РӮЗҲОИ ГАГАРИН ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Дар арафаи Рӯзи байналхалқии кайҳоннавардон гурӯҳе аз намояндагони Ассотсиатсияи қаҳрамонони Русия бо сарварии раиси Кумитаи оиди мудофиаи Думаи давлатӣ, Қаҳрамони Русия Владимир Шаманов ба Тошканд ташриф оварданд.

Албатта дар байни ин меҳмонон ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, генерал-майори авиатсия, иштирокчии панҷ экспедитсияи кайҳонӣ Владимир Ҷонибеков, қаҳрамонҳои Русия полковник Солиҷон Шарипов ва подполковник Юрий Онуфриенко, ки ҳарду ду маротибагӣ ба таркиби парвози байналхалқии кайҳонӣ дохил гаштаанд, низ буданд.
Меҳмонони олиқадр барои иштирок ба чорабинии бахшида ба 85-солагии нахусткайҳоннаварди Замин Юрий Гагарин ба шаҳраки Гагарин воқеъ дар ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах омаданд. 
Сол аз сол шаҳраки Гагарин ободу зеботар мегардад. Меҳмонон бо баробари аз назар гузаронидани ҷойҳои диққатҷалбкунанда муҷассамаи Гагаринро низ зиёрат карда гулдастаҳо гузоштанд.
Ҳайати Русия аз расадхонаи Мирзо Улуғбек дар Самарқанд боздид намуданд.
Меҳмонон сафари худро дар Тошканд бо вохӯрӣ дар Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис идома доданд.

К.СУЛТОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: