РӮЗНОМАҲО ШУҶОАТ БАХШИДА БУДАНД

Асрҳост, ки вазифаи асосии рӯзномаву маҷаллаҳо огоҳ кардани мардум аз навигариҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва аз наздик шинос кардани онҳо бо мавзӯи долзарбу рӯзмарра иборат аст.

... Агар ба сари ин ё он мамлакат хавфу хатар соя андозад, дар матбуоти он маводе чоп мешаванд, ки мардумро дилбардорӣ мекунанд, ба оянда умед мебахшанду ба муборизаву собитқадамӣ даъват менамоянд.
Соли 1965 бо журналистони ҳарбӣ, дар асоси нақшаи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба якчанд шаҳру ноҳияҳои иттифоқи шӯравӣ сафар кардам. Дар давоми сафар аз пайи ёфтани қабри бародари падарам – амакам Миртолип Мирсолиев шудам, аммо номи ӯ на дар қабристонҳои бародарӣ ва на дар конслагерҳое, ки ба осорхона табдил ёфта буданд, сабт шудааст. Номи ӯ ҳамчун «Аскари номаълум» монд.
Дар «Осорхонаи Ҷанги Ватанӣ»-и Киев бори аввал бо рӯзномаҳои ҳарбӣ, ки ба забони ӯзбекӣ нашр шуда буданд, дучор шудам. Дар байни онҳо рӯзномаи партизанҳо «Ватан шарафи учун» низ буд. Бо маводе, ки ба қаҳрамонии як ҳамдиёрамон бахшида шуда буд, аз наздик шинос шудам. Ин воқеа ҳаётамро ба мавзӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон як умр пайваст.
Кумитаи Марказӣ соли 1942 таклифи роҳбарияти Ӯзбекистонро доир ба нашр намудани рӯзнома дар дохили фронт дастгирӣ намуд. Он солҳо дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ғайр аз 4 рӯзнома ва 18 маҷаллаи ҳарбӣ, 800 рӯзномаи фронт, дивизия, флот, бригада ва партизанӣ, ки аз он 16-тоаш ӯзбекӣ буд, ҷамъ дар 3 миллион адад чоп мешуд.
Рӯзномаҳои ӯзбекӣ бо номи «Душманга қарши олға», «Бонг», ««Атакага», «Фронт ҳақиқати», «Ватан уруши», «Ғалаба сари олға», «Совет ҷангчиси», «Ғалаба учун», «Қизил аскар ҳақиқати», «Сталин байроғи» ва ғайра чоп мешуданд, ки то ҳол дар осорхонаҳои таърих ва архив нигоҳ дошта мешаванд.
Аскарон шеърҳои ба мавзӯи Ватан бахшидаи Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода, Туроб Тӯла ва достони «Ҷангчи Турсун»-и Ҳамид Олимҷонро азхуд карда буданд, ки дар ин рӯзномаҳо чоп мешуданд.
Мухбирони рӯзномаҳо иштирокдори ҷанг буда, чанде аз онҳо унвони ҳарбӣ низ доштанд. Масалан, хабарнигорони рӯзномаи «Совет ҷангчиси», ки  зери таҳрири Назир Сафаров интишор мешуд, С. Нуриддинов майор, Ф. Камолов капитан, А. Муҳаммадҷонов лейтенанти калон, Бадалов бошад, старшина буд. 
Ҳар яки ин рӯзномаҳо таърихи ба худ хос дорад, аз ҷумла, рӯзномаи ҷангии «Қизил аскар ҳақиқати» аввал дар хонадони сармуҳаррири он Адҳам Раҳмат, дар мавзеи «Шаҳраки коргарон»-и пойтахт чоп шуда,  баъдтар дастгоҳи чопиро бурда, дар Маскав, Калуга ва Минск рӯйи чопро дидааст. Шумораҳои ин газета то ҳол дар хонадони Адҳам Раҳмат нигоҳ дошта мешавад. Мухбирони он маводро бештар аз худи фронт тайёр мекарданд. Яке аз ходими он А. Шарофутдинов барои омода кардани мавод дар ҷанггоҳ ҳалок шудааст. 
Мақсади асосии рӯзномаҳои ҷангӣ асосан аз баланд бардоштани таҷрибаи ҳарбии аскарон, шинос кардани онҳо бо ҳаёти ҳамдиёрону қаҳрамонии ҳамсафон ва рӯҳбаланд кардани онҳо иборат буд. Дар охири соли 1942 дар саҳифаи аввалини рӯзномаҳо «Нома ба аскарони ӯзбек аз кишвари онҳо» бо имзои зиёда аз 2,5 млн. нафар ӯзбекистониён чоп шуд. Нома аз сатрҳое, ки аскаронро ба ғалаба даъват мекард, саршор буд. Аз ҷумла, дар он чунин ҷумлаҳо сабт шуда буд: «Агар шумоён имрӯз душманро мағлуб накунед, онҳо фардо бобою модаронамонро таҳқир мекунанд...».
Дар саҳифаи аввалини рӯзномаҳо ба тарзи анъанавӣ хабарҳои рӯзмарраи армия ва «Совинформбюро», фармонҳои сарқӯмондон чоп мешуд. Маълумотҳо оиди қаҳрамонии аскарон низ аз ҳамин саҳифа ҷой мегирифтанд. Азбаски барои аскарон ҳаёти ӯзбекистониён шавқовар буд, хабарҳои ӮзТАГ низ чоп мешуд. Масалан, дар шумораҳои моҳи ноябри соли 1942-юми рӯзномаи «Қизил аскар ҳақиқати» дар бораи кушода шудани Комбинати бофандагии Тошканд, заводи «Селмаш», Комбинати кимиёи Чирчиқ, ё дар шумораҳои соли 1945-уми он ба кор дароварда шудани сехи коғаз дар Самарқанд, Ҷиззах ва Қӯқанд, ё Консерваторияи Тошканд маводе чоп шудааст, ки аскаронро бо ҳаёти иҷтимоиву мадании кишвар шинос мекард.
Ҷанговарон дар давоми ҷанг гоҳ ба ғалаба рӯй оваранд, гоҳ қурбониҳои зиёд медоданд, аммо аз ин ҳолат рӯҳафтода намешуданд, баъзан байни худ латифагӯӣ низ мекарданд. Аз ҷумла, дар рӯзномаи «Ғалаба учун» чунин латифаи онҳо чоп шуда буд:
«Афандӣ дар яке аз кӯчаҳои Берлин бо тамоми овоз:
– Барои гитлерчиён бе музд, бе истироҳат кор мекунам,– гӯён фарёд мезад.
Генерали немис аз гуфтаи Афандӣ ҳайрон шуду пурсид:
– Хеле сахӣ будаӣ. Чӣ касб дорӣ?
– Гӯрков!,– ҷавоб медиҳад Афандӣ».
Аз ин бармеояд, ки дар Берлин шудани Афандӣ, ки худи аскарон барои ин кӯшиш мекарданд ва бо ақлу фаросат фашистҳоро маҳву нобуд кардани ӯ боиси ифтихори аскарон мегардид...
Ҷанги дуюми ҷаҳон дар майдони бесарҳаду бепоён гузашт, аз он на пиронсолу на модару кӯдаки он раҳму шафқат дид. Дар натиҷаи омӯзиши рӯзномаҳои фронт ба чунин хулоса омадаам, ки он гувоҳи таърихи гузаштагони наздикамон аст. Ба шарофати рӯзномаҳо чандин аскарони бо «хоин»-ӣ номбароварда «сафед» шуданд, чунки дар онҳо оиди қаҳрамонии он аскарон маводҳо чоп шуда буданд, ки ин мавзӯи алоҳида аст.
Аз ин ҷиҳат, рӯзномаҳои ҳарбӣ аз ӯҳдаи вазифа ва мақсадҳое, ки дар назди худ гузошта буд, бо шараф баромадаанд.

Миркарим МИРСОВУРОВ,
полковники бознишаста.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: