11-15 ноябр дар Тоҷикистон рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон барпо мегардад.
Ҳайати Ӯзбекистонро дар фурудгоҳи байналхалқии Душанбе намояндагони ҷамъият, маданият ва санъати Тоҷикистон тантанавор пешвоз гирифтанд.
12 ноябр вазири маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев бо вазири маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода вохӯрд. Дар он нақшаҳои ривоҷ додани маданият ва санъат муҳокима гардиданд.
Мавзӯи асосии ҳамкории дуҷониба бино бар эҳтиёҷоти ду давлат, аз рӯи самти маданият боло бурдани сифати таълим, дар соҳаи балет ва опера ҷалб намудани мутахассисони ботаҷриба, роҳандозии сафарҳои эҷодии театрӣ, тарғиб намудани мақом иборат буда, барилова дар заминаи масъалаҳои муҳим аҳду паймон ба амал омад.
Дар доираи рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Журналистон эътироф намуданд, ки мухлисони тоҷикистонӣ эҷоди санъаткорони Ӯзбекистонро самимона қадр менамоянд. Тавре ки таъкид мегардад, халқи Тоҷикистон шабакаи телевизионии «Наво»-и Ширкати телерадиои миллии Ӯзбекистонро тамошо мекунанд. Дар нишасти матбуотӣ хабарнигори хидмати ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» пешниҳоде кард, ки бино бар он китоб дар бобати дӯстии ду халқ нашр гардад. Ин ташаббусро вазири маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.Сайфуллоев дастгирӣ намуд.
Дар нишасти матбуотӣ алоҳида таъкид гардид, ки ба туфайли кӯшишоти президентҳо дар тамоми самтҳо ҳамкориҳо роҳандозӣ мегарданд, ки ин ҳама муносибати дӯстонаи халқҳоямонро барои торафт мустаҳкам намудан хидмат менамояд. Хусусан аз соли 2017 инҷониб баргузор гардидани рӯзҳои маданият ҳар сол дар ду давлат шоистаи таҳсин мебошад.
Дар доираи рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳамоишҳои рангоранг, барномаҳои мусиқӣ, намоишгоҳҳо, мулоқотҳои эҷодӣ, сабақҳои маҳорат, вохӯрӣ ва анҷуманҳо барпо мегарданд.
Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.