РӮЗҲОИ САРДИ ЗИМИСТОН МЕРАСАД, АММО...

Бо фаро расидани рӯзҳои сармо мушкилоти баъзе касоне, ки дар хонаҳои бисёрқабата умргузаронӣ мекунанд, зиёд мешавад.

Бо фаро расидани рӯзҳои сармо мушкилоти баъзе касоне, ки дар хонаҳои бисёрқабата умргузаронӣ мекунанд, зиёд мешавад.
Дар мамлакатамон вазифаҳое, ки бар дӯши маҳалла гузошта шудааст, таҳти назорати доимӣ гирифта шуда, масъалаҳое, ки ба тарзи ҳаёти аҳолии он мушкилӣ эҷод мекунад, то ҳадди имкон ҳаллу фасл мегарданд. Аммо барои соҳибони хонадони биноҳои бисёрқабатае, ки солҳои охир сохта, ба истифода супурда шудааст, на ҳамеша ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд бо аҳолии соҳибкору меҳнатдӯст, бозори деҳқониву хонаҳои бисёрқабатааш, ки солҳои охир дар асоси лоиҳаи намунавӣ сохта шудааст, ҷойи алоҳидаро ишғол мекунад. 
Аммо дар байни чунин иморатҳои навсохт хонаҳое низ ба чашм мерасанд, ки ба истифода супурда шуда бошанд ҳам, аз намуди берунии он маълум мегардад, ки корҳо ба охир нарасидааст. 
Яке аз чунин бинои истиқоматии чорқабата бо талаби ҶММ «Қишлоққурилишинвест»-и вилояти Тошканд аз тарафи корхонаи хусусии «Jamshid Sulton Max» дар ҳудуди маҳаллаи Истиқбол сохта шудааст. Тавре ки дар шиносномаи бино қайд гардидааст, он бояд аз 28 октябри соли 2019 то 28 июли соли 2020 сохта ба истифода супурда мешуд.
Ҳоло аз байн зиёда аз як сол гузашта бошад ҳам, сохтмони бино ба охир нарасидааст. Аммо он чиз шубҳаовар мебошад, ки нархи корҳои сохтмон ва тармими он аз рӯйхати шиносномаи объект хат зада шудааст.
Бино бар гуфтаи бошандаи хонаи рақами 20-ум Сайёра Иноятова биноро агарчи ҳокимияти ноҳия қабул нанамудааст, ӯ бо оилааш аз ноилоҷӣ ба ин ҷо, ки ба талаб тамоман ҷавоб дода наметавонад, кӯч бастааст.
Дар бозигоҳи бачаҳо дуто алвончаки оҳанӣ ҳасту халос. 
– Фарзандҳоямон аз бозигоҳ бо тану бари чангу хок бармегарданд. Барои оббозӣ доштани онҳо об норасо. Об аз чоҳи артезианӣ бо насос кашида, ба хонаҳо тақсим карда мешавад. Гирду атроф ва болои чоҳи дар байни бозигоҳ кандашуда пӯшонда нашудааст, ки ин барои бачаҳо хатарнок аст, – мегӯяд С. Иноятова.
– Ба расидани зимистон рӯзҳои камшумор монд, аммо дар хонадони мо низоми гармидиҳӣ кор намекунад. Касоне, ки имконият доранд, қубури об ва симҳои электриро азнав карданд. Аммо барои ин имконият набошад, чӣ бояд кард? – бо савол ба мо рӯ ба рӯ шуд Латофат Дӯстова ном бошандаи дигари ин хона. – Дар ин бора ба ҳамаи мутасаддиён муроҷиат кардем, аммо аз ягонтои онҳо ҷавоби дуруст нагирифтем. Барои нигоҳ доштани сабзавот ё ки велосипеду чанаи бачаҳо хостем аз таҳхона истифода барем. Ба ин низ иҷозат надоданд.
Баъди шунидани мушкилоти аҳолӣ бо гирду атрофи хонадон шинос шудем. Дар он ҷо на ниҳоли манзаравӣ ва на ниҳоли дарахти мевадор ба чашм мерасид. Ҳама ҷо чангу хок. Байни тунукаҳои бом кушод истодааст. Таҳхона бошад, пур аз партов.
Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ду маротиба роҳи ҳокимияти ноҳияро пеш гирифтем. Аммо, чун одати пештара ҳоким дар ҷойи кории худ набуд ва ё «бо кори зарур банд» буд.
Бо саволи обе, ки истиқоматкунандагони ин мавзеъ истеъмол мекунанд, ба талаб ҷавоб медиҳад ё на, ба сардори шуъбаи сиҳатии омма ва осудагии санитариву эпидемиологии ноҳияи Паркент А. Қурбонов муроҷиат намудем. Бино бар маълумоти ӯ доир ба истифода қабул кардани оби чоҳи артезиании мазкур аз тарафи корхонаи сохтмон муроҷиат нашудааст ва аз ин сабаб таркиби он омӯхта нашудааст.
Фикр мекунем, ки ҳокимияти ноҳияи Паркент ва мутасаддиёни соҳа ба сиёсати роҳбари давлат, ки манфиати инсонро аз ҳама воло гузоштааст, аз эътибор дур намонда, мушкилоти номбаршударо то фаро расидани рӯзҳои сарди зимистон ҳаллу фасл менамоянд.  

Даврон АҲМАД.
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: