РӮЗНОМАРО МЕПИСАНДАМ

Ҳанӯз аз замоне, ки дар мактаби миёна таҳсил доштам, дар баробари мутолиаи китобҳои бадеӣ варақ задани рӯзномаҳои гуногун шуғли писандидаи ман буд. Фикр мекунам, ки шояд ҳамин дилбастагӣ ба китобу рӯзнома буд, ки имрӯз ба комёбиҳои бештаре ноил гардидаам.

Ҳанӯз аз замоне, ки дар мактаби миёна таҳсил доштам, дар баробари мутолиаи китобҳои бадеӣ варақ задани рӯзномаҳои гуногун шуғли писандидаи ман буд. Фикр мекунам, ки шояд ҳамин дилбастагӣ ба китобу рӯзнома буд, ки имрӯз ба комёбиҳои бештаре ноил гардидаам.
Дарҳақиқат, меҳри китобу рӯзнома касро ба сайри олами маърифат раҳнамун месозад. Ба таври дигар бигӯям, рӯзнома ҳидоятгари роҳи нек, амали нек ва гуфтори нек мебошад. Зеро дар баробари ба рӯзнома меҳр гузоштан дар нахуст кас аз навигариҳои кишвар ва берун аз он огоҳ мегардад. Баъдан намунаи эҷоди қаламкашони гуногунро мутолиа менамояд, ки ин хеле завқбахш мебошад. Дар навбати дигар дониши шахс афзун гардида, хотира низ пайваста қавӣ мегардад.
Дуруст аст, ки имрӯзҳо мову шумо ҷавонон дар қарни ХХI умр ба сар мебарем. Ин маънои онро дорад, ки техника ба дараҷаи хеле баланд пеш рафтааст. Хусусан, торафт оммабоб гардидани Интернет ва ривоҷи телефонҳои мобилӣ дар ҳалли баъзе муаммоҳо мушкилоти касро низ осон мегардонад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳоҷати рӯй овардан ба китобу рӯзнома намонда бошад. Баръакс, мутолиаи китобу рӯзнома дар кадом замоне ҳам бошад, хеле муфид аст. Чунки ба андешаи ман барои такмили зеҳни ҳар як ҷавон саҳми китобу рӯзнома хеле зиёд аст.
Дар омади гап гуфтаниам, ки ман аз овони мактабхониам ба рӯзнома меҳри беандоза доштам. Ҳоло низ рӯзномахонӣ шуғли дӯстдоштаи ман мебошад ва хеле ифтихор дорам, ки ба рӯзнома меҳр бастаам. Инак, чанд сол аст, ки бо рӯзномаҳои тоҷикӣ ҳамкориҳо намуда, ба онҳо обуна мешавам. Баъзе хабару мақолаҳоям дар рӯзномаҳои тоҷикии «Овози тоҷик», «Ховар» ва саҳифаи тоҷикии «Сариосиё» низ чоп мегарданд, ки аз он хеле мамнунам. Бисёр мехостам, ки мардуми бедордилу худшиноси мо рӯзномаҳои тоҷикии худро ҳамеша дастгирӣ намоянд. Аҳволи кунунии рӯзномаҳоямон ба ҳама маълум, бояд ки минбари сухани худро аз ҳалокат наҷот диҳем, то ки озодона ҳарф занем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи рӯзноманигоронро бо иди касбиашон самимона муборакбод менамоям ва дар кори мушкилписанд, вале пуршарафи рӯзноманигорӣ барояшон бурдборию сарсабзиҳо орзу дорам.

Сабзагул РАҶАБОВА, 
омӯзгори мактаби рақами 80-уми 
ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: