Ҳама хабар доранд, ки имрӯзҳо дар пойтахти кишварамон – Тошканди азим Ҷашнвораи байналхалқии кино баргузор мегардад.
Ҳама хабар доранд, ки имрӯзҳо дар пойтахти кишварамон – Тошканди азим Ҷашнвораи байналхалқии кино баргузор мегардад. Тошканд аз кишварҳои гуногуни дунё коргардон, актёрон, киношиносон ва дигар мутухассисони соҳаро, баъди чанд соли танаффус, боз ба оғӯшаш гирифт.
Ёд дорем, чанд даҳсола пеш дар пойтахти мамлакатамон ҷашнвораҳои байналхалқии пуршукӯҳи кино бисёр хотирмон мегузашт.
Дар чунин рӯзҳои фаромӯшношуданӣ дар Театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар ин чорабинии пуршукӯҳ мутахассисони соҳа, актёрон, коргардонҳо, киношиносони кишвари бародар, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, алоқамандони санъати кино ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистонро сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ӯ қабл аз ҳама арзи сипос намуд, ки ҳукумати Ӯзбекистон дар баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон кӯмакҳои худро дареғ надошт. Чанде қабл Рӯзҳои фарҳанг ва кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хеле хотирмон гузашта буд. Ба туфайли иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев халқҳои мо ба якдигар беш аз пеш наздик мешаванд. Фикр мекунам, Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар робитаҳои фарҳангии ду кишвари бародар саҳифаи нав мекушояд.
Ҷонишини директори Агентии миллии “Ӯзбеккино” Шуҳрат Ризоев, дар баробари хайра мақдам гуфтани бародарони тоҷикистонӣ, изҳор дошт, ки халқҳои тоҷику ӯзбек дар санъату урфу одат, тарзи либоспӯшӣ муштаракоти зиёд доранд. Аз қадим ҳамкор, устоду шогирд будаанд. Коргардони номӣ, актёри машҳур Комил Ёрматов асосгузори ҳам кинои тоҷик, ҳам кинои ӯзбек мебошад. Бисёр актёрони тоҷик, мана ҳоло дар ин толор актрисаи машҳури тоҷик Сайрам Исоеваро дида истодаем, ки дар филмҳои ӯзбек нақш бозидаанд, ё баръакс, актёрони ӯзбек дар филмҳои тоҷик нақшҳои асосиро иҷро кардаанд. Ҳамкорӣ, якдигарфаҳмӣ ҳамеша ба пешрафту тараққиёт хидмат кардааст. Аз истиқболи гарм мо хеле хурсанд шудем. Фикр мекунам, ба шарофати марҳамати роҳбарони ду мамлакат робитаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии мо ба дараҷаи ҳаваскунанда ривоҷ ёфтанд.
Директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Муҳаммадсаид Шоҳиён дар баромадаш, дар баробари муаррифии актиёрон ва коргардонҳои номии Тоҷикистон, сухан аз кори киносозони тоҷик, хотираҳояш аз иштирок дар Ҷашнвораи байналхалқии кино дар солҳои пеш, дӯстиву бародарии халқҳои ӯзбеку тоҷик ба миён овард. Гуфт, ки мо дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон бо чанд филм, аз ҷумла филми “Муаллим” иштирок менамоем.
Филми “Муаллим” (муаллифи сенария Сафар Ҳақдод) намоиш дода шуд. Филм аҳамияти калони тарбиявӣ дорад. Тавре ки мегӯянд, дар қатра офтоб ғунҷидааст, ҳарчанд ҳодисаҳои филм дар як деҳаи хурди кӯҳӣ рӯй медиҳанд, аммо чунин ба назар мерасад, ки дар он мушкилот ва шодиву нишоти халқҳои дунё инъикос ёфтааст. Яке аз нақшҳои асосӣ – муаллими куҳансол Назарро Марат Орифов хеле табиӣ ва таъсирбахш бозидааст. Писари ӯ Самандар низ омӯзгор аст.
– Ин гирдиҳамоӣ, бешак, идомаи дӯстӣ ва бародарии бузургони хирад Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мебошад. Тошканд моро бо тантана ва руҳи болида пешвоз гирифт. Умед дорем, ки филмҳои тақдимкардаи мо манзури тамошобинон мегардад, – гуфт ҳангоми суҳбат ҳунарпешаи театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Мастура Ортиқзода.
Ба маросими кушоиши Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ҳунарнамоии ҳунарпешагони Ӯзбекистону Тоҷикистон шукӯҳи тоза бахшид. Рӯзҳои кинои тоҷик дар дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон идома хоҳад ёфт.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.