РӮЗНОМАНИГОРОН БО ШАРОИТИ ТАБИИИ МАСКАНҲОИ ЭКОТУРИСТӢ ШИНОС ШУДАНД

«Шиносоӣ ба шароити табиии масканҳои экотуристӣ, ки дар минтақаҳои вилояти Самарқанд ташкил гардидаанд» ном дошт пресс-туре, ки таҳти ташаббуси Садорати экология ва ҳифзи муҳити зисти вилоят ба як қатор манзилҳои экотуризми ноҳияи Ургут ташкил гардид.

Нахуст гурӯҳи журналистон ва блогерҳо аз маскани сайёҳии Тешиктоши ноҳия дидан карданд.
– Бунёди маскани сайёҳиро се сол пеш сар кардем ва бо мақсади таҷҳизонидани он аз бонк ба миқдори 150 миллион сӯм кредит гирифтем, – гуфт роҳбари маскан, тадбиркор Марат Бурҳонов. – Ҳоло дар 1 гектар майдони ин ҷо, ки пештар хеле хароб ва бо партов пур буд, маскани ободеро ташкил кардем ва ҳар рӯз садҳо меҳмонони хориҷӣ ва маҳаллӣ аз он боздид менамоянд. Гоҳо бо оилаи худ омада, дар манзилҳое, ки ташкил кардаем, шабона хоб мераванд. Дар ин ҷо 8 нафар бо кор таъмин гардидаанд, ки асосан ба меҳмонон хизмат мекунанд, ниҳол ва гулҳоро обёрӣ ва партови гирду атрофро тоза менамоянд. Ният дорем, ки дар оянда майдони масканро васеъ карда, майдончаҳои бозӣ созем. Инчунин, сохтмони меҳмонхонаи замонавиро, ки дорои 32 ҷой аст, аллакай сар кардем.
Рӯзноманигорон пас аз тамошои Тешиктош ҷониби деҳаи сайёҳии Терсак роҳ гирифтанд. Ин деҳаи ободу хушҳаво дар оғӯши кӯҳҳо, дар канори ағбаи Тахтиқорача, ки вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарёро мепайвандад, ҷойгир буда, чор фасли ин мавзеъ таровати хоса дорад.
– Дар 1029 хонадони деҳаи мо, беш аз 7200 нафар сокинон умр ба сар мебаранд, барои онҳо шароити замонавӣ фароҳам овардаанд, – гуфт сокини маҳалла Гулнора Темирова. – Мактаб, кӯдакистон, муассисаи тиббӣ, нақлиёт ва дигар хидматрасониҳои давлативу иҷтимоӣ комилан муҳайё аст. Мардум арзишу урфу одатҳои қадимиро хуб нигоҳ доштаанд ва бо назардошти ин ва дигар ҷиҳатҳо соли гузашта ба Терсак мақоми деҳаи сайёҳӣ дода, қариб 10 километр роҳи деҳаро мумфарш карданд, ба роҳҳои лойолуд санг рехта, ҳамвор намуданд.
Дар қад-қади роҳ чароғҳо, аломатҳои роҳ ва нишонаҳо гузошта шуд. Сокинон дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 20 меҳмонхонаи оилавӣ ташкил карданд.
Зикр гашт, ки дар Самарқанд аз 300 маскани сайёҳӣ 30-тоаш экотуристӣ мебошад. Илова бар ин, беш аз 100 маскани экологии мавсимии оилавӣ мавҷуданд.
– Ҳар як меҳмонхонаи оилавӣ бо самти фаъолияти худ фарқ мекунад, – гуфт сарвари меҳмонхонаи оилавии «Терсак шаршараси» Қуйсинбой Ҳасанов. – Мо асосан меҳмононро дар фасли тобистону оғози тирамоҳ қабул мекунем. Боиси зикр аст, ки ҳоло маҳаллаи мо имкон дорад, ки дар як вақт 200–250 меҳмонро қабул кунад. Меҳмонон бештар аз Фаронса, Италия, Дания, Канада ва Русия меоянд. Илова бар ин, сафи сайёҳони маҳаллӣ низ рӯз то рӯз меафзояд. Сайёҳон дар хонаводаҳои деҳот ба равандҳои тайёр кардани таомҳои миллӣ, чашидани шири гову буз, шиносоӣ бо урфу одат ва албатта сайру гашти кӯҳистон мароқ зоҳир мекунанд.
Дар идомаи пресс-тур кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ аз меҳмонхонаҳои оилавӣ, маскани экотуризми Мингарча боздид намуданд.

Ф.ЮЛДОШЕВ.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: