Намояндагони мусиқию санъат, шоиру адибони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба Бухорои Шариф омаданд.
27 апрел дар Маркази ҷавонони шаҳри Бухоро мувофиқи нақшаи Рӯзҳои фарҳанг таҳти унвони «Санъатамон абадӣ, дӯстиамон ҷовидон» барномаи консертӣ ба амал омад.
Дар он раиси Кумитаи масъалаҳои рушди иҷтимоию маданӣ ва иттиҳодияҳои ҷамоатии Жӯқорғи Кенгеси Қароқалпоқистон Даӯитбай Қурбанниязов, ҷонишини вазири Вазорати сайёҳӣ ва мероси мадании Ӯзбекистон Ботирҷон Шаҳриёров, инчунин сардори Садорати фарҳанги вилояти Бухоро Шавкат Раҳмонов ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти ин тадбир ҳарф заданд.Онҳо таъкид карданд, ки Рӯзҳои маданият бобати ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар шудани мардуми ду диёр ва ташкили истироҳати шавқовари аҳолӣ имконияти хуб фароҳам меоварад. Сипас, меҳмонону мизбонон ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Ниҳоят навбат ба ҳунарнамоии санъаткорон расид. Барномаҳои марғуби мусиқию адабӣ, рақсу сурудҳои пурҷозиба, баромадҳои бахшӣ, ҷирав, достонсароён, ки дар он урфу одат, расму оин, арзишу анъанаҳои ба худ хоси мардуми қароқалпоқ таҷассум ёфтааст, ба ҳозирон писанд омад. Хусусан сурудҳои сарояндагони мумтоз, Артисти халқии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон Гулхатиша Айимбетова, Бахшии мардумии Қароқалпоқистон Гулнора Алламбергенова, Артистони шоистаи Қароқалпоқистон Сададдин Сапаев, Муҳаббат Нурҷоноваю дигарон, инчунин рақсҳои Ансамбли давлатии фолклори миллии Қароқалпоқистон тамошобинонро ба худ ҷалб кард.
Ҳокими шаҳри Бухоро Ҷамол Носиров ҳангоми суханронӣ меҳмонон ва созмондиҳандагони тадбирро хайра мақдам гуфта, барои сафари ҳунариашон сипосгузорӣ намуд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки ин анъана идома меёбад ва дар авулҳои дурдасти атрофи Арал Рӯзҳои маданияти бухороиён низ сурат хоҳад гирифт.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.