Хабар дода будем, ки ин моҳ дар пойтахти кишвар – Тошканд Ҷашнвораи XIV байналмилалии синамои «Гавҳари Роҳи абрешим» баргузор мегардад.
Ба ин муносибат Агентии кинематографияи Ӯзбекистон аз кишварҳои гуногуни дунё киношиносон ва дигар мутахассисони соҳаро пешвоз мегирад.
Дар Театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар ин чорабинии пуршукӯҳ мутахассисони соҳа, актёрон, коргардонҳо, киношиносони кишвари бародар, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, алоқамандони санъати кино, фаъолони Иттифоқи ҷавонон, донишҷӯёни Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ ва сокинони пойтахт ширкат варзиданд.
Ба чорабинӣ ҷонишини директори Агентии миллии «Ӯзбеккино» Шуҳрат Ризоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, бо баробари хайра мақдам гуфтан ба бародарони тоҷикистонӣ, аз филми «Муаллим», ки соли гузашта дар Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон намоиш гардида буд, ёдовар шуд. Халқҳои тоҷику ӯзбек дар санъату урфу одат, тарзи либоспӯшӣ муштаракоти зиёд доранд. Аз қадим ҳамкор, устоду шогирд будаанд. Коргардони номӣ, актёри машҳур Комил Ёрматов асосгузори ҳам кинои тоҷик, ҳам кинои ӯзбек мебошад. Бисёр актёрони тоҷик, дар филмҳои ӯзбек нақш бозидаанд, ё баръакс, актёрони ӯзбек дар филмҳои тоҷик нақшҳои асосиро иҷро кардаанд. Ҳамкорӣ, якдигарфаҳмӣ ҳамеша ба пешрафту тараққиёт хидмат кардааст. Фикр мекунам, ба шарофати марҳамати роҳбарони ду мамлакат робитаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии мо ба дараҷаи ҳаваскунанда рушд менамояд.
Директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Муҳаммадсаид Шоҳиён таъкид намуд, ки ба туфайли иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев халқҳои мо бо якдигар беш аз пеш наздик мешаванд. Фикр мекунам, рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар робитаҳои фарҳангии ду кишвари бародар саҳифаи нав мекушояд. Ӯ дар баромадаш, дар баробари муаррифии актёрон ва коргардонҳои номии Тоҷикистон, сухан аз кори киносозони тоҷик, хотираҳояш аз иштирок дар Ҷашнвораи байналхалқии кино дар солҳои пеш, дӯстиву бародарии халқҳои ӯзбеку тоҷик ба миён овард. Гуфт, ки мо дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон бо чанд филм, аз ҷумла филми «Роҳ» иштирок менамоем.
Филми «Роҳ», ки муаллифи сенарияи он Сафар Ҳақдод, коргардон Носир Саид мебошад, намоиш дода шуд. Филм аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.
Маросими кушоиши Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба қалби ҳунарпешагони Ӯзбекистон шукӯҳи тоза бахшид. Рӯзҳои кинои тоҷик дар дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон идома хоҳад ёфт.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».