори оммавӣ низ меафзояд, ки моро барои бо нерӯву ғайрати дучанд меҳнат кардан рӯҳбаланд месозад, – мегӯяд муҳаррири рӯзнома Замира Меҳмонова. – Ба тарзи ҳаққонӣ ва комилан равшан кардани имкониятҳои зиёде, ки дар ноҳия фароҳам оварда шудаанд ва иштироки шаҳрвандонамон дар ин ҷараёнҳо ба зиммаи мо – журналистон масъулияти бузург мегузорад. Ин ҷараён, ки бо суръати баланд идома дорад, аз журналист тақозо менамояд, ки фаъол бошад, масъулиятро дарк ва эҳсос намояд.
Дар ин бобат устодони мо Анвархон Муродов ва Ғаффор Расулов, ҳамкасбонамон Ботиралӣ Роҳаталиев ва Шаҳноза Маматова, устои компутер Музаффар Миразизов мураббӣ ва маслиҳатгари мо мебошанд.

Шоҳида ДАМИНОВА, 
ноҳияи Чусти
вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: