РӮЗНОМАНИГОР ВА АДИБИ СЕРКОР

Солҳои 30-юми асри гузашта бо даъвати ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳе аз водии Фарғона барои обёрии заминҳои навкорам ва обод гардонидани водии Вахши Тоҷикистон роҳӣ карда шудаанд.

Дар сафи онҳо падари Мансур Инъом – Инъомхон  Шарипов ҳам буд. Вай дар деҳаи Чирики ноҳияи Шаҳритуз бо пахтакорӣ машғул мешавад.
Мансур Инъом соли 1952 дар Шаҳритуз таваллуд ёфта то синфи 8-ум, дар мактаби таълими умумии деҳа таҳсил мегирад.
Соли 1967 аъзоёни оилааш ба зодгоҳи бобоӣ – ба ноҳияи Чуст кӯч мебандад ва ӯ ба синфи 9-уми мактаби таълими умумии рақами 1-уми шаҳри Чуст қабул мешавад. Пас аз хатми мактаб дар хидмати ҳарбӣ қарзи ҷавонмардиашро ба итмом мерасонад. Баъди хидмати ҳарбӣ ба факултаи ҷуғрофияи Донишкадаи педагогии Намангон қабул шуда, соли 1974 ба итмом мерасонад ва дар мактаби таълими умумии рақами 27-уми ноҳия фаъолияти омӯзгориашро сар мекунад.
Сонитар дар омӯзишгоҳи касбу ҳунари рақами 13, вазифаи котиби кумитаи комсомоли омӯзишгоҳро ба ӯҳда мегирад. Дар мактаби рақами 25-ум вазифаи ҷонишини директор оиди маънавият ва маърифат, ҷонишини раиси хоҷагии ҷамоавии «Москва», директори комбинати истеҳсоли касбу ҳунари ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Ҳисорак, хазинаи хайроти маҳаллаи ноҳияро ба ӯҳда мегирад. Вай дар куҷо ва дар кадом вазифа кор накунад, бо ташаббускорию чашмикордониаш ба эҳтироми умум сазовор мегардад.
Мансур Инъом аз синни мактабхониаш ба адабиёт шавқ пайдо мекунад. Бо хабару мақолаҳояш дар рӯзномаи ноҳия ва вилоят борҳо иштирок мекунад. Аз соли 1993 то 2000-ум вазифаи муҳарририи рӯзномаи ноҳияи Чуст «Чуст ҳақиқати»-ро ба дӯш гирифта, барои хонданибоб баромадани рӯзнома ҳисса мегузорад. Баробари вазифаи муҳарририро ба ӯҳда гирифтан, фаъолияти эҷодиашро идома дода, китоби нахустинашро ба чоп ҳозир мекунад.
Солҳое, ки вай вазифаи муҳарририи «Чуст ҳақиқати»-ро дар ӯҳда дошт, дар саҳифаҳои рӯзнома барои эҷодкорони ҷавон роҳи васеъ кушода шуд. Чакидаҳои навқаламон, аз ҷумла, Беҳзод Фазлиддин, Тоҳира Нуриддинова, Нозима Оппоқова, Шоира Сумматова, Гулбаҳор Аҳмедова паи ҳам дар саҳифаҳои рӯзнома чоп мешуд.
Мансур Инъом аз соли 2001 то ба нафақа ҳамчун мухбири вилояти Намангон дар баъзе рӯзномаҳо буд ва оиди навгонӣ ва бунёдкориҳои вилоят силсилаи хабару мақолаҳоро ба чоп ҳозир мекунад. 
Вай оиди ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоири ғазалсаро Чустӣ маҷмӯаҳоро низ ба чоп ҳозир мекунад. Инчунин, ҳамчун мунаққид соли 1999 дар сафи олимони шинохта бо роҳбарии доктори илми филологӣ, профессор Малик Муродов дар экспедитсияи Бобур иштирок мекунад ва аз рӯйи нишондодҳои омӯхтааш як қатор мақолаҳои илмиро чоп мекунад. Бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Заҳириддин Муҳаммад Бобур қиссаҳои «Бобурнинг кабутарлари» ва «Нажот чорбоғи»-ро ба чоп ҳозир карда, ба ҳукми китобхонон ҳавола мекунад.
Ғайр аз ин, Мансур Инъом якчанд эссе, қисса ва ҳикояҳоро оиди ҳаёт ва фаъолияти одамони касбу корашон гуногун ба чоп ҳозир мекунад.
Соли ҷорӣ Мансур Инъом дар озмун ба муносибати 9 Май – Рӯзи хотира ва қадр аз тарафи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон эълоншудаи «Посбониман муқаддас юртнинг» бо қиссаи «Ёди ӯчмас одамлар» иштирок карда, ба ҷойи сеюм ноил гардид ва бо дипломи дараҷаи сеюм сазовор гардид.
Соли гузашта дар арафаи 70-солагиаш ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон қабул гардид.
Ҳоло маҷмӯаи навашро дар арафаи ба чоп ҳозир кардан аст. Вай худ баробари бо эҷод шуғл варзидан ҳамчун директори нашриёти ба номи Чустӣ китобҳои эҷодкорони ҷавонро ба чоп ҳозир мекунад.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: