РӮЗНОМАҲОИ ФРОНТ БА ЗАБОН МЕОЯНД

Ҳамчун донишҷӯи собиқи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд воқиф гардидам, ки бисёр устодони донишгоҳи мазкур ҳам бо қалам ва ҳам бо яроқ зидди фашизм ҷангидаанд.

Ҳамчун донишҷӯи собиқи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд воқиф гардидам, ки бисёр устодони донишгоҳи мазкур ҳам бо қалам ва ҳам бо яроқ зидди фашизм ҷангидаанд.
Рӯзномаҳои фронтро чоп карда, баҳри ҳимояи Ватан ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Расул Муҳаммадиев, Тӯғон Эрназаров, Адҳам Раҳмат, Зинат Фатҳуллин, Назир Сафаров, Адҳам Ҳамдам, Рустам Абдураҳмонов, Иброҳим Раҳим аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Соли 1965 дар қатори журналистони ҳарбӣ дар сафари махсус иштирок доштам. Фурсат ёфта қабри амакам – Миртолиб Мирсолиев, ки дар ҳисоби «бедарак гумшудагон» буд, ҷустам, вале наёфтам.
Дар рафти ин сафар дар «Музейи ҷанги ватанӣ»-и Киев рӯзномаҳои фронтию  партизаниро, ки солҳои ҷанг ба забони ӯзбекӣ чоп шуда буданд, аз назар гузаронидам. Чашмам ба мақолаи «Зиёмат Ҳусанов зинда»-и муҳаррири масъули рӯзномаи «Ватан шарафи учун», майор Рустам Абдураҳмонов афтид. Зиёмат Ҳусанов муаллими фанни математикаи мактаби 1-уми деҳаи Сайрами вилояти Чимкент буд. Дар мақола оиди тирандози моҳири полки гвардияи 228-ум, сержант Зиёмат Ҳусанов, иштироки ӯ дар ҷанги «Ҳалқаи Курск» ва соли 1942 дар муҳорибаи Остонаи Маскав мардонагӣ нишон додани ӯ, ярадор шуда дар госпитали ҳарбӣ даво гирифтану боз ба майдони ҷанг баргаштанаш батафсил нақл шудааст. Инчунин ҳикояе оварда шудааст, ки ӯ 45 маротиба ҳуҷуми пиёдаи душманро баргардонда, моҳи августи соли 1943 охирин гранатаашро сӯйи душман ҳаво медиҳад. Ба сабаби ярадор будан гранатаро дур партофта натавониста, аз таркиши он худаш низ шаҳид мегардад. Бо назардошти шуҷоату мардонагии  ӯ барояш унвони «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ»-ро додаанд. Дар мақола зинда будани муаллим тасдиқ ёфта буд. Немисҳо ӯро дар ҳолати беҳушӣ бурда, ба сафи асирони конслагер месупоранд. Ин ҷо қисме аз асиронро барои нобуд кардани партизанҳо ба кор меандозанд. З.Ҳусановро низ ба он таркиб дохил мекунанд. Асирон дар роҳ «забон як карда» ба қаравулони немис дармеафтанд ва яроқу озуқаро гирифта, ба сафи партизанҳои югославу булғор ҳамроҳ шуда, бар зидди немисҳо меҷанганд. Зиёмат Ҳусанов дар яке аз муҳорибаҳо ярадор мешавад. Тири душман аз гӯшаш даромада ҷоғашро сӯрох карда мебарояд. Командираш Боян Михнев Чобанов бо самолёт ба госпитали шаҳри Торонтои Итолиё мефиристад...
Баъди пурра торумор шудани фашизм Зиёмат Ҳусанови қаҳрамон дар қатори дигарон ба Ватан бармегардад. Лекин ӯро на ба сифати қаҳрамон, балки чун «хоин» қабул мекунанд. Ҳукумат соли 1952 бо Фармони Олӣ унвони «Қаҳрамон»-и З. Ҳусановро бекор мекунад. Қаҳрамони рӯҳафтода ва наздиконаш ба ҷойҳои зарурӣ муроҷиат мекунанд. Азбаски ӯ ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи давлатии педагогии Тошканд ба номи Низомӣ ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шуда буд, ба Шӯрои Олии Ӯзбекистон ва Кумитаи иштирокчиёни ҳаракати партизании Ҷанги ватании Булғория мактуб мефиристад. Натиҷа бесамар мемонад.
Оқибат падарам – Мирсовур Мирсолиев бо директор ва муаллимони мактабе, ки ӯ кор мекард, бо далелҳои аниқ ба Котиби якуми ҲК Ӯзбекистон Шароф Рашидов муроҷиат мекунад. Баъди як соли пурсуковҳои дурудароз адолат қарор меёбад.
Роҳбарияти Булғория ӯро ба София даъват намуда, тантанавор нишони «Қаҳрамони миллии Булғория»-ро месупорад. Ба яке аз мактабҳои София номи қаҳрамонро медиҳанд. Нависандаи халқии Булғория Йордан Милов оиди ҷасорату мардонагии Зиёмат Ҳусанов асари «Повестҳои Шарқ»-ро менависад. Командире, ки ба госпитали Торонто бо самолёт фиристода буд, ба З.Ҳусанов медали «Иштирокчии ҳаракати партизании Булғория»-ро мефиристад. 
Ниҳоят, 23 феврали соли 1968 ба сари синаи Зиёматака нишони «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ»-ро тантанавор меовезанд.
Дар «Майдони хотира»-и маркази ноҳия ва деҳаамон нимтанаи ӯ қад афрохт. Бахшида ба фаъолияти пурсамараш дар Донишгоҳи давлатии педагогии Тошканд гӯшаи фахрӣ ташкил намуданд.
Ин буд қисмати устоди ҷанговарам. Имрӯзҳо дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр амин гардидаам, ки нусхаҳои рӯзномаҳои фронт, ки ранги заъфаронро гирифтаанд, бо мурури замон қудрати «калом»-ро гум накардаанд.

Миркарим МИРСОВУРОВ.
ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: