РӮЗҲОИ САМАРҚАНД ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Чи хеле ки хабар шуда буд, санаҳои 7 ва 8 сентябри соли ҷорӣ дар маркази вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд Рӯзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.

Аз ҷумла, дар доираи чорабиниҳои дурӯза дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоятҳои Самарқанду Суғд гузаронида шуда, дар интиҳои он байни 60 коргоҳи истеҳсолии ин ду вилоят 64 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 
Ба иттилои манбаъ аз Хуҷанд, дар доираи баргузории намоишгоҳ ҷониби зиёда аз 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Самарқанд ва 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти гуногунро, аз қабили маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ ва техникаи хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нассоҷӣ, мебел, қолинбофӣ, чинниворӣ, дорусозӣ, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нонӣ, меваи хушк, консерв, нӯшокиҳои ташнагишикан, асал ва амсоли инро ба маърази тамошо гузоштанд. Аз ҷумла, намоиши маҳсулоти ширкатҳои бонуфузи вилояти Самарқанд, чун «Азизон маҳсулот сервис», «Зуҳриддин бизнес», «Барака», «Бахт», «Бофанда», «Фируз кардон сервис», «Гермес-лтс», «Мароқанд кабел инвест», «Миронқул строй сервис» таваҷҷуҳи бештари иштирокдорони намоишгоҳро ба худ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, дар доираи баргузории Рӯзҳои вилояти Самарқанд дар «Кохи Суғдиён»-и Хуҷандшаҳр Форуми соҳибкорони ҳар ду вилоят ва дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Дар аснои суҳбат роҳбарони ду вилоят аз талошҳои пайвастаи сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозӣ ва густариши муносибатҳо ва ба имзорасии Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёдовар шуда, доир ба тақвияти робитаҳо дар асоси Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳокимияти вилояти Самарқанд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.
Барномаи  ҷолибу рангини фарҳангии санъаткорони вилояти Самарқанд, ки аз ҷониби сокинон ва аҳли зиёи вилояти Суғд бо як самимияту эҳтироми хос ва таассуроти баланд пазируфта шуд, дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» баргузор гардида, интиҳои Рӯзҳои вилояти Самарқанд дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА.
ХУҶАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: